Главная / Чамъият / БАРНОМАИ РУШДИ НЕРУ ВА МОЛИКИЯТИ ЗЕХНИИ ИНСОН ДАР ДАВРАИ ТО СОЛИ 2020

БАРНОМАИ РУШДИ НЕРУ ВА МОЛИКИЯТИ ЗЕХНИИ ИНСОН ДАР ДАВРАИ ТО СОЛИ 2020

Бо карори Хукумати

Чумхурии Точикистон

аз 3 декабри соли 2012, № 687

тасдик шудааст

БАРНОМАИ РУШДИ НЕРУ ВА МОЛИКИЯТИ ЗЕХНИИ ИНСОН ДАР ДАВРАИ ТО СОЛИ 2020 

Мукаддима

  1. Асоси тахияи Барномаи рушди неру ва моликияти зехнии инсон дар давраи то соли 2020 (минбаъд – Барнома)-ро банди 22 карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз 24 январи соли 2012, № 34 “Дар бораи натичахои рушди ичтимоию иктисодии Чумхурии Точикистон дар соли 2011 ва вазифахо дар соли 2012” ва банди 16 Накшаи чорабинихо оид ба ичрои дастуру супоришхои Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомали Рахмон зимни вохури бо омузгорон ва донишчуёни муассисахои тахсилоти оли бахшида ба Рузи дониш дар Донишгохи технологии Точикистон (1 сентябри соли 2011) ташкил медихад.
  2. Барнома аз мачмуи кисмхои конунгузори, сохтори, ташкили ва вазифави иборат мебошад, ки онхо дастгири ва рушди фаъолияти зехни, хифзи самараноки моликияти зехниро таъмин мекунанд..

maina-kala-zehn-donish

1. Тавзехи зарурати кабули Барномаи рушди неру ва моликияти зехнии инсон дар давраи то соли 2020

  1. Бо ба даст овардани Истиклолияти давлати дар Чумхурии Точикистон мархилаи нави инкишофи чомеаи точик огоз ёфт. Давлатро зарурат пеш омад, ки ба масъалаи рушди неруи аклони ва моликияти зехни диккати махсус дихад. Дар чахони муосир, вакте ки илм ва технология бо суръат рушд мекунанд, рушди неруи зехни ва моликияти зехни дар хар як мамлакат гарави таъмини амнияти иктисоди ва рушди иктисодиёти инноватсионии он мебошад. Вазифаи стратегии Чумхурии Точикистон гузариши мархила ба мархилаи иктисодиёт ба рохи инноватсионии рушд мебошад ва вобаста ба ин сиёсати давлатии Чумхурии Точикистон ба хавасмандгардонии рушди неруи инсон ва эчодиёти зехни нигаронида шудааст.

Солхои Истиклолияти давлатии Чумхурии Точикистон аз тарафи Хукумати мамлакат чорахое оид ба дастгирии неруи зехни, рушди фаъолияти зехни ва инноватсиони, фаъолияти эчоди, хифзи моликияти зехни андешида шудаанд. Хуччати муайянкунанда дар ин соха Конститутсияи (Сарконун)-и Чумхурии Точикистон аст, ки дар моддаи 40 он омадааст: “Хар шахс хак дорад озодона дар хаёти фархангии чамъият, эчоди бадеи, илми ва техники ширкат варзад, аз дастовардхои онхо истифода кунад. Сарватхои фарханги ва маънавиро давлат химоя мекунад. Моликияти зехни дар химояи конун аст”.

  1. Дар Чумхурии Точикистон Низоми миллии хифзи моликияти зехни таъсис ёфта ва он амал мекунад. Бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз 29 майи соли 1993, № 242 бо максади химояи манфиатхои давлати дар сохаи ихтироот, намунахои саноати, тамгахои моли ва тамгахои хизматрасони, хамохангсозии корхои ихтироъкори дар чумхури дар назди Вазорати рушди иктисод ва савдои Чумхурии Точикистон Муассисаи давлатии Маркази миллии патенту иттилооти таъсис дода шуда буд. Хамчунин ба максади химояи хукуку манфиатхои конунии муаллифон дар Чумхурии Точикистон ва истифодаи асархои шахрвандони чумхури дар хоричи кишвар, бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз 28 декабри соли 2006, № 604 дар назди Вазорати фарханги Чумхурии Точикистон Шуъбаи хукук, хифзи хукуки муаллиф ва хукукхои вобаста таъсис дода шудааст.

Дар ин самт бештар аз 18 конун ва 9 карори Хукумати Чумхурии Точикистон кабул карда шудаанд, ки ба меъёрхои кодексхои Чумхурии Точикистон – граждани, чинои, гумруки ва чавобгарии маъмури -мувофик меоянд. Хамчунин даххо санадхои меъёрии зерконуни дар намуди низомномаю коидахо низ кабул гардидаанд, ки муносибатхоро нисбат ба объектхои алохидаи моликияти зехни аник намуда, сиёсати давлатиро дар сохаи илм муайян мекунанд ва ба дастгирии неруи илми ва тахкикоти илмии афзалиятдошта, фаъолияти зехни ва инноватсиони, андешидани чорахо оид ба хифзи моликияти зехни нигаронида шудаанд, аз чумла:

– Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи илм ва сиёсати давлати оид ба илму техника”;

– Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи Академияи илмхои Чумхурии Точикистон”;

– Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи фаъолияти инноватсиони”;

– карори Хукумати Чумхурии Точикистон “Дар бораи тасдики Стратегияи Чумхурии Точикистон дар сохаи илм ва технология барои солхои 2007-2015”;

– карори Хукумати Чумхурии Точикистон “Дар бораи тасдики Барномаи хамгироии илм ва тахсилоти олии Чумхурии Точикистон барои солхои 2010-2015”;

– карори Хукумати Чумхурии Точикистон “Дар бораи тасдики Стратегияи Чумхурии Точикистон дар сохаи илм ва технология барои солхои 2011-2015”;

– карори Хукумати Чумхурии Точикистон “Дар бораи тасдики Барномаи рушди инноватсионии Чумхурии Точикистон барои солхои 2011-2020”;

Дар ин хуччатхо ба андозаи муаяйн чихатхое низ инъикос гардидаанд, ки ба масъалахои рушди инноватсиони дар мамлакат, хавасмандгардонии фаъолияти ихтироъкори ва хифзи моликияти зехни муносибати бевосита доранд. Масалан, дар Барномаи рушди инноватсионии Чумхурии Точикистон барои солхои 2011-2020, дар кисми 5 “Чалби неруи илми дар равандхои инноватсиони” таваччух ба зарурати кабули чорахо оид ба бехтарсозии тамоми низоми фаъолияти ихтироъкори дар мамлакат махсусан таъкид карда шудааст: “Бо дарназардошти он, ки фаъолияти ихтироъкори ва истифодаи амалии ихтироъот яке аз омилхои мухими баланд бардоштани сатхи фаъолияти инноватсиони мебошад, лозим меояд, ки барои бехтарсозии ташкили тахкикоти патенти, корхои патентии хукуки ва литсензиони, дастгирии олимон ва кормандони илмию техники, ки ба фаъолияти ихтироъкори машгуланд, корхои зиёде ба сомон расонида шаванд”.

Дар Чумхурии Точикистон як катор конунхое низ кабул гардидаанд, ки баъзе намудхои фаъолияти зехни ва инноватсиониро ба танзим медароранд, аз чумла:

– “Дар бораи дастовардхои селексионии растанихо”;

– “Дар бораи хукуки муаллиф ва хукукхои вобаста ба он”;

– “Дар бораи намунахои саноати”;

– “Дар бораи ихтироот”;

– “Дар бораи хифзи хукукии топологияхои микросхемахои интеграли”;

– “Дар бораи ракобат ва махдудкунии фаъолияти инхисори дар бозорхои мол”;

– “Дар бораи ишорахои чугрофи”;

– “Дар бораи тамгахои моли ва тамгахои хизматрасони”;

– Дар бораи фаъолияти меъмори, шахрсози ва сохтмони”;

– “Дар бораи тухмипарвари”;

– “Дар бораи хифзи навъхо”.

Дар кисми сеюми Кодекси граждании Чумхурии Точикистон боби “Моликияти зехни” ворид карда шудааст.

Кабули санадхои меъёрии хукукии зикршуда бо дарназардошти стандарт ва меъёрхои байналмилали имкон доданд, ки дар чумхури барои ташаккул ва фаъолияти низоми максаднок ва фарогири конунгузори чихати таъмини рушди пайдарпаи моликияти зехни замина ба вучуд оварда шавад.

Чумхурии Точикистон ба хайати як катор созмонхои байналмилали ва минтакави оид ба хифз ва идоракунии моликияти зехни шомил гардид, хамчунин як катор созишномаю конвенсия ва шартномахои байналмилалиро, ки масъалахои хифзи моликияти зехниро ба танзим медароранд, имзо намуд ва ба онхо хамрох шуд, аз чумла:

– Конвенсияи Стокголм, ки Созмони умумичахонии моликияти зехниро таъсис дод (1967);

– Конвенсияи Париж дар бораи хифзи моликияти саноати (1883);

– Шартнома оид ба шарикии патенти (1970);

– Созишномаи Страсбург дар бораи таснифи байналмилалии патенти (1971);

– Созишномаи Нитсш дар бораи Таснифи байналмилалии молхо ва хизматхо барои бакайдгирии тамгахо (1957);

– Созишномаи Локарн, ки таснифи байналмилалии намунахои саноатиро мукаррар кардааст (1968);

– Шартномаи Будапешт дар бораи эътирофи байналмилалии махфуздории микроорганизмхо бо максади расмиёти патенти (1977);

– Созишномаи Мадрид дар бораи бакайдгирии байналмилалии тамгахо (1891);

– Конвенсияи умумичахони дар бораи хукуки муаллиф (1952);

– Конвенсияи Берн дар бораи хифзи асархои адаби ва бадеи (соли 1886);

– Созишнома дар бораи тадбирхои хифзи моликияти саноати ва таъсиси Шурои байнидавлати оид ба масъалахои хифзи моликияти саноати (соли 1993);

– Ташкилоти авруосиёии патенти (1994);

– Конвенсия оид ба хифзи манфиатхои ичрочиён, офарандагони фонограммахо ва ташкилотхои барномаи эфири (Рим, 1981);

– Ахдномаи Созмони умумичахонии моликияти зехни оид ба хукуки муаллиф (Женева, 1966);

– Ахдномаи Созмони умумичахонии моликияти зехни оид ба ичро ва фонограммахо (Женева,1966).

  1. Табиист, ки фаъолияти зехни ба такмили доимии заминаи меъёрии хукукие ниёз дорад, ки ин фаъолиятро ба танзим дарорад. Бо мурури солхо, дар рафти амалишавии Барнома зарурати тахияи санадхои нави конунгузори ба миён омада, ба конунгузори бо максади хавасмандгардонии фаъолияти зехни дар сохаи иктисодиёт бо дарназардошти тачрибаи аллакай андухтаи фаъолияти низоми меъёрии хукуки дар Чумхурии Точикистон, тахлили амалия, самаранокии татбик ва тамоюли рушди конунгузори дар сохаи фаъолияти зехни ва инноватсиони дар давлатхои дигар тагйиру иловахо ворид карда мешаванд.

Ба максади тафсири холат ва чараёни рушди неруи зехни ва инноватсиони ва самаранокии чамъбастии сохаи илмию инноватсионии Чумхурии Точикистон, баъзе индикаторхоеро (нишонихандахоеро) тахлил менамоем, ки онхо дар амалияи чахони чихати истифода кабул шудаанд.

Дар айни замон харочоти дохили ба тахкикот ва коркардхои илми дар Чумхурии Точикистон кариб 0,12 фоизро аз Мачмуи Махсулоти Дохили (ММД) ташкил медихад. Дар давлатхои мутаракки бошад, он дар худуди 1-3 фоиз аз ММД карор дорад. Бояд зикр намуд, ки харочот ба илм дар мамлакати мо ба таври доими меафзояд: дар соли 2011 агар он 38 миллиону 150 хазор сомониро ташкил дода бошад, пас дар соли 2012 он ба 50 миллиону 900 хазор сомони расидааст. Вале, бо вучуди ин таъмини молиявии тахкикот ва коркардхои илми хамоно нокифоя боки мемонад.

Тибки маълумотхои Вазорати рушди иктисод ва савдои Чумхурии Точикистон ба холати то 31 декабри соли 2011 дар чумхури дар сохаи илм 5756 нафар кормандони илми фаъолият менамуданд, ки аз онхо 2195 нафар сохиби дарачаи илми (аз чумла, 630 нафар доктори илм ва 1565 нафар номзади илм) ва 2931 нафар бе дарачаи илми мебошанд. Тибки маълумоти Комиссияи аттестатсионии Чумхурии Точикистон дар соли 2011 дар 48 Шурои диссертатсионие, ки дар Чумхурии Точикистон амал мекунанд, 336 рисола, аз чумла 26 рисолаи доктори ва 310 рисолаи номзади дифоъ карда шудаанд.

Хайати кормандоне, ки бо тахкик ва такмили илм машгуланд, аз руи хисоби ба 10 хазор нафари машгул дар иктисодиёт 24 нафарро ташкил медихад.

Микдори дархостхои патенти ба ихтироот, ки аз тарафи дархосткунандагони милли дар мамлакат пешниход шудаанд, дар соли 2008 – 113 адад, соли 2009 – 116 ададро ташкил дод. Мувофики маълумоти Комиссияи навъсанчии зироатхои кишоварзи ва хифзи навъи назди Вазорати кишоварзии Чумхурии Точикистон микдори патентхо ба дастовардхои селексиони дар соли 2011 – 13 адад, дар соли 2012 – 4 адад ва мувофикан дар ин солхо шаходатномахои муаллифи 66 ва 12 ададро ташкил медиханд. Ин нишондихандахо нисбат ба мамлакатхои аз чихати иктисоди пешрафта хеле паст мебошанд.

Оид ба имкониятхои истифодаи технологияхои муосири иттилоотию иртиботи бояд кайд кард, ки амалан хамаи муассисаву ташкилотхое, ки дар онхо тахкикоти илми гузаронида мешаванд, ба шабакаи Интернет дастраси доранд.

  1. Таъсири асноди меёърии хукукии дар Чумхурии Точикистон кабулгардида, ки асоси заминаи конунгузории фаъолияти сохаи моликияти зехниро ташкил медиханд, хамчунин шархи баъзе индикаторхои (нишондихандахои) мухими холат ва рушди низоми моликияти зехни дар мамлакати мо ва мукоисаи онхо бо мамлакатхои мутаракки нишон медихад, ки дар ин самт мушкилихои халталаб зиёданд. Ин мушкилотро ба максади ташаккул додани низоми муосири комил ва ба таври вокеи амалкунандаи моликияти зехни, ки чавобгуи стандартхои чахони бошад, хал бояд кард.

Ба чумлаи чунин мушкилот инхоро мансуб донистан мумкин аст: сатхи пасти татбики амалии натичахои фаъолияти зехни; чалби сусти чавонон ба сохаи эчодиёти илмию техники ва ихтироъкори; ташаккул наёфтани низоми тайёр кардани мутахассисон дар идоракунии моликияти зехни; сатхи нокифояи хифзи хукукхо ба объектхои моликияти зехни; самаранокии пасти тадбирхо оид ба пешгирии гардиши махсулоти кочок ва калбаки; норасоихо дар хамкории байниидорави ва набудани хамохангии зарури байни шарикхо оид ба таъмини химояи моликияти зехни; истифодаи сусти имкониятхои хамкорихои байналмилали барои дастгирии низоми эчодиёти зехни;

Холати вокеи ва мушкилоти мавчуда дар сохаи моликияти зехни, ахамияте, ки татбики максадноки натичахои фаъолияти зехни дар гузариши иктисодиёт ба рохи инноватсионии рушд дошта метавонад, хамчунин манфиатхои стратегии милли зарурати кабули Барномаи рушди неру ва моликияти зехнии инсонро дар давраи то соли 2020 такозо мекунанд.

2. Максад ва вазифахои асоси ва ичрокунандагони Барнома

  1. Максади Барнома ин такмили низоми миллии дастгири ва рушди моликияти зехни, хифзи моликияти зехни ва идоракунии он, фарохам овардани шароити мусоид барои истифода ва тичоратигардонии объектхои моликияти зехни, хавасмандгардонии фаъолияти инноватсиони ва ихтироъкори, фаъолияти эчоди, мустахкамгардонии афзалияти дастовардхои илми ва техникии олимон ва мутахассисони ватани, пешгирии гардиши махсулоти кочок ва калбаки мебошад.
  2. Барои расидан ба максадхои Барнома хал намудани вазифахои асосии зерин зарур аст:

– такмили заминаи меъёрии хукукии хифзи моликияти зехни;

– такмили низоми идораи моликияти зехни ва хифзи он, ташаккули инфрасохтори зарури;

– чораандеши оид ба химояи бозори чумхури аз густариш ва истифодаи махсулоти кочок ва калбаки;

– тайёр кардани мутахассисон дар сохаи моликияти зехни;

– баланд бардоштани самаранокии фаъолияти ихтироъкори ва чори намудани натичахои он дар гардиши иктисоди;

– равнак додани хадамот оид ба масъалахои моликияти зехни дар вазорату идорахо, муассисахои илми, муассисахои тахсилоти оли, ташкилоту корхонахо, таъмини ин хадамот бо мутахассисон;

– истифодаи тачрибаи байналмилалии фаъолияти низоми хифзи моликияти зехни.

  1. Самтхои асосии рушд ва хифзи моликияти зехни дар Чумхурии Точикистон инхо мебошанд:

– дастгири ва хавасмандгардонии фаъолияти инноватсиони ва ихтироъкори, рушди неруи зехни;

– такмили заминаи меъёрии хукукии моликияти зехни;

– ташаккул ва рушди инфрасохтори низоми хифзи моликияти зехни ва идораи он;

– пешгири ва бартарафсозии хукуквайронкунихо дар сохаи моликияти зехни;

– такмил ва равнак додани низоми тахсилот дар сохаи моликияти зехни;

– хамкории байналмилали оид ба рушди низоми моликияти зехни.

  1. Барои арзёби кардани самараноки ва натичадихии ичрои чорабинихои Барнома нишондихандахои оморие истифода мешаванд, ки онхо неруи зехни ва омилхои рушди он, объектхо ва фаъолият дар сохаи моликияти зехниро тавсиф медиханд.
  2. Ичрокунандагони Барнома вазорату идорахои Чумхурии Точикистон, макомоти ичроияи хокимияти давлатии вилоятхо, шахрхо, нохияхои Чумхурии Точикистои, Маркази миллии патенту иттилоот, Академияи илмхои Чумхурии Точикистон, Академияи илмхои кишоварзии Точикистон, Академияи илмхои тиббии назди Вазорати тандурустии Чумхурии Точикистон, Академияи тахсилоти Точикистон, муассисахои тахсилоти оли, муассисахои илмию тахкикотии сохави, корхона ва ташкилотхои Чумхурии Точикистон мебошанд.

3. Самтхои асосии татбики Барнома

§1. Дастгири ва хавасмандгардонии фаъолияти инноватсиони ва ихтироъкорй, рушди неруи аклони
  1. Натичахои назарраси эчодиёт дар хама сохахои фаъолияти инсон – илм ва технология, адабиёт, фарханг, истехсолот – бевосита ба сатхи умумии зехнии чомеа, самаранокии низоми тахсилот, ташаккули неруи илми ва фарохам овардани шароит барои рушди эчодиёти чавонон алокаманд аст. Махз дар давлатхое, ки дар онхо дар ин самт ба муваффакиятхо ноил гардиданд, нишондихандахои моликияти зехни бештар буда, иктисодиёт бо рохи инноватсиони таракки мекунад.

Дар Чумхурии Точикистон самти стратеги ба рушди низоми тахсилот, такмили неруи илмию техники, баланд бардоштани сатхи зехнии чомеа хамчун асос барои ташаккули иктисодиёти инноватсиони равона карда шудааст.

Бинобар ин, он далел тасодуфи нест, ки дар солхои охир Хукумати мамлакат якчанд асноди мухими ахамияти стратеги доштаро тасдик намуд: Стратегияи Чумхурии Точикистон дар сохаи илм ва технология барои солхои 2011-2015 ва Барномаи рушди инноватсионии Чумхурии Точикистон барои солхои 2011-2020. Нихоят боз як хуччати мухиме, ки накш ва ахамияти неруи зехниро дар рушди чомеа муайян мекунад, Барномаи рушди неру ва моликияти зехнии инсон дар давраи то соли 2020 мебошад.

Дар ин Барнома, бо максади инкишоф додани мукаррароти асосии мавчуда дар Стратегияи Чумхурии Точикистон дар сохаи илм ва технология барои солхои 2011-2015 ва Барномаи рушди инноватсионии Чумхурии Точикистон барои солхои 2011-2020, чорабинихое муайян карда шудаанд, ки ба мутамарказгардонии захирахо ва неруи илми дар тахкикоти афзалиятдошта, яъне дар он тахкикоте, ки тавассути онхо имконияти ба даст овардани далелхои нави илми ва ихтироот, тавлиди гояхои нави илми ва донишхои технологи, тахияи лоихахои инноватсионии ракобатпазир, хавасмандгардонии фаъолияти зехни ва инноватсиони, тичоратигардонии натичахои фаъолияти зехни ва то татбики онхо, фарохам овардани шароит барои фаъолияти эчодии олимон ва мутахассисони чавон зиёд аст, равона карда шудаанд.

  1. Бо дарназардошти эхтиёчоти рушди иктисодиёти мамлакат, махсусияти фаъолияти мактабхои илми, тачрибаи амалии чахонии табдили донишхои илми ба технологияхои ракобатпазир, ба чумлаи самтхои илми ва илмию технологи инхоро мансуб донистан мумкин аст: нанотехнологияхо ва наномавод; маводи филизии созандаги, маводи композитсионии полимери; манбаъхои баркароршавандаи энергия; усулхои моделсозии математикии муътадилгардонии кори гидроузелхо; биотехнология; селексияи навъхои зироатхои кишоварзи; технологияхои биологии тибби; ташхис, пешгири ва табобати касалихои инсон; технологияи истехсоли дорухои нави табобати дар асоси ашёи хоми махалли; пешгирии фочиахои табии ва техногени.

Ахамияти бузургро барои мамлакати мо халли масъалахои марбут ба дастгири ва хавасмандгардонии кори селексионерхо, ки ба чори намудани навъхои нави зироатхои кишоварзи ва зотхои чорво, масъалахои танзим ва хифзи моликияти зехнии онхо машгуланд, сохиб аст. Накши пешбарро дар иктисодиёти мамлакат комплекси агросаноати мебозад, бинобар ин, таваччухи махсусро ба асосхои растанипарвари ва чорводори – селексияи навъхои зироатхои кишоварзи ва зотхои чорво равона кардан зарур аст.

Дар Точикистон навъхои олии сатхи чахонии пунбадона, гандум чуворимакка, зироатхои хурока, меваги ва сабзавоти ба даст оварда шудаанд. Навъхои ватани дар кисми зиёди масохатхои киштбоби чумхури кишт мешаванд. Пас аз пошхурии Иттиходи Шурави тагйироти чидди дар комплекси агросаноатии мамлакат руй доданд, ки онхо ба тамоми низоми селексияи навъхои зироатхои кишоварзи ва зотхои чорво таъсир расониданд.

Тайи солхои Истиклолияти давлати як катор тадбирхо чихати батартибдарори ва дастгирии фаъолияти селексиони бо дарназардоштии тагйироте, ки дар комплекси агросаноатии мамлакат руй доданд, хамчунин талабот ва меъёрхое, ки ба фаъолияти селексиони дар аксарияти давлатхои чахон ва ташкилотхои байналмилали пешниход шудаанд, кабул гардиданд.

Конунхои Чумхурии Точикистон “Дар бораи тухмипарвари”, “Дар бораи хифзи навъхои растани” кабул карда шуданд. Тамоми корхои ташкили оид ба арзёбии дастовардхои селексиони чихати чори намудани навъхои нав, озмоиши онхо дар китъахои навъсанчии давлати, нохиябанди ва додани шаходатномахои муаллифи ба дастоварди селексиони ба зиммаи Комиссияи давлатии навъсанчии зироатхои кишоварзи ва хифзи навъи Вазорати кишоварзии Чумхурии Точикистон гузошта шудааст.

  1. Дар доираи амалисозии Барнома дар солхои наздик зарураст, ки корхои назаррасе оид ба такмили тамоми низоми фаъолияти селексиони, мувофик гардонидани он ба стандартхои байналмилали, хифзи манфиатхои селексионерхои ватани ва истехсолкунандагони махсулоти кишоварзи ичро карда шаванд.

Пеш аз хама зарур аст, ки корхои омодаги барои шомил гардидани Чумхурии Точикистон ба Созмони умумичахони оид ба навъхои растани ва хамрохшавии он ба Конвенсияи ин Созмон идома дода шаванд. Дохилшавии Чумхурии Точикистон ба Созмони умумичахони оид ба хифзи навъхои нави растанихо ба хифзи навъхо ва хукукхои селексионерхо дар сатхи чахони, табодули навъхо ва иттилооти илми, шиносои бо технология ва усулхои нави селексия, тахияи дурусти расмиёти мукарраргардида оид ба пардохти маблаг ба офарандагони навъхо, мукофотдихи барои парвариши навъхо мусоидат менамояд.

Ба Вазорати кишоварзии Чумхурии Точикистон, Комиссияи давлатии навъсанчии зироатхои кишоварзи ва хифзи навъхо, Академияи илмхои кишоварзии Точикистон зарур аст, ки оид ба рох надодан барои дар худуди Точикистон киштани тухмихои нохиябандинашуда, навъхое, ки оид ба пайдоиши онхо асноди мувофик вучуд надорад ё махсулоти кочок мебошанд, чорахои муассир тахия ва кабул намоянд. Набудани тартибот дар ин кор боиси омехташавии механики ва ифлосгардонии навъхои генотипии зироатхои кишоварзи, пастшавии сифати махсулот гардида, навъхо муаллифони худро гум мекунанд ва селексионерхои ватани бе химояи хукукхои худ ба моликияти зехни мемонанд.

Албатта, мубодилаи маводи генетики ва муайян кардани имконияти кишти навъхои селексияи хоричи дар кишвари мо, ки аз руйи хосилноки ва сифат аз навъхои махалли ками надоранд ва ё аз онхо бартари хам доранд, амалияи оддиест, ки дар тамоми давлатхо татбик мешавад. Вале ин чорабинихоро дар муассисахои илмию тахкикотии Академияи илмхои кишоварзии Точикистон зери назорати Комиссияи давлатии навъсанчии зироатхои кишоварзи ва хифзи навъхои Вазорати кишоварзии Чумхурии Точикистон амали намудан мебояд. Танхо ин муассисахо метавонанд оид ба имконияти кишти ин ё он навъ дар чумхури хулосаи дахлдор пешниход намоянд.

Яке аз масъалахои мухимтарини халталаб муайян кардани тартиби аники муносибатхо байни муаллифи навъ ва истехсолкунандаи махсулоти кишоварзи мебошад. Талаб карда мешавад, ки бо дарназардошти тачрибаи давлатхои хоричи асноди зарурии меъёрии хукуки ва низомномаю шартномахои мувофик тахия карда шаванд.

Муаллифони навъхо бояд ба он эътимод дошта бошанд, ки моликияти зехнии онхо зери химоя карор дорад ва барои истифодаи навъхои офаридаи онхо чи дар мамлакат ва чи дар хорич аз он ба онхо бо тартиби мукарраргардида маблаги мувофик пардохт карда мешавад.

Пас аз коркарди чидди ва хамачихатаи ин масъала зарур аст, ки ба конунхои Чумхурии Точикистон “Дар бораи дастовардхои селексионии растанихо”, “Оид ба тухмипарвари”, “Оид ба хифзи навъхои растанихо”, тагйироту иловахо ворид карда шаванд. Имкон дорад, ки хамаи чихатхои ин масъала дар карори махсуси Хукумати Чумхурии Точикистон инъикоси худро ёбанд.

  1. Дар доираи амалисозии Барнома пешбини мегардад, ки барои фаъолгардони ва пешгирии ихтироъкори, такмили низоми ташкили тахкикоти патенти, корхои патентии хукуки ва ичозатномадихи дар мамлакат бояд Маркази миллии патенту иттилоот, вазорату идорахо, Академияи илмхои Чумхурии Точикистон, академияхои сохави, муассисахои тахсилоти оли, ташкилоту корхонахо корхои зиёдеро ба сомон расонанд.

Бояд ба назар гирифт, ки фаъолияти ихтироъкори ва татбики амалии ихтироот яке аз омилхои асосии пешрафти илмию техники буданд, мебошанд ва хоханд буд. Ихтироъ кисми таркибии пешрафти инноватсиони мебошад, ки бе он рушди иктисодиёти муосири инноватсиони тасаввурнашаванда аст.

Зимни арзёби кардани фаъолияти вазорату идорахо, муассисахои илми ва муассисахои тахсилоти оли, корхонаву ташкилотхо ва рохбарони онхо мебояд, ки аз нишондихандаи фаъолияти ихтироъкори истифода карда шавад.

§2. Такмили заминаи меъёрии хукукии моликияти зехни
  1. Фаъолияти зехнии инсон омили муайянкунадаи пайдоиш ва рушди ахлокию моддии чомеаи инсони, вазъи амволи ва некуахволии моддии шахси алохида, чамъияту давлат ва хамчунин чомеаи чахони буд ва боки мемонад. Вобаста ба ин, танзими хукукии ин сохаи хаётан мухим нишондихандаи зарури ва афзалияти чамъияту давлат мебошад.

Ба дарки чунин мухимияти фаъолияти зехнии инсон, дар хар як давлат асосхои хукукии хифзи дастовардхои зехни тахия карда шудаанд, ки максади онхо ба фаъолияти эчоди, фурухти тичоратии натичахои ин эчодиёт хавасманд гардонидани одамон мебошад ва ин бешубха боиси рушди зехни, бехшавии холати амволии онхо мегардад ва, нихоят, ба устувории иктисодии давлат бевосита таъсир карда, ба рушди иктисодии он мусоидат менамояд.

Чумхурии Точикистон чун узви комилхукуки чомеаи чахони ба максади хавасмандгардонии фаъолияти зехни, хамчунин таъмини рушди неру сиёсати фаъолро оид ба фарохам овардани шароити зарури чихати хифзи дастовардхои зехни дар худуди худ амали менамояд.

  1. Дар айни замон дар Чумхурии Точикистон заминаи зарурии хукуки оид ба хифзи моликияти зехни мавчуд аст, ки он аз асноди меъёрии хукукии сатх ва сохахои гуногун иборат буда, дар даврахои гуногуни истиклолияти мамлакат тахия ва кабул шудаанд. Зикр кардан зарур аст, ки асноди хукуки тибки асноди хукукии байналмилали ва аз руйи натичахои машваратхои зарури бо ташкилотхои байналмилали кабул карда шудаанд.

Албатта, асоси хукукии хифзи моликияти зехни дар Чумхурии Точикистон Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон мебошад, ки тибки моддаи 40 он “Моликияти зехни дар химояи конун аст”. Хамин тавр, Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон муносибати чамъият ва давлатро нисбат ба моликияти зехни муайян карда, макомоти давлатиро ба тахия ва кабули асноди меъёрии хукукии зарурии соха, ба вучуд овардани шароити мусоид ва ичрои амалиётхои кодир ба таъмини хифзи ин навъи моликият хидоят менамояд.

Дар асоси ин мукаррароти конститутсиони, хифзи хукуки ва танзими хукукии минбаъдаи моликияти зехни бо санадхои меъёрии хукукии гуногуне таъмин карда мешавад, ки онхо хусусияти хукуки шахси ва хукуки оммави доранд.

Хифзи хукуки шахси ва танзими моликияти зехни дар сатхи санадхои меъёрии хукукии умуми ва махсуси конунгузории граждани таъмин карда мешавад. Дар низоми конунгузории граждани накши муайянкунанда, умуми ва пешбар ба Кодекси граждании Чумхурии Точикистон дода шудааст, ки дар он мукаррароти умумии хифз ва танзими моликияти зехни баён карда шудаанд. Мукаррароти махсуси хифз ва танзими моликияти зехни дар конунхои махсус ва санадхои зерконуни пешбини гардидаанд. Санадхои махсуси конунгузории граждани аз руйи ниход (институт)-хо ё алохида ва гурухи объектхои ба хам монанди моликияти зехни тахия ва кабул карда шудаанд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …