Главная / Ҷамъият / ҚАРОРИ БОРАИ БАРНОМАИ РУШДИ СОҲАИ ТУХМИПАРВАРӢ

ҚАРОРИ БОРАИ БАРНОМАИ РУШДИ СОҲАИ ТУХМИПАРВАРӢ

ҚАРОРИ  ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БАРНОМАИ РУШДИ СОҲАИ ТУХМИПАРВАРӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2016-2020

Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва бо мақсади рушди минбаъдаи соҳаи тухмипарварӣ ва афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баҳри таҳкими амнияти озуқаворӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи он тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд).
  2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи маблағҳои дар буҷети давлатӣ барои солҳои 2016-2020 пешбинигардида ба Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи тухмипарварӣ ҳар сол маблағ ҷудо намуда, ҷиҳати ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ барои иҷрои Барномаи мазкур чораҳои мушаххас андешанд.
  3. Вазорату идораҳои дахлдор, раисони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати амалигардонии Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 тадбирҳоп зарурӣ андешида, ҳар сол то 10 феврал аз корҳои анҷомдодашуда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

 

 

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                         Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 28 октябри соли 2016, № 438

ш. Душанбе

Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

jyudoshavo-oila

Сабаби ҷудошавии оилаҳо: 10-тои асосӣ

Вайрон шудани оилаҳо дар замони ҳозира боз ҳам зиёд шуда истодааст ва сабаби он Падару …