Главная / Чамъият / БЕХАТАРИИ МАХСУЛОТИ ХУРОКВОРИ

БЕХАТАРИИ МАХСУЛОТИ ХУРОКВОРИ

Конуни Чумхурии Точикистон

ДАР БОРАИ БЕХАТАРИИ МАХСУЛОТИ ХУРОКВОРИ

Конуни мазкур муносибатхои чамъиятиро дар сохаи таъмини бехатарии махсулоти хуроквори дар Чумхурии Точикистон бо максади хифзи хаёту саломатии инсон, манфиатхои истеъмолкунандагон, олами набототу хайвонот ва мухити зист танзим менамояд.  

БОБИ 1. МУКАРРАРОТИ УМУМИ

Моддаи 1. Доираи амали Конуни мазкур

  1. Конуни мазкур нисбат ба фаъолият доир ба таъмини бехатарии махсулоти хуроквори хангоми истехсол, коркард, хамлу накл, нигохдори, фуруши махсулоти хуроквори ва чузъхои он, хамчунин махсулоти хурокхои пархези, кудакона ва иловахои фаъоли биологи татбик мегардад. Мукаррароти Конуни мазкур инчунин ба мавод, маснуот, маводи банду баст ва ёрирасони ба махсулоти хуроквори алокаманд низ пахн мегардад.
  2. Мукаррароти Конуни мазкур нисбат ба хайвоноти зинда, агар онхо бо максади тайёр намудани махсулоти хуроквори барои фуруш ба ахоли пешбини нашуда бошанд, нисбат ба растанихо то чамъоварии хосили онхо ва мева, махсулоти косметики тамоку ва махсулоти он татбик намегардад.

Моддаи 2. Мафхумхои асоси

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:

махсулотихуроквори – махсулоте, ки онро дар шакли табии ё коркардшуда (консервшуда) инсон дар хурок истеъмол менамояд, аз чумла махсулоти хуроки кудакона, пархези, оби нушокии дар зарф чой кардашуда, махсулоти спиртдор, оби чав, нушокихои гайриспирти, сакич, инчунин ашёи хоми хуроквори, иловахои хуроквори ва иловахои фаъоли биологи;

махсулотихурокикудакона – махсулоти хурокворие, ки барои гизои кудакони то 14-сола пешбини шуда, ба талаботи физиологии организми кудакон чавобгу мебошанд;

махсулотихурокипархези – махсулоти хурокворие, ки барои хурокхои муоличави ва пешгири аз беморихо пешбини шудаанд;

махсулотихуроквориифунксионали – махсулоти хуроквории истехсоли табии ё сунъие, ки дорои таъми хуш ва сифатхои сихатибахшанда барои инсон буда, барои истифодаи хамаруза ва мунтазам пешбини шудаанд. Гизои функсионали дар баъзе мавридхо усули имконпазири муоличаи тибби буда, хамчун махсулоти барои шахсони дорои вазъи саломатии ба худ хос мукаррар карда мешавад;

махсулотихомихуроквори – ашёи хоми аз растани, хайвонот ё маводи микробиологи, минералию сунъи тайёршаванда ва об, ки барои омода намудани махсулоти хуроквори истифода бурда мешаванд;

иловахоихуроквори – моддахои табии ё сунъи ва пайвастахои онхо, ки бо максади тагйир додан ва нигох доштани хусусиятхои муайяни махсулоти хуроквори ва (ё) нигох доштани сифати онхо махсус ворид карда мешаванд;

иловахоифаъолибиологи – моддахои аз чихати биологи фаъоли  табии, ки барои истеъмоли якчоя бо хурок ё ба таркиби махсулоти хуроквори омехта намудан пешбини шудаанд;

маводвамаснуотибомахсулотихуроквори (минбаъд – маводвамаснуот) алокаманд – мавод ва маснуоте, ки барои тайёр кардани банду баст, нигохдори, хамлу накл, фуруш ва истеъмоли махсулоти хуроквори истифода мешаванд, аз чумла тачхизоти технологи, асбобу дастгоххо, борчома, зарфхо, асбобу анчоми ошхона;

бехатариимахсулотихуроквори – мавчудияти  боварии асоснок ба махсулоти хуроквори, ки истеъмоли он дар шароити мукаррари барои саломати зарарнок нест ва ба саломатии наслхои хозираву оянда хатар надорад;

арзишигизоиимахсулотихуроквори – мачмуи хосиятхои махсулоти хурокворие, ки мавчудияти онхо талаботи физиологии инсонро ба моддахо ва энергияи зарури конеъ мегардонад;

шаходатномаибехатариимахсулотихуроквори – хуччате, ки дар он мутобикат ба талабот оид ба бехатарии махсулот тасдик карда мешавад;- сертификатсия – фаъолият оид ба тасдики мутобикати махсулоти хуроквори ба талаботи мукаррарнамудаи хуччатхои меъёри;

сертификатимутобикат – хуччати дар асоси коидахои системаи сертификатсия додашуда, ки мутобикати махсулоти сертификатсияшударо ба талаботи мукаррарнамудаи хуччатхои меъёри тасдик менамояд;

хуччатхоитехники – хуччатхое (талаботи техники, дастурхои технологи, дастурамалхо ва гайра), ки мутобики онхо омодасози, нигохдори, хамлу накл ва фуруши махсулоти хуроквори, мавод ва маснуот амали гардонида мешаванд;

хуччатхоимеъёри – хуччатхои бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон кабулшуда, аз чумла хуччатхое, ки мутобики санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Точикистон талаботи хатмиро дар сохаи бехатарии махсулоти хуроквори мукаррар менамоянд;

махсулотихуроквориикалбаки – махсулоти хурокворие, ки касдан ба махсулоти истехсолкунандаи вокеи монанд тайёр карда шудааст;

хаммонандкуниимахсулотихуроквори -фаъолият оид ба мукаррар намудани мутобикати махсулоти хуроквории муайян бо маълумот дар бораи чунин махсулот, ки дар хуччатхои ба онхо замимагашта ва тамгакогазхо нишон дода шудаанд;

коркардипартовхоимахсулотихуроквори – коркарди махсулоти хуроквории хатарнок барои аз он хосил кардани махсулоти барои хуроквори пешбининашуда;

мухлатиистеъмол – мархилаи вакте, ки аз рузи истехсоли махсулоти хуроквори то рузи кобили истеъмол будани онхо хисоб карда мешавад;

мониторинг – мушохидаи доимии бехатарии махсулоти хуроквори бо максади ошкор намудани мувофикатии он ба натичаи дилхох;

пеститсидхо – захрхимикатхо бар зидди хашарот ва зараррасонхо;

нишондихандахоиорганолептики – нишондихандахои махсулоти хуроквори, ки ба воситаи узвхои ломиса (таъм, буй, намуди зохири, ранг) муайян ва арзёби мешаванд;

махсулотинавихуроквори – махсулоти хуроквори ё чузъи он, ки ба андозаи зарури аз тарафи инсон ба сифати хурок истифода нашудаанд, ба истиснои махсулоти хуроквории аз чихати генетики тагйирёфта;

истехсолотиаввалия – чараёне, ки аз кишт, бордоршави, парвариш, сабзиш, чамъоварии хосил, шикор ва хамлу накли махсулоти хом, хайвонот ва мохи барои коркарди минбаъда ё борбанди ва таксимот иборат аст;

коркардиаввалия – чараёни коркарди махсулоти хом, ки дар он корхои зерин, ба монанди обкунии яхи махсулоти яхкарда (агар он махсулоти хоми яхкарда бошад), тоза намудани махсулот аз ифлосихо ва кисми истеъмолнашаванда (шуста тоза кардан), аз махсулот чудо карда партофтани кисми арзиши пасти хурокидошта (бехтан, тозакуни ва соида тоза намудан, пар кандан, парт кардан (сузонидан), аз рудахо холи кардан, тар карда мондан ва г.), ба махсулот додани андоза, шакл ва холати мутобик ба намуди маснуоти хурокворие, ки махсулот барои тайёр намудани он пешбини шудааст, истифодаи омилхои таъминкунандаи суръатбахшии коркарди минбаъдаи хароратии махсулот ичро мегарданд;

мушохидакуни – кобилияти мушохида намудани харакат, таксимоти махсулоти хуроквори, хуроки чорво ё моддахое, ки метавонанд ё эхтимолияти ворид шудани онхо ба махсулоти хуроквори ё хуроки чорво дар тамоми мархилахои истехсолот, коркард ва таксимот чой дорад;

тахлилихатархованазоратдарнуктахоитахдидомез – низоми хаммонандкуни, арзёби, тахлил ва назорати хатархое, ки барои бехатарии махсулоти хуроквори мухим мебошанд.

Моддаи 3. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи бехатарии махсулоти хуроквори

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи бехатарии махсулоти хуроквори ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 4. Санадхои хукукии байналмилали

  1. Ухдадорихои байналмилали дар сохаи бехатарии махсулоти хуроквори мутобики тавсияхои ташкилотхои дахлдори байналмилали, Созишномаи Созмони Умумичахонии Савдо оид ба истифодаи чорахои санитари ва фитосанитари ва дигар созишномахои дахлдори байналмилали амали гардонида мешаванд.
  2. Агар санади хукукии байналмилалии эътирофнамудаи  Точикистон назар ба Конуни мазкур меъёрхои дигареро пешбини намуда бошад, пас меъёрхои санади хукукии байналмилали татбик карда мешаванд.

Моддаи 5. Принсипхои асосии танзими бехатарии махсулоти хуроквори

Принсипхои асосии танзими бехатарии махсулоти хуроквори аз инхо иборат мебошанд:

– масъулияти бевосита – масъулияти истехсолкунандагон ва тахвилгарони махсулоти хуроквори барои бехатарии махсулоти хуроквории истехсол, тахвил ва фурухташаванда. Ичрои ин ухдадорихоро макомоти ваколатдор таъмин мекунанд;

– арзёбии хатархо – ошкор намудани хатархо ва дарачаи хатарнокии онхо ба воситаи чорахое, ки мутобики Конуни мазкур барои ноилшави ба дарачаи баланди хифзи саломати ва хаёти инсон истифода мешаванд. Арзёбии хатархо дар асоси маълумоти мавчудаи илми ва хулосаи ташхисгарон анчом дода мешавад, ба истиснои холатхое, ки маълумоти мавчудаи илмии дахлдор нокифоя бошад. Арзёбии хатархо холисона ва шаффоф гузаронида мешавад. Идоракунии хатархо ба натичаи арзёбии хатар, принсипи пешгирии хатар ва дигар омилхое, асос меёбад, ки барои ходисаи баррасишаванда мухиманд. Чорахои истифодашаванда мутобики дарачаи хатар амали шуда, наметавонанд барои савдо то он андоза махдудкунанда бошанд, ки барои ноил шудан ба максадхои Конуни мазкур заруранд. Мувофики максад будани чорахои техникию иктисоди ва дигар омилхое, ки ба ходисаи баррасишаванда вобастаги доранд, ба назар гирифта мешаванд. Чорахои истифодашаванда вобаста ба хусусияти хатари барои хаёт ва саломатии инсон ошкоршуда, намудхои иттилооти илми, ки барои арзёбии хамачонибаи хатархо зарур мебошанд, дар давоми мархилаи макбули вакт аз нав барраси мешаванд;

– огохонидани пешаки – истифодаи чорахои муваккати бо максади идоракунии хатар барои ноил шудан ба сатхи баланди хифзи саломатии инсон дар Чумхурии Точикистон то гирифтани иттилооти нави илмии ба кабули арзёбии холисонаи хатар зарур, дар холатхое, ки агар дар асоси арзёбии маълумоти мавчуда имконияти муайян кардани таъсири зарарноки омили муайян ба саломатии инсон ошкор гарданд ва маълумоти боварибахши илмию иттилооти баъди арзёбии холисонаи хатар мавчуд набошанд;

– назорати пурра – анчом додани назорати махсулоти хуроквори мувофики тамоми силсилаи истехсолоти махсулоти хуроквори (истехсол, коркард, хамлу накл, нигохдори ва фуруш);

– мушохидакуни – аз чониби истехсолкунандагон ва тахвилгарони  махсулоти хуроквори таъмин намудани мушохиданокии махсулоти хуроквори, ашёи хом, мавод ва моддахои барои истехсоли махсулоти хуроквори истифодашаванда дар тамоми мархилахои истехсолу таксимот. Аз чониби истехсолкунандагон ва тахвилгарони махсулоти хуроквори таъсис додани низоме, ки барои хаммонандкунии махсулоти хуроквории эхтимолан ё вокеан хатарнок ва аз муомилот баровардани онхо имконият дихад;

– хифзи манфиатхои истеъмолкунандагон – хифзи манфиатхои истеъмолкунандагон ба дарачаи баланди имконпазир. Субъектхо дар чараёни истехсол, коркард, хамлу накл, нигохдори ва фуруши махсулоти хуроквори ба истеъмолкунанда дар бораи таркиб, хусусият ва таъиноти махсулот, ки ба истеъмолкунанда имконияти интихоб ва хариди махсулоти хуроквориро медихад, пешниход менамоянд;

– шаффофият – пешниход намудани имконияти барраси ва пешниходи шарху эродхо хангоми коркард ё тачдиди назари чорахо дар сохаи бахатарии махсулоти хуроквори ба тарафхои манфиатдор. Шарху эродхои пешниходшуда мухокима гардида, хулосахои онхо дар рафти коркард, тачдиди назар ё кабули чорахо ба эътибор гирифта мешаванд;

– речаи милли – баробар будани тамоми талабот ва чорахои татбикшаванда нисбат ба таъмини бехатарии махсулоти хуроквори барои махсулоти хуроквории воридшаванда ва махсулоти хуроквории ватани;

– савдои озод -Конуни мазкур мутобики принсипхои савдои озод, татбик гардида, сатхи баланди хифзи хаёт ва саломатии инсонро таъмин менамояд.

Моддаи 6. Тахия ва кабули чорахо дар сохаи бехатарии махсулоти хуроквори

  1. Чорахо дар сохаи бехатарии махсулоти хуроквори ба таври зерин тахия ва кабул мешаванд:

– дар доираи барои хифзи хаёт ва саломатии инсон зарури;

– бо назардошти принсипхои илми ва маълумоти мавчудаи илми, стандартхо, дастурхо ва тавсияхои байналмилали;

– барои рох надодан ба табъизи беасос ва нохак дар байни давлатхои шароиташон якхела ва ба хам монанд, аз чумла табъиз дар байни каламрави худи ва каламрави давлатхои дигар;

– дар асоси арзёбии тахдид ба хаёт ва саломатии инсон, ки мутобики методологияи сохавии ташкилотхои байналмилали амали мегардад;

– ба тарзе, ки онхо махдудияти нихонии савдои берунаро инъикос нанамоянд.

  1. Арзёбии тахдид ба хаёт ва саломатии инсон дар раванди тахия ва кабули чорахо дар сохаи бехатарии махсулоти хуроквори ба маълумоти илми бо назардошти равандхо ва усулхои истехсоли, усулхои санчиш, интихоби намуна, озмоиш ва шароити мутобики мухити зист асоснок карда мешавад.
  2. Хангоми нокифоягии далелхои илми чихати арзёбии холисонаи тахдид дар мавриди холатхои фавкулодда макомоти дахлдори  ваколатдори давлати хукук дорад, ки дар асоси маълумоти мавчуда, аз чумла маълумоти ташкилотхои сохавии байналмилали ва иттилоот оид ба чорахо дар сохаи бехатарии махсулоти хуроквори дар дигар давлатхо чорахои муваккати андешад.
  3. Чорахои андешидашуда дар сохаи бехатарии махсулоти хуроквори метавонанд сатхи баландтари хифзи хаёт ва саломатии инсонро нисбат ба сатхе, ки аз хисоби чорахои дар стандартхо, дастурхо ва тавсияхои байналмилали асоснокшуда ба даст меоянд, таъмин намоянд, агар онхо аз чихати илми асоснок шуда бошанд ё тахмин равад, ки сатхи мазкури хифз сатхи мувофик мебошад.
  4. Хангоми кабули чорахо дар сохаи бехатарии махсулоти хуроквори, бо назардошти чорахои муваккатии дар холатхои фавкулодда кабулшуда, макомоти дахлдори ваколатдори давлати пайдоиши маълумоти нави илмиро назорат менамоянд.

Моддаи 7. Чорахо дар сохаи бехатарии махсулоти хуроквори хангоми мавчуд набудани стандартхо, дастурхо ва тавсияхои байналмилали

  1. Агар стандартхо, принсипхои рохбарикунанда ва тавсияхои  байналмилали мавчуд набошанд ё чораи сохаи бехатарии махсулоти хуроквори ба стандартхо, принсипхои рохбарикунанда ва тавсияхои  байналмилали мутобикат накунад ё агар чунин чора ба савдо таъсири чидди расонида тавонад, макомоти дахлдори  ваколатдори давлати:

– оид ба максади истифодаи чора дар мархилаи ибтидоии омодагии он огохинома нашр менамояд;

– тарафхои манфиатдорро мутобики санадхои хукукии байналмилали дар бораи махсулоти хурокворие, ки нисбат ба онхо ин чора амали мегардад, хабардор менамояд ва барои кабули чораи мазкур пешниходи асоснокшударо пешниход менамояд;

– бо хохиши макомоти салохиятдори давлатхои дигар мутобики санадхои хукукии байналмилали матни санади меъёрии хукукиро, ки дар он чораи пешниходшуда бо ишораи фаркият аз стандартхо, дастурхо ва тавсияхои байналмилали ворид шудааст, пешниход менамояд;

– барои пешниходи акидахо мухлати кутохтарин мукаррар намуда, бо хохиши тарафхои манфиатдор машваратхо мегузаронад.

  1. Огохинома дар бораи махсулот, ки ба онхо чора истифода мегардад ва асос барои кабули чораи пешниходшуда дар давоми на камтар аз 75 рузи то саршавии амалиёти кабули он пешниход карда мешавад.

Моддаи 8. Баробарарзишии чорахо дар сохаи бехатарии махсулоти хуроквори

  1. Агар макомоти дахлдори  ваколатдори давлати мукаррар намояд, ки чорахои дар дигар давлат татбикшаванда хифзи хаёт ва саломатии инсон, олами набототу хайвонот ба як андоза ё дар сатхи нисбатан баландтар аз талабот дар Чумхурии Точикистон таъмин менамояд, чорахо дар сохаи бехатарии махсулоти хуроквории дар давлати дигар татбикшаванда чорахои баробарарзиши дар Чумхурии Точикистон татбикшаванда хисобида мешаванд.
  2. Дар бораи эътирофи баробарарзишии чорахо дар сохаи бехатарии махсулоти хуроквори карор кабул карда мешавад.

Моддаи 9. Расмиёти назорат ва санчиши давлати

  1. Расмиёти назорат ва санчиши давлати дар сохаи бехатарии махсулоти хуроквори ба таври зерин амали мешаванд:

– фавран ва бе таъхири иловаги ва табъизи махсулоти воридшаванда нисбат ба махсулоти хаммонанди ватани;

– танхо дар асоси далелхо ва иттилоот, ки барои гузаронидани расмиёт заруранд;

– хангоми иттилоотонии арзкунанда оид ба мухлати ба охир расидани расмиёт, камбудихои дар ариза мавчудбуда мархила ва натичаи истехсолот;

– ба он тарзе ки хифзи махфи будани иттилоот таъмин карда шавад;

– бо рохи интихоби намуна танхо бо он микдоре, ки барои амали намудани расмиёти санчиш ва сертификатсиякунони зарур мебошад.

  1. Агар баъди гузаронидани назорат ва санчиши давлати дар хусусиятхои махсулот тагйирот ба амал ояд, расмиёти назорат ва санчиши махсулоти дигаргуншуда танхо аз руи зарурат чихати муайян кардани чавобгуи талаботи дахлдор будани ин махсулот сарфи назар аз тагйирот  гузаронида мешавад.

Моддаи 10. Махсулоти хуроквории бехатар

  1. Дар муомилот метавонанд танхо махсулоти хуроквории бехатар чой дошта бошанд.
  2. Махсулоти хуроквори бехатар хисобида мешавад, агар истеъмоли он хангоми истифодаи дуруст ва мувофик ба саломатии инсон ба таври мустаким ё гайримустаким зарар нарасонад. Дар мавриди муайян намудани бехатарии махсулоти хуроквори чунин холатхо ба инобат гирифта мешаванд:

– риояи талаботи бо хуччатхои меъёри мукарраршуда дар хама мархилахои истехсолот ва таксимот, талабот ба коркард, нигохдори ва фуруш, инчунин талабот ба омодасози ва истеъмоли махсулоти хуроквори мувофики таъиноти онхо;

– мавчудияти иттилоот барои истеъмолкунандагон, аз чумла иттилоот дар тамгакогаз ва мутобикати он бо хусусияти истехсолкунанда ё дигар иттилооти дастраси истеъмолкунандагон вобаста ба пешгирии таъсири зарарнок ба саломатии инсон аз навъи мушаххаси махсулот.

  1. Хангоми муайян намудани зарари махсулоти хуроквори ба саломатии инсон инхо ба эътибор гирифта мешаванд:

– окибатхои имкопазири мустаким ё гайримустаким, кутохмухлат ва дарозмухлати нохуш барои саломатии инсон, инчунин имконпазирии чунин окибатхо барои наслхои оянда;

– имконпазирии  таъсири кумулятивии (гуншавии) захролудшави;

– эхсосоти махсуси саломатии гурухи муайяни истеъмолкунандагон, агар махсулот ба чунин гурухи истеъмолкунандагон пешбини шуда бошад.

  1. Кобили истеъмол набудани махсулоти хуроквори барои инсон дар асоси истифодаи пешбинишуда, ифлосшавии эхтимолии он аз мухити атроф ё бо дигар тарз (пусидан, вайроншави ё тачзия ва гайра) муайян карда мешавад.
  2. Агар махсулоти хуроквории зарарнок як кисми микдор, силсила ё бори махсулоти хуроквории хамон категория ва тавсифот бошад, тамоми махсулот дар чунин микдор, силсила ё бор хатарнок хисобида мешавад, агар далели дигар набошад.

Моддаи 11. Махсулоти хуроквории хатарнок

  1. Махсулоти хурокворие хатарнок хисобида мешаванд, агар онхо ба саломатии инсон зарарнок ва (ё) барои истеъмоли инсон номувофик бошанд.
  2. Махсулоти хуроквори хатарнок хисобида мешаванд, агар:

– дар таркибашон микроорганизмхо, бактерия – паразитхо, захрхои бактериологи ва моддахои фаъоли кимиёвии бофтахои аз сатхи пешбининамудаи санадхои меъёрии хукуки ва хуччатхои меъёрии дахлдор зиёдтар дошта бошанд;

– дар таркиби худ захрхои табии ё дигар моддахои захрноки табиии аз сатхи пешбининамудаи санадхои меъёрии хукукии дахлдор зиёдтар дошта бошанд;

– дар таркибашон намакхои металлхои вазнин, бокимондаи пеститсидхо, доруворихои байтори, гормондор, микотоксинхо ва дигар моддахоеро дошта бошанд, ки аз сатхи пешбининамудаи санадхои меъёрии хукуки ва хуччатхои меъёрии дахлдор баланд бошанд;

– дар таркибашон иловахое дошта бошанд, ки дар навъхои муайяни махсулоти хуроквори набояд истифода шаванд ё агар таркиби иловахои ичозатдодашуда дар махсулоти хуроквори аз сатхи пешбининамудаи санадхои меъёри ва хуччатхои меъёрии хукукии дахлдор баланд бошад;

– дар таркибашон моддахои радиоактивии аз сатхи меъёри зиёдтар ё агар махсулоти хуроквори аз сатхи ичозатдодашуда зиёдтар шуоъ зада бошанд;

– борбандхо, маводу маснуоте, ки дар якчояги бо махсулоти хуроквори нигох дошта мешаванд, ба талаботи мукарраршуда мутобик набошанд;

– аз хайвоноте пайдо шаванд, ки аз назорати пешаки ва баъдинаи байтории забх гузаронида нашудаанд;

– аз хайвоноти бемор ё мурда пайдо шаванд;

– тавсифоти органолептикии онхо бинобар равандхои чисмони, кимиёи, микробиологи ва гайра тагйир ёфта бошанд;

– дар таркибашон моддахоеро дошта бошанд, ки арзёбии токсикологиро нагузаштаанд ва хатарнокии онхо барои истеъмоли инсон санчида нашуда бошад;

– дар таркибашон омехтахои механики дошта бошанд;

– ба борчомаи онхо чунин нуксоне расида бошад, ки он ба ифлосшавии микроби, кимиёви ё дигаргуншави мусоидат  кунад;

– бо тартиби мукарраршуда истехсол, коркард, борбанди, борчини ва таксим карда нашуда бошанд;

– бо тартиби мукарраршуда тамгазани ва нишонагузори нашуда бошанд;

– мухлат ва (ё) санае, ки то он лахза махсулоти мазкур бояд истеъмол шавад (барои махсулоти хуроквори, ки нисбат ба онхо мукаррар намудани мухлати истеъмол хатми мебошад) нишон дода нашуда бошад ё мухлати истеъмоли онхо гузашта бошад;

– ба талаботи мукаррарнамудаи хуччатхои техники ва меъёри мутобикат накунанд;

– калбаки бошанд.

  1. Муомилот ва фуруши махсулоти хуроквории хатарнок манъ аст.

Моддаи 12. Хукукхои истехсолкунандагон ва тахвилгарон дар сохаи бехатарии махсулоти хуроквори

Шахсони вокеи ва хукуки, ки фаъолиятро оид ба истехсол, муомилоти махсулоти хуроквори ва хизматрасони дар сохаи савдои чаканаи махсулоти хуроквори ва хуроки умуми амали мегардонанд, мутобики Конуни мазкур чунин хукукхо доранд:

– бо тартиби мукарраргардида аз макомоти дахлдори давлати ё ташкилотхо дар бораи натичаи назорати давлати ё арзёбии экспертии истехсол ва муомилоти махсулоти хуроквори иттилооти зарури, дастрас ва сахех гиранд;

– таъмини махфи будани хама гуна иттилоот ва пахн накардани иттилооти махфиро талаб намоянд, ба истиснои холатхое, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини намудааст;

– аз болои натичаи ташхиси озмоиши шикоят намоянд, агар ин натича аз натичае, ки истехсолкунанда бо истифодаи хамин гуна ё усулхои хаммонанди тахлили гирифта фарк кунад ва дар озмоишгохи арбитражии ваколатдор ва акредитатсияшуда тахкикоти арбитражи гузаронанд;

– мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон аз болои хама гуна карорхои нозирони дахлдор, ки ба фаъолияти хочагидори вобастаги доранд, шикоят намоянд;

– барои химояи хукукхои худ ба суд мурочиат намоянд.

Моддаи 13. Ухдадорихои истехсолкунандагон ва тахвилгарон дар сохаи бехатарии махсулоти хуроквори

  1. Ба шахсони вокеи ва хукуки, ки фаъолиятро оид ба истехсол ва муомилоти махсулоти хуроквори ва хизматрасони дар сохаи савдои чаканаи махсулоти хуроквори ва хуроки умуми амали мегардонанд, истехсол ва (ё) ба муомилот баровардани махсулоти хуроквории хатарнок ва нораво барои истеъмол ва ё нодуруст тамгазадашуда манъ мебошад.
  2. Шахсони вокеи ва хукуки, ки фаъолиятро оид ба истехсол ва  муомилоти махсулоти хуроквори амали менамоянд, ухдадоранд:

– талаботи Конуни мазкурро риоя намоянд;

– хангоми истехсол ва ба муомилот баровардани махсулоти хуроквори низоми тахлили хатархо ва назорат дар нуктахои назорати тахдидомез ва ё дигар низоми таъмини бехатариро чори намоянд;

– дар махсулоти хуроквори истифодаи чузъхои ичозатдодашуда, бехатар ва дар доираи ичозат мавчудбударо таъмин  кунанд;

– мавчудияти иттилооти кофи ва боварибахшро оид ба арзиши гизоноки, таркиб, шароити нигохдории мувофик, чорахои пешгири ва омодасозии махсулоти хуроквори таъмин намоянд;

– шароити мувофики нигохдори ва (ё) банамоишгузории махсулоти хуроквориро таъмин созанд;

– фуруши махсулоти хуроквории нодуруст тамгазадашудаи хатарнок ва кобили истеъмол набударо пешгири намоянд;

– махсулоти хуроквории истехсол ё ба муомилот воридкардаи худро дар холати ошкор шудани далеле, ки чунин махсулоти хуроквори хатарнок ва кобили истеъмол нестанд ё нодуруст тамга зада шудаанд, ихтиёран мусодира намоянд;

– нуксонхои  махсулоти хуроквории истехсолшуда ё дар муомилот бударо, ки ба талаботи Конуни мазкур мутобик намебошанд, ислох намоянд;

– дастрасии бемамониати нозиронеро, ки дар иншооти зертобеъ назорати давлатиро амали мегардонанд, барои гузаронидани чорабинихои нозироти таъмин кунанд;

– дар давоми се сол хисоби харид ва фуруши махсулоти хуроквори, иловахои хуроквори, хушбуйкунандахо ва маводи ёридихандаро, ки дар истехсолот ё муомилоти махсулоти хуроквори истифода мешаванд, анчом диханд. Дар холати истехсоли силсилавии махсулоти хуроквори, иловахои хуроквори, хушбуйкунандахо ё маводи ёридиханда барои коркард, чунин хисоб аз руи раками микдор амали  мешавад.

  1. Шахсони вокеи ва хукуки, ки фаъолиятро оид ба истехсол ва  муомилоти махсулоти хуроквори амали мегардонанд ва тахвилгарони хизматрасони дар сохаи савдои чаканаи махсулоти хуроквори ва дар сохаи хуроки умуми барои  таъмини бехатарии махсулоти хуроквории истехсолкунанда, тахвилшаванда ва фурухташаванда масъул  мебошанд.

Моддаи 14. Таъмини бехатарии махсулоти хуроквори

Бехатарии махсулоти хуроквори ба воситахои зерин таъмин карда мешавад:

– истифодаи чорахои танзими давлати дар сохаи бехатарии махсулоти хуроквори;

– аз тарафи шахсони вокеи ва хукуки, ки фаъолиятро оид ба  истехсол ва муомилоти махсулоти хуроквори амали мегардонанд, гузаронидани чорабинихои ташкили, агрокимиёви, байтори, технологи, мухандисию техники, санитарию зиддиэпидемияви ва фитосанитари оид ба ичрои талаботи хуччатхои меъёрии дахлдор ба махсулоти хуроквори, шароити омода сохтан, нигохдори, хамлу накл ва фуруши онхо;

– анчом додани назорати истехсоли оид ба бехатарии махсулоти хуроквори, шароити омода сохтан, нигохдори, хамлу накл ва фуруши онхо;

– татбики чорахои гражданию хукуки, маъмури ва ба чавобгарии чинояти кашидани шахсоне, ки талаботи Конуни мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукиро риоя намекунанд.

Моддаи 15. Маълумот дар бораи бехтарии махсулоти хуроквори

  1. Шахсони вокеи ва хукуки, ки фаъолиятро дар сохаи истехсол ва муомилоти махсулоти хуроквори, хизматрасони дар сохаи савдои чаканаи махсулоти хуроквори ва дар сохаи хуроки умуми амали мегардонанд, ухдадоранд ба харидорон ва истеъмолкунандагон, инчунин макомоти дахлдори  ваколатдори давлати оид ба назорат ва санчиши бехатарии махсулоти хуроквори оид ба риояи талаботи хуччатхои меъёрии дахлдор хангоми истехсол ва гардиши махсулоти хуроквори ва хизматрасони маълумоти эътимоднок пешниход намоянд.
  2. Макомоти дахлдори ваколатдори давлати (оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо, назорати санитарию эпидемиологи, назорати байтори ва назорати фитосанитари ва карантинии растанихо) ба шахсони манфиатдор иттилоотро дар бораи бехатарии махсулоти хуроквори, риояи талаботи хуччатхои меъёри хангоми истехсол ва муомилоти махсулоти хуроквори, хизматрасони дар сохаи савдои махсулоти хуроквори ва хуроки умуми, махсулоти хуроквории нави дахлдор тадбирхои пешгирии махсулоти хуроквории хатарнок таъмин менамоянд.
  3. Макомоти дахлдори  ваколатдори давлати мутобики санадхои хукукии байналмилали ба воситаи маркази ягонаи иттилооти ба шахсони манфиатдор иттилоот, хуччат ва маълумоти ба инхо вобастаро пешниход менамоянд:

– чорахои пешниходшуда ва кабулшуда дар сохаи бехатарии махсулоти хуроквори;

– чорахои назорат, санчиш ва сертификатсияи махсулоти хуроквори;

– расмиёти арзёбии тахдид ва усулхои муайян намудани сатхи зарурии хифзи хаёт ва саломатии инсон дар Чумхурии Точикистон;

– узвият ва иштирок дар чаласахои байналмилали ва минтакави, низоми хифзи хаёт ва саломатии инсон, мавчудият ва мазмуни созишномаю шартномахои дучониба  ва бисёрчониба.  

БОБИ 2. ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТИ ДАР СОХАИ ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ МАХСУЛОТИ ХУРОКВОРИ

Моддаи 16. Салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон

Ба салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон дар сохаи таъмини бехатарии махсулоти хуроквори мансубанд:

– тахияи сиёсати ягонаи давлати;

– тахия ва татбики барномахои максаднок ва илмию техники;

– бамеъёрдарории давлати дар сохаи таъмини бехатарии махсулоти хуроквори ва кабули санадхои меъёри дар доираи салохияти худ;

– амали сохтани хамкории байналмилали дар сохаи бехатарии махсулоти хуроквори;

– таъсиси Шурои хамохангсоз оид ба бехатарии махсулоти хуроквори;

– амали намудани ваколатхои дигаре, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини намудааст.

Моддаи 17. Ваколатхои макоми ваколатдори давлати дар сохаи тандурусти

  1. Макоми ваколатдори давлати дар сохаи тандурусти оид ба таъмини бехатарии махсулоти хуроквори ваколатхои зерин дорад:

– мусоидат ба таъсиси тачрибаи зарурии пешбурди истехсолот дар тамоми мархилахои коркарди махсулоти хуроквори мутобики тамоми силсилаи истехсол, коркард, фуруш, хамлу накл, нигохдори ва методикаи тахлили таваккалхо ва назорат дар нуктахои хатарнок ё методикаи хаммонанде, ки сатхи баланди бехатарии махсулоти хуроквориро таъмин менамояд;

– хамкори бо вазорату  идорахои дахлдори давлатхои хоричи дар сохаи таъмини бехатарии махсулоти хуроквории ворид ва содиршаванда;

– татбики барномахои маърифати барои истехсолкунандагон, фурушандагон ва истеъмолкунандагони махсулоти хуроквори;

– таъсис ва вусъат додани системаи мушохидавии махсулоти хуроквории ворид ва содиршаванда;

– назорати беморихои ба воситаи махсулоти хуроквори гузаранда, гузаронидани тафтиши дакики захролудшави аз хуроквори;

– хамкори бо пажухишгоххо ва озмоишгоххои илмию тахкикоти барои муайян намудани мохияти беморихои ба воситаи махсулоти хуроквори гузаранда;

– тахия ва тасдики талаботи санитарию гигиени дар объектхое, ки бо истехсол ва муомилоти махсулоти хуроквори, иловахои хуроквори, хушбуйкунандахо, иловахои хуроквори, воситахо ва маводи ёрирасон машгул мебошанд;

– тасдики меъёрхои хатмии бехатарии махсулоти хуроквори ва дигар меъёрхои санитари ва талаботе, ки бехатарии зарурии махсулоти хуроквориро таъмин мекунанд;

– амалигардонии назорати давлати барои ичрои меъёрхои санитари дар кисмати риояи талаботи конунгузории санитари, ки хифзи хаёт ва саломатии инсонро танзим менамояд ва гузаронидани мониторинги натичахои он;

– амалигардонии назорати давлатии чори намудани методикаи тахлили таваккалхо дар  нуктахои назорати тахдидомез ва низоми хаммонанди таъмини бехатари, ки аз тарафи истехсолкунандагони махсулоти хуроквори, иловахои хуроквори, хушбуйкунандахо ва маводи ёрирасон барои коркарду истехсол дар объектхои тахти назоратбуда;

– гузаронидани назорати давлати ва (ё) санчиши давлатии объектхои истехсол, коркард ва муомилоти махсулоти хуроквори, иловахои хуроквори, хушбуйкунандахо ва маводи ёрирасон дар асоси методика ва муомилахои пешкадам тибки принсипхои таъмини бехатарии махсулоти хуроквори;

– додани сертификати гигиени ба махсулоти хуроквори аз руи дархости тарафхои манфиатдор дар асоси натичаи ташхиси санитарию эпидемиологи;

– таъин ва гузаронидани тахкикхои озмоиши барои арзёбии бехатарии махсулоти хуроквори дар объектхои тахти назоратбуда;

– тасдики номгуи референс – озмоишгоххо барои гузаронидани тахкикоти арбитражии махсулоти хуроквории тахти назоратбуда;

– назорати махсулоти хуроквории воридоти ва транзитии тахти назоратбуда;

– ташкил ва гузаронидани ташхиси санитарию эпидемиологии махсулоти хуроквори;

– мукаррар намудани даврахои назорати давлати дар объектхои истехсол ва муомилоти махсулоти хуроквори дар асоси тахлили таваккалхо;

– муайян ва тасдик намудани номгуи махсулоти хуроквори, ки ба саломатии инсон хавфи зиёд, миёна ва кам доранд;

– иштирок дар кори Шурои хамохангсоз оид ба масъалахое, ки ба ваколатхои он дохил мешаванд, аз чумла тахия ва аз нав барраси намудани талаботи санитарию гигиени;

– амалигардонии мувофикат, шартхои техникии истехсоли махсулоти хуроквори, регламентхои техники ва стандартхое, ки ба объектхои махсулоти хуроквори истифода мешаванд, лоихаи объектхои истехсол ва муомилоти махсулоти хуроквори, методикахои ченкуни ва усулхои санчиши махсулоти хуроквори дар масъалаи риояи тадбирхои санитарии  дахлдор;

– тасдики номгуй, методикахои ченкуни ва усулхои санчиши махсулоти хуроквори оид ба масъалаи риояи чорахои санитарии дахлдор, озмоишгоххое, ки барои хаммонандкуни, санчиш ва арзёбии самаранокии махсулоти хуроки пархези, махсулоти хуроквории функсионали ва иловахои хуроквори пешбини шудаанд;

– пешбурди фехристи хулосахои ташхиси санитарию эпидемиологи.

Моддаи 18. Ваколатхои макоми ваколатдори давлати дар сохаи кишоварзи

  1. Макоми ваколатдори давлати дар сохаи кишоварзи ва таъмини бехатарии махсулоти хуроквори ваколатхои зерин дорад:

– дар объектхои  чорводори махсулоти хуроквории коркарднашудаи аз набототу хайвонот пайдогардида ва муомилоти махсулоти кишоварзи назорати давлатии байторию санитари ва фитосанитари гузаронида, хулосахои марбутаи байторию фитосанитари медихад, ки шаходати бехатарии онхо мебошанд;

– назорати ичрои чорахои байторию фитосанитариро дар кисмати риояи талаботи конунхо ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, ки хифзи олами хайвонот ва наботот, инчунин инсонро аз беморихои ба воситаи хайвонот гузаранда (зоонозхо) танзим менамоянд, чори ва амали менамояд;

– ба истехсолкунандагони махсулоти хуроквори оид ба масъалахои низоми тахлили таваккалхо дар нуктахои назорати тахдидомез ё системахои хаммонанди таъмини бехатари машварат медихад ва омузиш мегузаронад;

– назорати давлатии чори намудани низоми тахлили таваккалхо  ва назорат дар нуктахои тахдидомез ва низомхои хаммонанди таъмини бехатари, ки онхоро истехсолкунандагони махсулоти хуроквори истифода мебаранд ва тахти назорати хадамоти объектхои байтори ва фитосанитари карор доранд, амали мегардонад;

– бо дархости тарафхои манфиатдор дар асоси назорати давлати ё натичаи арзёбии махсулоти хуроквори, ки тахти назорати хадамоти байтори карор доранд, ба махсулоти хуроквори сертификатхои байтори медихад;

– дар доираи ваколатхои худ назорати байтори ва фитосанитарии махсулоти хуроквории воридоти ва транзитиро мегузаронад;

– методикаи ченкуни, усулхои санчиши махсулоти хуроквори ва номгуи онхоро дар объектхои байторию фитосанитарии тахти назоратбуда тасдик мекунад;

– номгуи референс-озмоишгоххое, ки тахкикоти арбитражии махсулоти хуроквории тахти назорати хадамоти байторию фитосанитари бударо анчом медиханд, тасдик менамояд;

– давра ба давра гузаронидани назорати давлатии объектхои истехсоли махсулоти хуроквории аз хайвоноту растанихо хосилшударо, ки тахти назорати хадамоти байторию фитосанитари мебошанд, дар асоси тахлили таваккал мукаррар мекунад;

– талаботи байторию санитари ва фитосанитариро барои объектхои истехсол ва муомилоти махсулоти хуроквори, ки тахти назорати хадамоти байтори ва фитосанитари карор доранд, мукаррар ва тасдик менамояд;

– андозахои хатмии бехатарии махсулоти хуроквориро, ки тахти назорати хадамоти байтори ва фитосанитари карор доранд, тасдик мекунад;

– фехристи хулосахои ташхиси байториро пеш мебарад;

–  системаи мушохидавии махсулоти хуроквории воридшаванда ва ватаниро дар доираи ваколатхои худ таъсис ва ривоч медихад.

  1. Макоми ваколатдори давлати дар сохаи кишоварзи назорат ва санчиши давлатиро барои махсулоти хуроквории зерин амали мегардонад:

– махсулоти хуроквории коркарднашудаи аз хайвонот ва растанихо хосилшуда (бо иловаи истехсоли аввалия ва махсулоти коркарди аввалия дар объектхое, ки танхо коркарди аввалия ичро мегардад);

– тамоми махсулоти аз хайвонот ва растанихо тайёршуда, ки дар бозорхо ба фуруш бароварда мешаванд;

–  махсулоти аз хайвонот ва растанихо хосилшуда, ки аз  бунгоххои гузариши сархади давлати гузаронида мешаванд.

  1. Макомоти ваколатдори давлати дар сохаи байтори назорати санитарию байтории истехсоли махсулоти хуроквориро дар корхонахое, ки махсулоти хуроквории аз хайвонот хосилшударо барои коркарди аввалия хамчун ашёи хом истифода мебаранд, амали мегардонад, ба истиснои корхонахои хуроки умуми ва савдо ва корхонахои нигохдории яклухти махсулоти хуроквории коркарднашудаи аз хайвонот хосилшуда.

Моддаи 19. Ваколатхои макоми ваколатдори давлати оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо

Ваколатхои макоми ваколатдори давлати оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар сохаи таъмини бехатарии махсулоти хуроквори аз инхо иборат мебошанд:

– татбики сиёсати давлати дар сохаи бамеъёрдарории техники, стандартони ва сертификатсияи махсулоти хуроквори;

– тахия, ташкили кор оид ба тасдики регламентхои техники, стандартхо ва шартхои техники барои махсулоти хуроквори;

– гузаронидани назорати метрологи ва санчиши тачхизоти корхонахое, ки дар онхо коркарди махсулоти хуроквори амали карда мешаванд, нуктахои фуруши махсулоти хуроквори, озмоишгоххое, ки ба саноати хуроквори вобаста мебошанд;

– ваколатдоркунонии озмоишгоххо ва сертификатсияи низоми бехатарии истехсоли махсулоти хуроквори;

– гузаронидани назорати давлати барои риояи хатмии талаботи регламентхои техники ва баходихии мутобикат ба талаботи регламентхои техники дар сохаи истехсол, хамлу накл, нигохдори, фуруш ва воридоти махсулоти хуроквори;  ]

– мукаррар намудани тартиби коркарди партовхо ва нобуд кардани махсулоти хурокворие, ки ба талаботи регламентхои техники мутобик намебошанд.

Моддаи 20. Шурои хамохангсоз оид ба бехатарии махсулоти хуроквори

  1. Шурои хамохангсоз оид ба бехатарии махсулоти хуроквори (минбаъд – Шурои хамохангсоз) мутобики Конуни мазкур бо максади амалигардонии мониторинги муттасил ва арзёбии бехатарии махсулоти хуроквори, барои таъмини сатхи зарурии хифзи хаёт ва саломатии инсон, хифзи олами хайвонот ва наботот пешниход ва дастгирии илми ва эксперти барои кабули карорхои мушаххас, инчунин тахияи санадхои меъёрии хукуки дар сохаи таъмини бехатарии махсулоти хуроквори таъсис дода мешавад.
  2. Шурои хамохангсоз аз хисоби намояндагони вазорату идорахои ваколатдор дар сохаи таъмини бехатарии махсулоти хуроквори, инчунин аз хисоби намояндагони маъруфи чамъияти, илми ва экспертхо, ки фаъолияти касбии онхо бо таъмини бехатарии махсулоти хуроквори вобаста аст, таъсис дода мешавад. Шурои хамохангсоз дар асоси низомномаи тасдикнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон фаъолият мекунад.

БОБИ 3. ТАНЗИМИ ДАВЛАТИ ДАР СОХАИ ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ МАХСУЛОТИ ХУРОКВОРИ

Моддаи 21. Танзими давлати дар сохаи таъмини бехатарии махсулоти хуроквори

  1. Талабот ба бехатарии махсулоти хуроквори, шароити истехсол, омодасози ва муомилоти онхо, бехатарии хизматрасони дар сохаи савдои чаканаи махсулоти хуроквори ва хуроки умуми аз руи меъёру коидахои дахлдори санитари, байтори, фитосанитари ва регламентхои техники мукаррар карда мешаванд.
  2. Регламентхои техники, меъёру коидахои санитари, байтори ва фитосанитари бо тартиби пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон тасдик карда мешаванд.
  3. Талабот ба бехатарии махсулоти хуроквори, ки аз руи регламентхои техники, меъёру коидахои санитари, байтори ва фитосанитари барои шахсони вокеию хукуки, ки фаъолиятро оид ба истехсол ва муомилоти  махсулоти хуроквори, хизматрасони дар сохаи савдои чаканаи махсулоти хуроквори ва хуроки умуми амали мегардонанд, хатми мебошанд.

Моддаи 22. Арзёби ва тасдики мутобикат

  1. Намудхои муайяни махсулоти хуроквори, мавод, маснуот ва хизматрасони дар сохаи савдои чаканаи махсулоти хуроквори ва хуроки умуми мутобики талаботи хуччатхои меъёри арзёби ва тасдик карда мешаванд.
  2. Мутобикати махсулоти хуроквори, мавод ва маснуот ба талаботи хуччатхои меъёри бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон аз тарафи истехсолкунандагон тасдик карда мешаванд.
  3. Шахсони вокеи ва хукуки, ки фаъолиятро оид ба истехсол ва муомилоти махсулоти хуроквори, мавод ва маснуот амали мегардонанд, хукук доранд бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон сертификатсияи ихтиёрии махсулотро гузаронанд.
  4. Дар холате, ки агар истехсолкунандаи махсулоти хуроквори ё ичрокунандаи хизматрасонии сертификатсияшуда дар сохаи савдои чакана ё хуроки умуми талаботи хуччатхои меъёрии мукарраршударо вайрон кунад, макоми аккредитатсияшуда, ки сертификатро додааст, ухдадор аст то бартараф кардани вайронкории чойдошта истехсол, фуруши махсулоти хуроквори ва ичрои хизматрасониро боздорад. Агар бартараф кардани вайронкори имконпазир набошад, макоме, ки сертификатро додааст, амали онро катъ мегардонад.

Моддаи 23. Назорати давлати дар сохаи таъмини бехатарии махсулоти хуроквори

  1. Назорати давлати дар сохаи таъмини бехатарии махсулоти хуроквори аз тарафи макомоти дахлдори ваколатдори давлати дар сохаи  назорати  санитарию эпидемиологи, назорати байтори, назорати  фитосанитари ва карантини растанихо ва дар сохаи стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо мутобики ваколатхои дар моддахои 17, 18 ва 19 Конуни мазкур зикргардида амали карда мешавад.
  2. Назорати давлатии фаъолияти субъектхои хочагидор оид ба истехсол ва фуруши махсулоти хуроквори, новобаста ба шаклхои моликият, бо рохи гузаронидани назорати накшави ва гайринакшави (бе огохонидани пешаки) мутобики сатхи таваккал ва тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон амали карда мешавад.
  3. Назорати давлатии давра ба давра гузарондашавандаи хама гуна объекти мушаххас, ки ба он талаботи Конуни мазкур дахл дорад, инхоро инъикос менамояд:

– таваккалхои вобаста ба объект, инчунин технологияи истехсол ва (ё) коркард;

– натичахои назорати давлатии кабли;

– боварибахш будани расмиёти назорат, ки аз тарафи субъекти хочагидор барои таъмини риояи  талаботи дахлдори санитари, байтори ва регламентхои техники истифода бурда мешаванд;

– мавчуд будани эхтимолияти ичро нагардидани талаботи Конуни мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукуки аз тарафи субъекти хочагидор.

  1. Дар бунгоххои ичозатдихии Сархади давлатии Чумхурии Точикистон ва бунгоххои барасмиятдарории гумруки махсулоти хуроквори, ки ба каламрави Чумхурии Точикистон ворид карда мешавад, назорат ва санчиши давлатии онхо дар сохаи таъмини бехатарии махсулоти хуроквори аз тарафи макомоти дахлдори ваколатдори давлати дар сохаи назорати санитарию эпидемиологи, назорати байтори, назорати фитосанитари, карантини растанихо ва дар сохаи стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои Чумхурии Точикистон амали гардонида мешавад.

Моддаи 24. Мониторинги бехатарии махсулоти хуроквори ва саломатии ахоли

  1. Бо максади муайян намудани самтхои афзалиятноки сиёсати давлати дар сохаи таъмини бехатарии махсулоти хуроквори, хифзи саломатии ахоли, инчунин бо максади тахияи чорахо оид ба пешгирии ворид шудан ба бозори истеъмоли махсулоти хуроквории хатарнок аз тарафи макомоти назорат ва санчиши давлати якчоя бо макомоти ичроияи хокимияти давлатии Чумхурии Точикистон мониторинги бехатарии махсулоти хуроквори ва саломатии ахоли ташкил ва гузаронида мешавад.
  2. Мониторинги  бехатарии махсулоти хуроквори ва саломатии ахоли мутобики низомномаи тасдикнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон гузаронида мешавад.

БОБИ 4. ТАЛАБОТИ УМУМИ БАРОИ ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ МАХСУЛОТИ ХУРОКВОРИ

Моддаи 25. Талабот барои таъмини бехатарии махсулоти хуроквори

  1. Махсулоти хуроквории барои фуруш пешбинишуда бояд талаботи физиологии инсонро ба моддахои зарури ва энергия таъмин намояд, ба талаботи оддии махсулоти хуроквори дар кисмати нишондодхои органолептики ва физикию кимиёви чавобгу бошад, ба талаботи мукаррарнамудаи хуччатхои меъёри оид ба таркиби кимиёвии ичозатдодашуда (аз чумла радиоактивхо), моддахои биологи ва пайвастагихои онхо ва дигар организмхои биологи, ки барои саломатии инсон хатарнок мебошанд, мутобикат намоянд.
  2. Арзишнокии гизоии махсулоти хуроки кудакона бояд ба холати функсионалии организми кудак бо назардошти синни у мутобик бошад. Махсулоти хуроки кудакона бояд барои саломатии кудакон бехатар бошанд.
  3. Махсулоти хуроки пархези бояд дорои хусусиятхое бошад, ки имкон дихад онхо хамчун хуроквории табобати ва пешгири аз бемори мутобики талаботи мукаррарнамудаи макомоти ваколатдори давлати дар сохаи тандурусти ва талабот нисбат ба ташкили хуроквории пархези истифода бурда шаванд ва ба саломатии инсон бехатар бошанд.

Моддаи 26. Талабот ба истехсоли махсулоти хуроки пархези, махсулоти хуроквории функсионали ва иловахои хуроквори

  1. Махсулоти хурокворие, ки барои истехсоли хуроки пархези, махсулоти хуроквории функсионали ва иловахои хуроквори (пархези) истифода бурда мешаванд, бояд ба меъёрхои хатмии бехатарии барои истеъмолкунандаи дорои талаботи махсуси пархези мувофики меъёрхои санитари ва регламентхои техники кабулшуда мутобик бошанд.
  2. Иловахои хуроквори (пархези) метавонанд ба махсулоти хуроквории алохида бо назардошти сатхи дохилкуни, ки дар меъёрхои санитарии дахлдор муайян шудаанд, инчунин барои истеъмоли бевосита ба сифати махсулоти хуроквории мустакил истехсол мешавад, дохил карда шаванд.

Моддаи 27. Талабот ба таъмини бехатарии махсулоти нави хуроквори

  1. Хангоми коркарди махсулоти нави хуроквори, чараёни технологии нави истехсол, борбанди, нигохдори, хамлу накл, тамгазани ва фуруш, шахсони вокеи ва хукуки бояд талаботи бехатарии чунин махсулоти хуроквориро ба асос гиранд, дар бораи бехатарии чунин махсулоти хуроквори хангоми истехсол ва муомилоти онхо иттилоот диханд, барномахои назорати истехсолиро барои бехатарии чунин махсулоти хуроквори ва методикаи санчиши онхо тахия кунанд, инчунин мухлати истеъмоли ин навъи махсулоти хуроквориро мукаррар намоянд.
  2. Мухлати истеъмоли махсулоти хуроквори барои он махсулоти хурокворие, мукаррар мешавад, ки бо гузашти мухлати муайян аз лахзаи истехсол сифати онхо кохиш ёфта, хусусиятхое пайдо мекунанд, ки ба саломатии инсон хатарнок буда, вобаста ба он кобилияти истеъмолии худро барои истифода аз руи таъинот гум мекунанд.
  3. Нишондодхои бехатарии махсулоти нави хуроквори, мухлати истеъмоли онхо, талабот ба борбанди ва тамгагузори иттилоот дар бораи махсулоти хуроквори, шартхои истехсол ва муомилоти онхо, барномахои назорати истехсоли оид ба таъмини бехатари, методикаи санчишхо, усулхои коркарди партовхо ё нобуд кардани махсулоти хуроквории хатарнок бояд ба хуччатхои техники дохил карда шаванд.
  4. Лоихаи хуччатхои техники ва намунахои тачрибавии махсулоти нави хуроквори вобаста ба намуди истехсол бояд аз ташхиси санитарию эпидемиологи ё байтори гузарад.
  5. Талаботи хуччатхои техникии тасдикшуда барои шахсони вокеи ва хукуки, ки фаъолиятро оид ба истехсол ва муомилоти намудхои мушаххаси махсулоти хуроквори амали мегардонанд, хатми мебошанд.

Моддаи 28. Талабот ба таъмини бехатарии махсулоти хуроквори хангоми истехсоли онхо

  1. Махсулоти хуроквории дар Чумхурии Точикистон истехсолшуда бояд бехатар, аз чихати гигиени тоза, кобили истеъмол ва дуруст тамга зада шуда бошанд ва мутобики хуччатхои техники хангоми риояи талаботи регламентхои техники, меъёру коидахои санитари ва байтори истехсол шаванд.
  2. Барои истехсоли махсулоти хуроквори бояд ашёи хоми хурокворие истифода шаванд, ки сифат ва бехатарии онхо ба талаботи хуччатхои меъёри мутобик бошанд.
  3. Хангоми истехсоли махсулоти хоми хуроквори ба истифодаи иловахои хуроквори, нумуяи (стимулятори) афзоиши хайвонот, аз чумла доруворихои гормонали, воситахои доруги, пеститсидхо, агрохимикатхое, ки аз ташхиси санитарию эпидемиологи ва байторию санитари (ё ташхиси озмоишгохи агрохимияви) гузаронида шудаанд, бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ичозат дода мешавад.
  4. Ба махсулоти хоми хуроквории аз хайвонот хосилшуда барои истехсоли махсулоти хуроквори тайёршаванда танхо баъди гузаронидани ташхиси байторию санитари ва аз тарафи истехсолкунанда гирифтани хулосаи макомоти дахлдори ваколатдори давлати оид ба назорати байтории Чумхурии Точикистон, ки мутобикати махсулоти хоми хуроквории аз хайвонот хосилшавандаро ба талаботи меъёрхои байтори тасдик мекунад, ичозат дода мешавад.
  5. Хангоми истехсоли махсулоти хуроквори, инчунин истеъмол дар хурок, метавонанд иловахои хуроквори ва иловахои фаъоли биологи истифода карда шаванд. Иловахои хуроквори ва иловахои фаъоли биологи, ки хангоми истехсоли махсулоти хуроквори истифода мешаванд, бояд ба саломатии инсон зарар нарасонанд.
  6. Мавод ва маснуоти дар чараёни истехсоли махсулоти хуроквори истифодашуда бояд ба талаботи хуччатхои меъёри оид ба бехатарии чунин маводу маснуот мутобик бошанд.
  7. Истехсолкунанда бояд истехсоли махсулоти хуроквории хатарнокро дар мухлати зарури барои бартараф кардани сабабхое, ки истехсоли чунин махсулоти хуроквориро ба миён овардаанд, хатман боздорад. Дар холате, ки агар бартараф намудани чунин сабабхо имконнопазир бошад, у ухдадор аст истехсоли махсулоти хуроквории хатарнокро катъ кунад, муомилотро боздорад, аз харидорон ва истеъмолкунандагон баргардондани чунин махсулоти хуроквориро таъмин намояд, тибки тартиби мукарраршуда ташхис, коркарди истифодаи партовхо ё нобуд кардани онхоро ташкил намояд.
  8. Макомоти дахлдори ваколатдори давлати дар сохаи бехатарии махсулоти хуроквори ухдадоранд меъёрхо ва мукарраротро оид ба бехатарии махсулоти хуроквори, аз чумла махсулоти хуроки пархези ва кудакона, иловахои хуроквори ва фаъоли биологи барои таъмини мутобикати онхо бо меъёрхои кабулшудаи байналмилали дар давоми на камтар аз 5 сол ё хангоми пайдо шудани маълумоти нави илми аз нав барраси намоянд.

Моддаи 29. Талабот ба таъмини бехатарии махсулоти хуроквори хангоми когазпечкуни, борбанди ва тамгазании онхо

  1. Махсулоти хуроквори бояд дар шароити аз чихати гигиени тоза коркард шаванд, дар таркиби худ моддахои зараровар надошта бошанд (ё дар меъёри барои организми инсон безарар дошта бошанд), бояд тарзе когазпеч ва борбанди шуда бошанд, ки бехатарии онро хангоми нигохдори, хамлу накл ва фуруш таъмин карда шаванд.
  2. Шахсони вокеи ва хукукие, ки когазпечкуни ва борбандии махсулоти хуроквориро амали мегардонанд, ухдадоранд талаботи хуччатхои меъёриро барои когазпечкуни ва борбандии махсулоти хуроквори, тамгазании онхо, инчунин маводи истифодабариро барои борбанди ва тамгазании махсулоти хуроквори риоя намоянд.
  3. Дар тамгакогазу тамгаи бор ё тавсиякогазхои махсулоти хуроквории борпечшуда гайр аз маълумоте, ки номгуи онро конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи хифзи хукуки истеъмолкунандагон муайян мекунад, бо назардошти намуди махсулоти хуроквори бояд маълумоти зерин нишон дода шуда бошад:

– номи махсулоти хуроквори;

–  ном, сурогаи пурра ва раками телефони истехсолкунанда, барои махсулоти хуроквории воридшаванда бошад, сурогаи пурра ва раками телефони воридкунанда;

– шумораи вазни холиси махсулоти хуроквори дар ченакхои ягонаи мукарраршуда (вазн, хачм ё адад);

– таркиби махсулоти хуроквори бо тартиби афзалиятноки таркибёфтаи онхо, аз чумла иловахои хуроквори, хушбуйкунандахое, ки дар истехсоли онхо истифода шудаанд;

– арзишхои калория ва гизоноки бо нишон додани шумораи сафедахо, карбогидрадхо ва равганхо дар ченакхои ягонаи мукарраршуда барои 100 грамми махсулоти хуроквори;

– мухлат ва санае, ки то он махсулоти мазкурро истеъмол кардан мумкин аст ё санаи истехсол ва мухлати кобили истеъмол будани он;

– шароити нигохдори ва истифода, агар махсулоти хуроквори барои таъмини бехатарии он шароити муайяни нигохдори ва истифодабариро талаб намояд;

– эхтиёткори хангоми истеъмоли махсулоти хуроквори барои гуруххои муайяни ахоли (кудакон, занхои хомиладор, пиронсолон, варзишгарон ва одамоне, ки ба аллергия моиланд), агар чунин махсулот хангоми истеъмол ба саломатии онхо зарар расонида тавонад.

  1. Барои баъзе намудхои махсулоти хуроквори, ки ба регламентхои техникии дахлдор  мутобик мебошанд, мумкин аст гайр аз мукаррароти дар моддаи мазкур пешбинишуда талаботи хатмии махсус барои тамгакогазкуни мукаррар карда шавад.
  2. Матни тамгакогазкунии махсулоти хуроки пархези, махсулоти хуроквории функсионали ва иловахои фаъоли биологи ба таври хатми аз тарафи макоми ваколатдори давлати дар сохаи тандурусти тасдик карда мешавад. Тартиби тасдики матни тамгакогазкунии махсулоти хуроки пархези, махсулоти хуроквории функсионали ва иловахои фаъоли биологиро макоми ваколатдори давлати дар сохаи тандурусти мукаррар мекунад.
  3. Тамгакогазхои махсулоти хуроквори, ки барои онхо рамзхо истифода мешаванд, бояд рамзхоеро дошта бошанд, ки онхоро ташкилотхои дахлдори байналмилали ва минтакави оид ба масъалахои стандартизатсия ва бамеъёрдарории техники тасдик кардаанд.
  4. Навиштачот дар тамгакогази махсулоти хуроквори, ки барои истеъмолкунандагон манфиатдор буда, каллобиро пешгири мекунад ё як махсулоти хуроквориро аз дигар, ба монанди “пурра табии”, “органики” “асли”, “бе организмхои аз чихати генетики модификатсияшуда” ва гайра фарк мекунонад ва маълумоти дигари иловагии дар моддаи мазкур зикргардида бо тартиби мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукукии дахлдор, ки барои ичрои мукаррароти Конуни мазкур нашр шудаанд, санчида мешаванд.

Моддаи 30. Талабот нисбат ба таъмини бехатарии махсулоти хуроквори хангоми нигохдори ва хамлу накли онхо

  1. Нигохдори ва хамлу накли махсулоти хуроквори бояд дар шароите анчом дода шавад, ки нигохдошти бехатарии онхоро таъмин намояд.
  2. Шахсони вокеи ва хукуки, ки нигохдори ва хамлу накли махсулоти хуроквориро анчом медиханд, ухдадоранд талаботи хуччатхои меъёриро нисбат ба шароити нигохдори ва хамлу накли махсулоти хуроквори риоя кунанд ва риояи чунин талаботро дар борхати махсулот бо навиштачоти махсус тасдик намоянд.
  3. Нигохдории махсулоти хуроквори танхо дар бинохо ва иншооти махсус чихозонидашуда, ки ба талаботи меъёру коидахои сохтмони, санитари ва байтори мутобик мебошанд, ичозат дода мешавад.
  4. Барои хамлу накли махсулоти хуроквори бояд воситахои наклиёте истифода шаванд, ки барои ин максадхо махсус чихозонида шуда, шиносномаи санитари доранд, ки дар асоси ташхиси гигиени бо тартиби мукаррарнамудаи макоми ваколатдори давлати дар сохаи тандурусти дода мешавад.
  5. Агар хангоми нигохдори ва хамлу накли махсулоти хуроквори ба вайронкори рох дода шавад, ки боиси пайдо намудани хусусиятхои хатарнок гарданд, шахсони вокеи ва хукукие, ки нигохдори ва хамлу накли махсулоти хуроквориро амали мекунанд, ухдадоранд дар ин бора сохибон ва кабулкунандагони махсулоти хуроквориро хабардор намоянд.
  6. Чунин махсулоти хуроквори  фурухта намешаванд ва намунахои ин махсулот барои гузаронидани ташхиси дахлдор ва кабули карор оид ба истифодаи чунин партовхо ё нобуд кардани онхо ба макоми дахлдори давлати фиристода мешавад.

Моддаи 31. Талабот нисбат ба таъмини бехатарии махсулоти хуроквори хангоми фурухтани онхо

  1. Дар савдои чакана фурухтани махсулоти хуроквории когазпеч ва борбандинашуда ичозат дода намешавад, ба истиснои махсулоти хуроквории намудхои муайян, ки номгуи онхоро макоми ваколатдори давлати оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои  Чумхурии Точикистон дар мувофика бо макомоти ваколатдор оид ба назорати давлатии санитарию эпидемиологи ё байтори мукаррар менамояд.
  2. Назорати давлатии фуруши махсулоти хуроквории истехсоли гайрисаноати дар бозорхо танхо баъди гузаронидани ташхиси санитарию байтори дар озмоишгоххои аккредитатсияшудаи байтори ва аз тарафи фурушанда гирифта шудани хулосаи макомоти дахлдори ваколатдори давлати оид ба назорати байтори, ки мутобикати чунин махсулоти хуроквориро бо талаботи меъёру коидахои байторию санитари тасдик мекунанд, ичозат дода мешавад.
  3. Дар холате ки, агар хангоми фурухтани махсулоти хуроквори ба вайронкори рох дода шавад, ки сабабгори пайдоиши хусусиятхои хатарноки  махсулоти хуроквори шудааст, шахсони вокеи ва хукукие, ки махсулоти хуроквориро мефурушанд, ухдадоранд чунин махсулоти хуроквориро аз фуруш бароварда, аз истеъмолкунандагон баргашта гирифтанро таъмин намоянд, махсулоти хуроквории хатарнокро барои ташхис фиристонанд ва коркарди партовхо ё нобуд кардани онхоро бо тартиби мукарраршуда ташкил намоянд.

Моддаи 32. Талабот нисбат ба таъмини бехатарии махсулоти хуроквории воридоти

  1. Махсулоти хуроквории воридшаванда бояд ба талаботи хуччатхои меъёри оид ба бехатарии махсулоти хуроквори  мутобик бошанд.
  2. Воридоти махсулоти хурокворие, ки хатарнок, кобили истеъмол набошанд, нодуруст тамгазани шуда бошанд, ба талаботи регламентхои техники, санитарию эпидемиологи ё байтори ва фитосанитари мутобик набошанд, манъ карда мешавад.
  3. Ба муомилоти озод баровардани махсулоти хатман сертификатсияшаванда дар каламрави гумрукии Чумхурии Точикистон бо тартиби мукаррарнамудаи Кодекси гумруки Чумхурии Точикистон анчом дода мешавад.
  4. Шахсоне, ки ба каламрави  Чумхурии Точикистон ворид мешаванд, бояд ба нозири дахлдори сархади намудхо ва хачми тамоми махсулоти хоми хуроквории аз хайвонот ва растанихо хосилшударо, ки барои истеъмоли шахси ворид мекунанд, эъломия намоянд. Ворид кардани чунин махсулот ба Чумхурии Точикистон, агар онхо барои саломатии инсон хатари зиёди дошта бошанд, тахдиди хатари зиёди сирояти бемории хайвонот ё хатари зиёди ворид шудани организмхои зараровар чой дошта бошанд, манъ мебошад.
  5. Ба каламрави Чумхурии Точикистон ворид намудани махсулоти хуроквори бе хуччатхое, ки мутобики талаботи хуччатхои меъёри бехатарии чунин махсулоти хуроквориро тасдик мекунанд, манъ аст.
  6. Дар бунгоххои гузариши Сархади давлатии Чумхурии Точикистон барасмиятдарории гумрукии махсулоти хуроквории воридшаванда бо тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон анчом дода мешавад.
  7. Дар холате ки, агар шахсони мансабдори назорати давлатии санитарию эпидемиологи, назорати давлатии байтори ва назорати давлатии фитосанитари дар Чумхурии Точикистон нисбат ба бехатарии махсулоти хуроквории воридшаванда ба таври асоснок шубха намоянд, шахсони зикршуда оид ба муваккатан боздоштани барасмиятдарории воридшавии чунин махсулоти хуроквориро бо тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон карор кабул мекунанд.
  8. Агар махсулоти хуроквории воридшаванда хатарнок хисобида шаванд, шахсони мансабдоре, ки назорати давлатии санитарию эпидемиологи, назорати давлатии байтори ва назорати давлатии фитосанитариро дар Чумхурии Точикистон амали менамоянд, дар доираи ваколатхои худ ба каламрави  Чумхурии Точикистон ворид намудани чунин махсулоти хуроквориро манъ мекунанд ва дар борхати махсулот кайд мекунанд, ки ин махсулоти хуроквори барои саломатии инсон хатарнок буда, бояд фурухта нашаванд.
  9. Сохиби махсулоти хуроквории хатарнок ухдадор аст, ки дар давоми 10 рузи кори онхоро аз каламрави Чумхурии Точикистон берун барорад. Дар холати ошкор намудани организмхои карантинии зараровар дар махсулоти хуроквори, сохиби чунин махсулот ухдадор аст онхоро таъчилан аз каламрави Чумхурии Точикистон берун барорад. Агар махсулоти хуроквории хатарнок дар мухлати мукарраршуда берун аз каламрави Чумхурии Точикистон бароварда нашаванд, онхо мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон хамчун партов коркард ё нобуд карда мешаванд.

Моддаи 33. Талабот нисбат ба ташкил ва гузаронидани назорати истехсоли барои бехатарии махсулоти хуроквори

  1. Шахсони вокеи ва хукуки, ки фаъолиятро оид ба истехсол ва муомилоти махсулоти хуроквори анчом медиханд, ухдадоранд ташкил ва гузаронидани санчиши бехатарии истехсоли онхо, риояи талаботи хуччатхои меъёрию техникиро нисбат ба шартхои истехсол ва муомилоти  махсулоти хуроквори амали намоянд.
  2. Назорати истехсолии бехатарии махсулоти хуроквори мутобики барномаи назорати истехсолот амали карда мешавад, ки аз тарафи шахсони вокеи ё хукуки  дар асоси регламентхои техники ва хуччатхои техники тахия мегарданд. Бо барномаи зикршуда тартиби назорати истехсоли барои бехатарии махсулоти хуроквори, методикаи чунин назорат ва методикаи санчиши шароити истехсол ва муомилоти онхо муайян карда мешавад.

Моддаи 34. Талабот нисбат ба кормандоне, ки фаъолиятро оид ба истехсол ва муомилоти махсулоти хуроквори анчом медиханд

  1. Кормандоне, ки бо кори ба истехсол ва муомилоти махсулоти хуроквори, хизматрасони  дар сохаи савдои чаканаи махсулоти хуроквори ва махсулоти хуроки умуми вобаста мебошанд, хангоми ичрои корхое, ки алокаи бевоситаи корманд бо махсулоти хуроквори, мавод ва маснуот пайдо мешавад, хангоми ба кор даромадан муоинаи хатмии кабли ва даврагии тибби, инчунин бо тартиби мукаррарнамудаи макоми ваколатдори давлати дар сохаи тандурусти аз курсхои омузиши гигиени мегузаранд.
  2. Бемороне, ки гирифтори беморихои гузаранда мебошанд, шахсоне, ки эхтимолияти ба чунин беморихо гирифтор буданашон чой дорад, шахсоне, ки ба гирифторони беморихои гузаранда алока доранд, шахсоне, ки пахнкунандаи беморихои гузаранда буда, вобаста ба хусусиятхои истехсол ва муомилоти махсулоти хуроквори, мавод ва маснуот метавонанд барои пахншавии чунин беморихо хатарнок бошанд, инчунин кормандоне, ки аз муоинаи кабли ва даврагии тибби ва курси омузиши гигиени нагузаштаанд, ба корхое, ки хангоми ичрои онхо алокаи бевоситаи корманд бо махсулоти хуроквори, мавод ва маснуот амали мегардад, ичозат дода намешавад.

Моддаи 35. Аз муомилот баровардани махсулоти хуроквории хатарнок

  1. Истехсолкунанда ё тахвилгар ухдадор аст, махсулоти хуроквории хатарнокро мустакилона ё дар асоси карордоди макомоти давлатии назорат ва санчиш аз муомилот барорад.
  2. Агар истехсолкунанда ё тахвилкунанда шубха кунад ва ё мукаррар намояд, ки талабот оид ба бехатарии махсулоти хуроквори дар хама гуна мархилахои истехсолот, коркард ва муомилоти махсулоти хуроквори вайрон карда шуда, дигар тахти назорати бевоситаи у карор намегиранд, у бояд дар ин бора макомоти дахлдори ваколатдори давлатиро огох намояд ва барои аз муомилот баровардани чунин махсулот ташаббускор бошад. Агар махсулот ба истеъмолкунанда дастрас шуда бошанд, истехсолкунанда ё тахвилгар ухдадор аст бо усулхои самаранок ва возеху равшан сабабхои баровардани махсулот аз муомилот ва хангоми зарурат, агар таъмини сатхи баланди хифзи саломати бо дигар чорахо имконнопазир бошад, талаб намояд, ки махсулотро баргардонанд.
  3. Дар холате ки, агар истехсолкунанда ё тахвилгари махсулоти хуроквории хатарнок оид ба аз муомилот баровардани онхо чора наандешад, чунин махсулоти хуроквори аз тарафи макомоти дахлдори ваколатдори давлати аз муомилот бароварда мешаванд ва бо тартиби мукарраргардида барои коркард хамчун партов фиристода ё нобуд карда мешаванд.

Моддаи 36. Ташхис, коркарди партовхо, нобуд кардани махсулоти хатарнок

  1. Барои махсулоти хуроквории хатарнок, ки аз муомилот бароварда шудаанд, ташхиси дахлдори (санитарию эпидемиологи, байтори, фитосанитари, молшиноси ва г.) аз чониби макомоти назорат ва санчиши давлати бо максади муайян кардани имконияти истифодаи партовхои онхо ё нобуд кардан анчом дода мешавад.
  2. Махсулоти хурокворие, ки сохиби онхо баромади онхоро тасдик карда наметавонад ва онхо нишонахои вайроншави дошта, аз хамин сабаб ба хаёт ва саломатии инсон тахдиди бевосита доранд, бе гузаронидани ташхис барои коркард хамчун партов фиристода ё нобуд карда мешаванд.
  3. То фиристодан барои коркард хамчун партов ё нобуд кардани махсулоти хуроквории хатарнок сохиби онхо ухдадор аст, дар хузури намояндаи макомоти назорат ва санчиши давлати хусусиятхои чунин махсулоти хуроквориро бо хама гуна усулхои дастрас ва боварибахш, ки имконияти минбаъд истифодабарии онхоро аз руи таъинот истисно менамояд, тагйир дихад.
  4. Махсулоти хуроквории хатарнок ба нигохдории муваккати фиристода мешаванд, ки шароити он имконияти дастрасиро ба ин махсулоти хуроквори дар мухлате, ки барои гузаронидани ташхис, коркарди партов ва нобуд кардан зарур аст, истисно менамояд.
  5. Махсулоти хуроквории дар нигохдории муваккати чойгирбуда ба таври чидди ба хисоб гирифта мешаванд. Барои нигохдории чунин махсулоти хуроквори сохиби онхо масъул мебошад.
  6. Дар асоси натичаи ташхиси махсулоти хуроквории хатарнок макомоти дахлдори назорат ва санчиши давлати оид ба истифодаи партовхо ё нобуд кардани онхо карор кабул мекунад.
  7. Сохиби махсулоти хуроквории хатарнок интихоби усулхо ва шароити коркарди партовхо ё нобуд кардани онхоро мутобики талаботи хуччатхои меъёри ё техники бо макомоти назорат ва санчиши давлати оид ба истифодаи партов ё нобуд кардани чунин махсулоти хуроквори усулхо ва шароити коркарди партов ё нобуд кардани он карор кабул намудааст, мувофика мекунад.
  8. Имконияти истифодаи махсулоти хуроквории хатарнок ба сифати хуроки хайвонот бо хадамоти давлатии байтори мувофика карда мешавад.
  9. Харочоти ташхис, нигохдори, хамлу накл, коркарди партовхо ё нобуд кардани махсулоти хуроквории бесифат ва хатарнокро сохиби онхо пардохт мекунад.
  10. Сохиби махсулоти хуроквории хатарнок ухдадор аст ба макоми назорат ва санчиши давлати, ки дар бораи коркарди партов ё нобуд кардани онхо карор кабул кардааст, хуччат ё тибки тартиби мукарраршуда нусхаи имзошудаи онро, ки вокеияти истифодаи партовхо ё нобуд карда шудани чунин махсулоти хуроквориро тасдик мекунад, пешниход намояд.
  11. Макомоти назорат ва санчиши давлати, ки оид ба коркарди партов ё нобуд кардани махсулоти хуроквории хатарнок карор кабул намудаанд, ухдадоранд назорати истифодаи партовхо ё нобуд кардани онхоро бо максади пешгирии эхтимолияти захролудшавии одамон ва хайвонот, пахншавии беморихо, инчунин ифлосшавии мухити зист анчом диханд.

БОБИ 5. МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

Моддаи 37. Арзиши хизматрасони

Тамоми пардохтхо вобаста ба хама гуна амалхои маъмури, тахкикоти озмоиши, ташхисхо, назорат ва дигар амалиёти вобаста ба таъмини бехатарии махсулоти хуроквори бояд аз арзиши аслии онхо зиёд набошанд.

Моддаи 38. Маблаггузории назорати давлати

Назорати давлатии объектхое, ки бояд тахти назорати давлатии санитарию эпидемиологи ва байтори карор гиранд, аз хисоби маблаги бучети амали карда мешавад.

Моддаи 39. Чавобгари барои риоя накардани Конуни мазкур

Шахсони вокеи ва хукуки барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

Моддаи 40. Дар бораи аз эътибор сокит донистани Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи сифат ва бехатарии махсулоти хуроквори”

Конуни Чумхурии Точикистон аз 10 майи соли 2002 “Дар бораи сифат ва бехатарии махсулоти хуроквори” (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2002,  №4, к. 2, мод. 317; с. 2006, №3, мод. 166; с. 2007, №7, мод. 667; с. 2011, №3, мод. 170) аз эътибор сокит дониста шавад.

Моддаи 41.Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

Конуни мазкур аз 1 январи соли 2013 мавриди амал карор дода шавад.   

Президенти

Чумхурии Точикистон Эмомали  РАХМОН

ш. Душанбе,

1 августи соли 2012,

№ 890

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …