Главная / Чамъият / БАРНОМАИ РУШДИ СОХАИ ТУХМИПАРВАРИ ДАР ТОЧИКИСТОН БАРОИ 2016-2020сс

БАРНОМАИ РУШДИ СОХАИ ТУХМИПАРВАРИ ДАР ТОЧИКИСТОН БАРОИ 2016-2020сс

Бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз 28 октябри соли 2016, № 438 тасдик шудааст

БАРНОМАИ РУШДИ СОХАИ ТУХМИПАРВАРИ ДАР ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН БАРОИ СОЛХОИ 2016-2020

 1. МУКАДДИМА

  1. Тухмипарвари яке аз самтхои мухимтарин ва аввалиндарачаи сохаи кишоварзи ба хисоб рафта, дар истехсолоти кишоварзи мавкеи асосиро ишгол менамояд. Афзун намудани истехсоли зироатхои кишоварзи ва баланд бардоштани хосилшавии онхо аз истифода бурдани тухмихои хушсифат вобастагии калон дорад. Вазифаи асосии тухмипарвари таъмин намудани хочагихо бо тухмии хушсифат, нигох доштани тозагии навъхо ва хусусиятхои биологии онхо мебошад. Халли вазифаи мазкур кабули мачмуи тадбирхоеро такозо мекунад, ки ихтирои навъхои серхосили зироатхои кишоварзи, сари вакт гузаронидани санчиши расми ва минтакабоб намудани навъхои бехтарин бо максади хифзи хусусиятхои генетикии онхо, истехсол, коркард, сертификатсиякунони ва маркетинги тухмиро дар бар мегирад.
  2. Тухмипарвари на танхо барои таъмини бозори дохили, балки барои содирот низ нигаронида шуда, имконият медихад, ки самаранокии соха ва даромаднокии истехсолот мохиятан баланд бардошта шавад. Дар солхои шурави селексия ва тухмипарвари ба пурраги аз хисоби маблагхои бучети таъмин мегардид, вале бинобар дар мамлакат ба амал омадани ислохоти иктисоди маблаггузории ин соха якбора кам гардид.
  3. Дар чумхури дар баробари тухмипарварии чамъияти бахши хусусии тухмипарвари ба миён омад, ки дар зинаи ибтидоии тараккиёт карор дорад. Хочагихои алохидаи тухмипарвари дар интродуксияи навъхои нав, бахусус зироатхои галладонаги ва сабзавот, афзункуни ва фуруши тухмихо, чи дар дохили мамлакат ва чи берун аз он натичахои хуб ба даст меоранд.
  4. Бори аввал Барномаи рушди сохаи тухмипарвари дар Чумхурии Точикистон барои солхои 2010-2014 бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз 28 майи соли 2009, № 297 тасдик гардида буд, ки барои пешрафти соха такони чидди бахшид.

2. НАТИЧАХОИ АМАЛИГАРДОНИИ БАРНОМАИ РУШДИ СОХАИ ТУХМИПАРВАРи ДАР ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН БАРОИ СОЛХОИ 2010-2014

  1. Дар доираи Барномаи рушди сохаи тухмипарвари дар Чумхурии Точикистон барои солхои 2010-2014 бо дастгирии Барномаи Очонсии хамкорим байналхалкии Шветсия (Sida) ва Бонки осиёгии рушд оид ба дастгирии сохаи селексия, тухмипарвари ва карантини растанихо ба маблаги зиёда аз 15 миллион сомони корхои назаррас ичро гардидаанд.
  2. Аз чумла бинои Бозрасии назорати давлатии тухми, озмоишгохи марказии ташхиси сифати тухми дар пойтахти чумхури ва озмоишгоххо дар вилояти Сугду Хатлон таъмир карда шуда, бо тачхизоти лаборатории замонави таъмин карда шуданд. Барои татбики барномахои селексионии Институти зироаткории Академияи илмхои кишоварзии Точикистон, филиали ин Институт дар вилояти Сугд, Кооперативи истехсолии ба номи Л.Муродови шахри Хисор, хочагии “Чилгази”-и шахри Исфара, стансияхои давлатии навъсанчии нохияхои Кубодиён, Муъминобод ва шахрхои Турсунзода ва Конибодом бо техника ва мошинолотхои замонави, аз чумла бо 9 адад трактори тамгаи МТЗ-1025, 9 адад ядаки трактори, 12 адад тухмипошак, 11 адад галлакубак, 9 адад чархмола, 8 адад дорупошак, 8 адад нурипошак, 9 адад испори сетанаги, 9 адад чуйборкаши байникатори, 2 адад тачхизот барои муайян намудани сифати нахи пахта ва тачхизоти дигар таъмин карда шуданд. Дар нохияи Бохтари вилояти Хатлон сехи коркарди тухми ва луччаккунии пунбадонаи тухми сохта, ба истифода дода шуд.
  3. Бо максади ба низом даровардани санадхои меъёрии хукуки дар сохаи тухмипарвари ва мустахкам намудани заминаи моддию техники корхои муайян ба анчом расонида шуданд. Аз чумла заминаи конунгузории селексия ва тухмипарвари бо санадхои меъёрии хукукии байналмилали хамоханг карда шуд. Барои хамрохшавии Чумхурии Точикистон дар ташкилотхои байналмилали дар сохаи санчиш ва хифзи навъхо, фитосанитария ва карантини растанихо, хамчунин назорати сифат ва сертификатсиякунонии тухми замина фарохам оварда шуд. Аъзоги ва хамкори бо чунин ташкилотхои бонуфуз барои ворид гардидани чумхури ба Созмони Умумумичахонии Савдо (СУС) мусоидат памуд.
  4. Вале вазъи имрузаи хочагихои тухмипарвари дар чумхури ба талаботи истехсолот чавобгуй нест ва аз ин ру зарурати тахияи Барномаи рушди сохаи тухмипарвари дар Чумхурии Точикистои барои солхои 2016-2020 ба миён омадааст.

3. МАКСАД ВА ЗАРУРАТИ КАБУЛИ БАРНОМА

  1. Максади асосии Барнома амали намудани сиёсати Хукумати Чумхурии Точикистон оид ба рушди селексияи растани ва тухмипарвари ва бунёди сохае мебошад, ки дар мутобикат бо меъёрхои стандартхои байналмилали фаъолият намояд.
  2. Барномаи мазкур сиёсати давлатро дар сохаи селексия ва тухмипарвари ифода намуда, бо максади татбики меъёрхои конунхои Чумхурии Точикистон “Дар бораи тухмипарвари” ва “Дар бораи хифзи навъхои растани” тахия шудааст ва дар он ичрои масъалахои бехтар намудани фаъолияти макомоти давлатии сохаи тухмипарвари, санчиш, бакайдгири ва хифзи навъхо, назорати сифат ва сертификатсияи тухми, назорати фитосанитари ва карантини растанихо, рушди селексияи растани, истехсол, коркард ва маркетинги тухми, тайёр намудани кадрхо ва бозомузии мутахассисони соха, таъмини амнияти тухми ва таъсиси фондхои давлатии тухми пешбини гардидааст.
  3. Селексия ва тухмипарвари бояд барои офаридани навъ, интродуксия, санчиш ва бакайдгирии навъхо, истифодаи усулхои гуногуни тухмипарвари барои васеъ намудани парвариши тухмии зироатхои кишоварзи ба воситаи технологияхои муосир, хамчунин истехсоли тичорати, такрористехсолкуни, коркард, сертификатсиякунони ва маркетинги тухмихои сифатан баланд барои бозори дохили ва содирот мусоидат намояд. Шароити кунунии пешрафти чумхури, талаботи рузафзуни хочагихо ба тухмихои хушсифати сертификатсиякардашудаи зироатхои кишоварзи ва зарурати содироти тухмии зироатхо ба дигар мамлакатхо тахия ва тасдики Барномаи мазкурро такозо менамояд.

4. ТАХЛИЛИ ВАЗЪИ КУНУНИИ СОХАИ ТУХМИПАРВАРИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

  1. Вазорати кишорарзии Чумхурии Точикиртон чихати таъмини сохаи тухмипарвари ва бехбуди бахшидан дар ин самт таи солхои охир як катор корхои назаррасро ба анчом расонидааст. Хамин тарик, Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи хифзи навъхои растани” дар тахрири нав тибки талаботи Конвенсияи Иттиходи байналмилалии хифзи навъхои растани (UPOV) кабул гардид. Тибки талаботи кисми 2 моддаи 12 Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи хифзи навъхои растани” ва моддаи 14 Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи тухмипарвари” Дастурамали “Тартиби гузаронидани санчиш, бакайдгири ва хифзи навъхои растани” тахия ва кабул гардид. Айни замон Муассисаи давлатии “Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатхои кишоварзи ва мухофизати навъхо” тибки талаботи Дастурамали мазкур фаъолияти худро ба рох мондааст.
  2. Бо кабули Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи карантини растани” Чумхурии Точикистон ба Конвенсияи байналмилали оид ба карантин ва хифзи растани шомил гардид.
  3. Мутобики Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи тухмипарвари” бо риояи талаботи Накшаи сертификатсияи тухмии Созмони хамкории иктисоди ва рушд (OECD) “Тартиби сертификатсияи тухми, додани сертификатхои тасдиккунандаи навъ ва сифати тухми” бо фармоиши Вазири кишоварзи аз 4 октябри соли 2010, № 132 тасдик карда шуд. Айни хол, Бозрасии назорати давлатии тухми корро аз руи Тартиби мазкур ба рох мондааст.
  4. Дар хайати шабакаи хочагихои махсуси тухмипарвари 66 адад хочагихои дехкони (фермери), кооперативи ва чамоави фаъолият доранд, ки ба минтака ва хочагихои махсуси истехсолкунандаи тухмии зироатхои кишоварзи шомил гардидаанд. Аз ин ба парвариши пахтаи тухми 29 адад, тухмии галладонагихо 7 адад, пахтаи тухми ва тухмии галладонагихо 9 адад, картошкаи тухми 16 адад, ба тухмии сабзавот 3 адад, тухмии юнучка 1 адад ва ба парвариши картошкаи тухми, галладонагихо 1 адад машгуланд. Дар солхои охир дар натичаи дуруст ба рох мондани кори тухмипарвари хосилнокии зироатхои кишоварзи нисбат ба солхои гузашта хубтар гардида бошад хам, ин талаботи хочагихои истехсолиро бо тухмии хушсифат таъмин карда наметавонад. Айни замон хочагихои тухмипарвари танхо 30-40 фоизи талаботи хочагихои истехсолиро бо тухмии хушсифат таъмин намуда, кисми дигари хочагихо аз тухмихои шарти истифода мебаранд, ки боиси паст гардидани хосилнокии зироатхои кишоварзи дар чумхури мегардад.

5. ТУХМИПАРВАРИИ ЗИРОАТХОИ АСОСи

§1. Пахта
  1. Пахтакори яке аз сохахои мухими истехсоли ашёи хоми саноатии Чумхурии Точикистон ба хисоб меравад. Пахта – махсулоти асосии содироти буда, баланд бардоштани самарабахшии пахтакори дар мачмуъ ба вазъи иктисоди таъсири мусбат мерасонад. Мутаассифона, солхои охир сохаи пахтакори ба вазъияти мушкил гирифтор гардида, ба пешрафти дигар сохахо низ монеъ шудааст. Имруз аз сабаби кохишёбии хосилноки ва даромаднокии пахта нишондихандахои соха паст мебошанд.
  2. Халли мушкилот дар навбати аввал чори намудани навъхои нави серхосили пахта ва такмил додани тартиби истехсоли тухмии босифатро такозо менамояд. Такмили агротехникаи парвариши пахта, истифодаи технологияхои муосир ва навъхои бехтарин барои тухми, тахкими заминаи модди – техники, механизатсияи корхои сахрои, эътимоднокии кори системаи ирригатсионию мелиоративи имкон медихад, ки дар оянда хосилнокии пахта то 35-40 с/га баланд бардошта шуда, бидуни зиёд намудани майдони кишт то 500 хазор тонна пахта ба даст оварда шавад.
  3. Дар 6 соли охир дар натичаи санчиши расмии давлати 15 навъи пахтаи ватани ва хоричи минтакабоб гардонида шуд, ки аз онхо 2 навъи пахтаи махиннах (“748-В”, “Авесто”), 13 навъи пахтаи миёнанах (“Зироаткор-64”, “Зарафшон-1”, “Неъмат”, “20-солагии Истиклол”, “Ориёи”, “Шарора-1020”, “Дусти-ИЗ”, “Б-70”, “Лочин”, “Хулбук”, “Точикистон”, “Хатлон-2011” ва “Флора”) дар истехсолот васеъ чори шуда, дар хочагихо хосили дилхох дода истодаанд. Вале тухмипарварии ин навъхои пахта ва афзоиши тухмихо дар хочагихои тухмипарвари ба тарики бояду шояд ба рох монда нашудааст.
  4. Дар чумхури 39 хочагии махсусгардонидашудаи тухмипарвари оид ба истехсоли тухмии пахта фаъолият менамояд, вале хеч яке аз ин хочагихо кобилият надорад, ки тухмии мутобик ба талаботи стандартхоро истехсол намояд. Айни замон дар чумхури 96 корхонахои коркарди пахта фаъолият менамоянд, ки хусуси буда, коркардкунандагон ба истехсоли маводи тухмии сифатан баланд хохишманд нестанд. Дар бештари мавридхо хангоми коркарди ашёи хоми пахта ба омехташавии тухмии навъхои гуногун ва осеб дидани чигити тухми рох дода мешавад. Дар майдонхои кишт бошад, сифати пасти тухмихо бештар бо меъёри зиёди кишти тухми (то 120-130 кг/га) сарф карда мешавад, ки ба харчи иловагии тухми ва кувваи кори барои ягонакунии нихолхо оварда мерасонад.
  5. Дар хамаи мамлакатхои пахтапарварии олам аллакай, системаи делинтатсияи кислотагии тухмии пахта ё лучаккунии чигити тухми дар тачриба чори гаштааст. Кишти пунбадонаи луччак ба меъёри 20-25 кг/га амали гардонида шуда, аз хар гектар 40-45 сентнери пахтаи хом ба даст оварда мешавад.
§2. Зироатхои галладонаги
  1. Яке аз масъалахои асосии мустахкам намудани амнияти озукавории кишвар таъмин намудани ахоли бо нон ба хисоб меравад. Аз ин ру, сиёсати Хукумати Чумхурии Точикистон ба таракки додани галлакори ва афзун намудани истехсоли галлаи худи равона гардидааст. Дар солхои охир истехсоли галла зиёд гардида бошад хам, ин талаботи ахолии чумхуриро конеъ карда наметавонад. Хосилнокии галла паст буда, ба хисоби миёна ба 20-30 сентнер аз як гектар баробар аст, гарчанде дар хочагихои пешкадам то ба 60-70 с/га мерасад, Сабаби асоси дар он аст, ки технологияи парвариши зироатхои галладонаги риоя карда намешавад ва хочагихои тухмипарвари заминаи пуркуввати моддию техникии тухмипарвариро сохиб нестанд.
  2. Тачриба нишон медихад, ки захирахои зиёди баланд бардоштани хосилнокии зироатхои кишоварзи аз хисоби чори намудани навъхои серхосил дар истехсолот ва бехтаркунии агротехникаи онхо мавчуданд.
  3. Тухмипарварии ибтидоии навъхои нави зироатхои кишоварзи дар Институти “Зироаткори”-и Академаяи илмхои кишоварзии Точикистон дар асоси методикаи истехсоли тухмихои суперэлита ва элита ба рох монда шуда, хар сол дар парваришгоххои тухмипарварии зерсохторхои Институт зиёда аз 800 тонна тухмии хушсифати репродуксияхои баланди зироатхои галладонаги истехоол карда мешавад, ки ин талаботи хочагихои тухмипарварии чумхуриро пурра конеъ гардонида наметавонад.
§3. Картошка
  1. Картошкапарвари яке аз сохахои асосии кишоварзии Чумхурии Точикистон хисоб ёфта, чихати таъмини амнияти озукавори, афзун гардонидани имкониятхои содиротии мамлакат ва ба кори доими дар дехот таъмин намудани ахоли накши мухим дорад. Картошка хамчун зироати мухими истеъмоли дар водихо, минтакахои доманакух ва баландкухи Точикистон дар баландихои то 1200-2500 метр аз сатхи бахр парвариш меёбад. Барои парвариши хосили баланд ва тухмии хушсифати ин зироат китъахои кухию доманакух, ки шароити иклимии мусоиду хоки хосилхез доранд, мувофик мебошанд.
  2. Хосилнокии картошка дар хочагихои картошкапарвари чумхури паст буда, асосан ба сифати пасти маводи киштшаванда вобастаги дорад. То хол картошкаи тухмии элита ва репродуксиони аз хоричи кишвар ворид карда мешавад. Дар Точикистон технологияи истехсоли маводи солими киштшавандаи картошка бо истифода аз дастовардхои биотехнология кор карда шудааст, ки барои дар шароити хоку иклими нохияхои кухи истехсол намудани маводи тухмии сифатнок барои фуруш ба мамлакатхои хамсоя имконият медихад. Точикистон метавонад аз кишвари воридкунандаи тухмии картошка ба кишвари содиркунандаи ин махсулоти арзишнок мубаддал гардад.
§4. Зироатхои хуроки чорво
  1. Шароити хоку иклими нохияхои кухи ва наздикухии Точикистон имконияти истехсол намудани тухмии зироатхои хуроки чорво-юнучка, чуворимакка ва катраборон (эспарсет)-ро доро мебошад. Чуворимакка яке аз зироатхои серхосилу маъмули емию хошоки аст, ки дар сохаи кишоварзи васеъ истифода бурда мешавад. Чуворимакка ахамияти калони хуроки, озукавори ва техники дошта, аз руи хосилноки ва арзиш нисбат ба аксар зироатхои емию хошоки боло меистад. Дар чумхури солхои охир майдони кишт ва истехсоли тухмии юнучка низ зиёд шуда истодааст, вале техникаи тухмитозакуни дар хочагихо аз хад зиёд фарсудаю кухна гардидааст, ки имконияти сифатнок гузаронидани тозакунии тухмии истехсолшударо намедихад. Дар натича киштзори юнучка бо алафхои бегона ифлос мегардад.
§5. Зироатхои сабзавоти
  1. Селексионерони Точикистон як катор навъхои арзишноки зироатхои сабзавоти ва полези руёнидаанд. Хочагихои тухмипарвари солхои пешин тухмии ин зироатхоро истехсол менамуданд, ки кисми зиёди он берун аз мамлакат содир карда мешуд. Вале айни замон тухмипарварии навъхои зироатхои сабзавоти ва полези ба талабот чавобгу нест. Тухмипаварии мукаррари бошад, ба тарики гайрисистемави татбик мегардад.
  2. Истехсоли вокеии махсулоти зироатхои афзалиятноки зикрёфта аз сатхи потенсиалии имконпазир хеле кафо мемонад. Истифодаи навъхои комил ва маводи тухмии сифатан баланд дар бобати зиёд намудани хосилноки ва истехсоли махсулот накши мухим мебозад.

6. СИСТЕМАИ САНЧИШ ВА БАКАЙДГИРИИ НАВЪХО

  1. Вазифаи асосии системаи санчишу бакайдгирии навъхо сари вакт гузаронидани санчишхои расмии навъхои нав ва дурагахои селексияи махаллию хоричи бо максади омузиши аломатхои арзишноки хочагидори, зохир намудани навъхои нисбатан серхосил ва ба шароити мамлакат мутобикшаванда, тавсия намудани онхо ба кишоварзон бо максади парвариши васеи онхо иборат мебошад. Ин чараён бояд ба сатхи тараккиёти селексияи растанихо, ки дар шароити имруза имконияти харсола таъмин намудани бозорро бо навъу дурагахои нав фарохам меорад, мутобикат намояд. Татбики системаи санчиши навъхои растани фарккунандаги, хамгуни ва устуворноки, ки хифзи конунии навъро таъмин менамояд, мухим аст.
  2. Барои баланд бардоштани сифати корхо чихати санчиш ва бакайдгирии навъхо дар Барнома ичрои Тартиби гузаронидани санчиш, бакайдгири ва хифзи навъхои растани, бозомузии мутахассисони соха чихати кор бо тачхизоти озмоиши дар озмоишгох ва мустахкам намудани базаи моддию техники ва бо техникаи кишоварзи (тракторхо, комбайнхо, олотхои кишоварзи, тачхизоти лаборатори) таъмин намудани 8 стансияи давлатии навъсанчии чумхури, аз он чумла дар вилояти Сугд (стансияхои давлатии навъсанчии шахрхои Истаравшан, Панчакент ва нохияи Бобочон Гафуров), вилояти Хатлон (стансияхои давлатии навъсанчии нохияхои Вахш, Чалолиддини Балхи, Кубодиён, Кулоб) ва нохияхои тобеи чумхури (стансияи давлатии навъсанчии нохияи Точикобод) дар назар дошта шудааст.

7. СИСТЕМАИ НАЗОРАТИ СИФАТ ВА СЕРТИФИКАТСИЯКУНОНИИ ТУХМи

  1. Чори намудани сиетемаи сертификатсиякунонии тухмихо, ки назорати навъ дар китъахои санчиши, назорати кишти тухми дар сахро ва ташхиои лаборатории тухмихоро дар бар мегирад, барои истехсол, коркард ва маркетинги маводи тухмихои сифатан баланд мусоидат менамояд.
  2. Айни хол фаъолияти озмоишгоххо дар маркази вилоятхо ва шахри Душанбе хубтар гардида бошад хам, дар нохияхои дурдасти вилоятхои Сугду Хатлон ва нохияхои тобеи чумхури тачхизоти лаборатори дар озмоишгоххо кухнаю фарсуда шуда, корношоям гардидаанд. Назорати сахроии майдони киштзори тухми ва сертификатсиякунонии тухми гузаронида намешавад. Дар хусуси маводи тухми бошад, танхо аз натичаи тахлилхои лаборатори казоват карда мешавад.
  3. Пурра чори гардидани Тартиби сертификатсияи тухми, додани сертификатхои тасдиккунандаи навъ ва сифати тухми дар хамаи шахру нохияхо барои бемамониат баровардани тухми, савдои байналмилали ва чалб намудани ширкатхои тухмиистехсолкунандаи хоричи чихати рушди бозори дохилии тухми ва содироти тухми мусоидат менамояд. Маркетинги тухми дар микёси минтакави ва байналмилали ташкили озмоишгоххои замонавии назорати сифати тухмиро талаб менамояд.

8. СИСТЕМАИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ КАРАНТИНИ ФИТОСАНИТАРи

  1. Тухми дар баъзе холатхо метавонад сабабгори аз берун воридшави ва пахнгардии касалихои зараррасон ва тухмии алафхои бегонаи карантини гардад. Аз ин ру, санчиши тухмихо, махсусан тухмихои ба чумхури воридшаванда бояд аз чониби Хадамоти назорати давлатии фитосанитари ва карантини растани пурзур карда шавад. Айни замон озмоишгохи марказии Хадамоти назорати давлатии фитосанитари ва карантини растани харчанд фаъолият мекунад, вале зарур аст, ки озмоишгоххои замонави дар махалхо низ бунёд карда шаванд.
  2. Ташкил намудани нуктахои замонавии санчиши сархади дар махалхои гузариши сархад бо боргузарии зиёд дар назар дошта шудааст. Ин имконият медихад, ки маводи тухми ва маводи киштшавандаи ба мамлакат воридшаванда нисбат ба мавчудияти организмхои карантини бемамониат аз санчиши карантини гузаронида шаванд ва барои интродуксияи касалию зараррасонхои нав садди рох гардад. Инчунин дар Барнома сохтмони бинохои махсус барои безараргардонии (фумигатсияи) маводи тахти карантини дар вилоятхои Сугду Хатлон, ВМКБ ва шахри Душанбе пешбини гардидааст.

9. РУШДИ СЕЛЕКСИЯ ВА ТУХМИПАРВАРИИ ЗИРОАТХО ДАР ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

  1. Дар Барнома мустахкам намудани заминаи моддию техникии барномахои Институти “Зироаткори” ва Институти богпарварию сабзавоткории Академияи илмхои кишоварзии Точикистон, хамчунин хочагихои хусуси дар назар дошта шудааст, ки суръат бахшидани чараёни ихтирои навъхои нави зироатхои афзалиятнок, такмил додани тухмипарварии тичорати ва гирифтани фоидаи иловагиро барои рушди минбаъдаи соха имконпазир мегардонад. Шароити мусоиди хоку иклими Точикистонро барои истехсоли тухмихои босифат ба хисоб гирифта, чихати рушди истехсоли тухмихои сабзавоти ва растанихои ороишии махаллии дар Барнома зикргардида барои содирот, баркарор намудани робитахо, тахия ва татбики лоихахои гранти ва сармоягузори зарур аст. Барномаю накшахои кории муассисахои илмитадкикотии марбутаи сохавии чумхури бояд ба офаридани навъ бештар нигаронида: шаванд. Олимону мутахассисон ва рохбарони хочагихои тухмипарвари бояд чихати дар истехсолот васеъ чори гардидани навъхои нави серхосилу ояндадор, ташкили самараноки тухмипарварии онхо дар хамбастагии зич фаъолият намоянд.
  2. Тавре маълум аст, таи солхои охир ба чузъ аз институтхо ва марказхои давлати хочагихо ва шахсони алохида низ барои селексияи растанихо маром зохир карда истодаанд. Аз ин ру, бо максади эчоди фазои ракобатпазиру озод дар сохаи селексияи растанихо, дар Барнома дастгирии хамаи селексионерони ватани, новобаста аз шакли моликияташон, ба назар гирифта шудааст. Барои рушди селексияи хусуси низ дар кишвар заминаи мусоид фарохам оварда мешавад ва он метавонад барои рушди сохаи кишоварзи хиссаи арзанда гузорад.

10. ИСТЕХСОЛ, КОРКАРД ВА МАРКЕТИНГИ ТУХМи

  1. Яке аз омилхои мухими баланд бардоштани самаранокии тухмипарвари такмил додани агротехникаи парвариши зироатхо ва риоя намудани дастурхои технологи, аз чумла истифода бурдани тухмихои луччаки пахта, саривакт гузаронидани кишти зироатхои галладонаги ва истифода аз технологияи муосири кишти картошка, ки талаботро ба маводи тухми хеле кам мегардонанд, мебошад (замимаи 1).
  2. Дар ин маврид имконияти баланд бардоштани хиссаи майдонхое, ки ба тухмихои репродуксияашон баланд кишт карда шудаанд, ба миён меояд. Кам намудани меъёри кишт аз хисоби такмил додани агротехника хамчунин имконият медихад, ки тухмии пахта ва галла сарфа карда шуда, зиёдатии он барои истехсоли равган ва озукавори истифода гардад.
  3. Ислохоти сохаи кишоварзи чихати рушди бахши хусуси, аз чумла рушди тухмипарварии тичорати ва чалб намудани сармоягузории хоричи ба ин бахш шароити мусоид фарохам меорад.
  4. Истифодаи тухмихои репродуксияашон баланд ва риояи агротехникаи он имконият медихад, ки хосилнокии зироатхои кишоварзи афзоиш дода шуда, сифати махсулоти истехсолшаванда баланд бардошта шавад. Аз ин ру, дар Барнома ба рох мондани тухмипарварии ибтидои ва батадрич зиёд намудани майдонхо бо тухмихои киштшавандаи элити (то 10-15 фоиз), пешниход намудани субсидия ба истехсолкунандагони тухмихои суперэлита ва элитаи зироатхои кишоварзи, аз кабили пахта, зироатхои галладонаги, лубиёги, картошка ва хуроки чорво дар назар дошта мешавад (замимаи 2).

11. ТУХМИИ МАВОДИ АЗ ЧИХАТИ ГЕНЕТИКи ТАГЙИРДОДАШУДА

  1. Бо рушди савдои байналмилалии тухми хатари воридшавии тухмихои бетамга, махсусан бе тамгаи нишондихандаи маводи аз чихати генетики тагйирдодашуда вучуд дорад. Айни замон дар кишвар ягон озмоишгохи замонавие мавчуд нест, ки ташхиси генетикии тухмиро гузаронад. Аз ин ру, дар Барнома ташкили як озмоишгох дар назди Институти “Зироаткори”-и Академияи илмхои кишоварзии Точикистон ба назар гирифта шудааст.

12. ТАЙЁР НАМУДАНИ КАДРХО ВА БОЗОМУЗИИ МУТАХАССИСОНИ СОХА

  1. Яке аз мушкилоти асосии сохаи тухмипарварии мамлакат нарасидани кадрхои баландихтисоси сохави мебошад. Аксарияти кадрхои дар соха фаъолиятдошта мутахассисони нисбатан калонсол мебошанд. Аз ин ру, дар Барнома тайёр намудани мутахассисони чавон ва бозомузии кадрхои сохаи селексия ва тухмипарвари дар дохили мамлакат ва хоричи кишвар, хамчунин чалб намудани мутахассисони чавон бо рохи баланд бардоштани манфиати онхо пешбини шудааст.
  2. Тайёр намудану бозомузии кадрхои сохаи селексия ва тухмипарварии зироатхои афзалиятнок (пахта, гандум, картошка ва хуроки чорво) дар Донишгохи аграрии Точикистон ва Маркази миллии такмили ихтисоси Вазорати кишоварзии Чумхурии Точикистон бо рохи гузаронидани тренингхо, сафархои таълимию шиносои, курсхои такмили ихтисос ба рох монда мешавад.

13. ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ТУХМи: ТАЪСИСИ ФОНДХОИ ДАВЛАТи ВА СУГУРТАВИИ ТУХМи

  1. Барнома тахия намудани Тартиби ташкил ва истифодаи фонди давлатии тухмиро дар назар дорад, ки дар он бояд ташкил намудани фонди давлатии тухми, оид ба хариди тухмихои хушсифат аз дохил ва хоричи кишвар, нигохдори, истифодабарии максадноки тухми аз тарафи субъектхои хочагидори, гардиши фонди давлатии тухми, чудо намудани тухми ба хочагихои аз офатхои табии зарардида ва дигар омилхое, ки ба рушди соха мусоидат менамоянд, ба инобат гирифта шаванд.
  2. Аз хисоби захирахои тухмии фонди давлатии ба фуруш нарафта ва тухмии дар субъектхои хочагидори бокимонда фонди сугуртавии тухми ташкил карда мешавад. Тартиби ташаккул ва истифодаи фонди сугуртавии тухмиро макоми ваколатдори давлати дар сохаи кишоварзи мукаррар менамояд.

14. ТАТБИКИ БАРНОМА

  1. Барои ноил гардидан ба хадафхои Барнома ва татбики стратегия ва сиёсати Хукумати Чумхурии Точикистон оид ба рушди селексия ва тухмипарвари ичрои вазифахои зерин дар назар дошта шудааст:

– мустахкам намудани заминаи моддию техники ва иктидори илмии пажухишгоххои тадкикоти дар сохаи селексия ва тухмипарварии ибтидоии зироатхои афзалиятнок – пахта, гандум, картошка, зироатхои хуроки чорво ва дарахтони мевадор;

– дар баробари бахши чамъияти инкишоф додани селексияи хусусии растанихо ва чори намудани системаи чамъоварии хакки муаллифии селексионерон;

– бо максади истехсоли тухмихои хушсифат ва пешгири намудани омехташавии тухмихо, дар хар як минтака ё дар заминаи корхонахои пахтатозакуни ташкил намудани хатхои махсуси коркарди тухмии пахта, тахти назорати доимии Вазорати кишоварзи;

– ташкили хочагихои тухмипарварии элити дар заминаи хочагихои мавчудаи тухмипарвари ва парваришхонахо (дарахтони мевадиханда, ороиши, ангур) ва мустахкам иамудани заминаи моддию техникии онхо;

– ташкили истехсоли тухмихои репродуксияашон баланди (суперэлита ва элита) зироатхои афзалиятнак дар хочагихои тухмипарварии элити дар асоси бастани карордодхо байни селексионер ва истехсолкунандагони тухми;

– баланд бардоштани хавасмандии хочагихои тухмипарварии элити бо максади зиёд намудани истехсоли тухмихои репродуксияашон баланд бо рохи пешниход намудани субсидияхо аз бучети давлати, хавасмандгардонии истехсолот ва истифода бурдани тухмихои сертификатсиякунонидашуда;

– дастгирии рушди тухмипарварии тичорати бо рохи пешниход намудани карзхо, чалби кумакхои гранти ва сармояи хоричи ба бахш ва мухайё намудани шароит барои ракобати солими бахшхои хусуси ва чамъиятии тухмипарвари;

– тайёр намудани кадрхо ва такмил додани сатхи дониш ва тачрибаи мутаххассисон бо рохи гузаронидани трейнингхо, саёхатхои таълими, курсхои такмили ихтисос ва гайра.

15. МАНБАЪХОИ МАБЛАГГУЗОРИИ БАРНОМА

  1. Маблаггузории Барнома дастгирии рушди тамоми рукнхои силсилаи тухмипарвариро бо рохи пешниход намудани маблагхо аз бучети давлати, худмаблаггузори, карзхо, лаихахои гранти ва сармоягузори, маблагхои истехсолкунандагони тухми, хамчунин чалб намудани сармоягузорихо ба соха дар назар дорад.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …