БАЛАНТИДИАЗ (Balantidiasis; balantidiosis), як навъ беморие, ки протозойхо (соддатаринхо) меангезанд. Хангоми он дар рудаи гафс захм пайдо шуда, исхол, дарди шикам ва табларза ба вучуд меояд. Б. асосан дар нохияхои хукпарвари пахн гаштааст. Ангезандаи бемори балантидияхо (Balantidium coli) буда, онхо дар рудаи гафси хук, баъзан саг ва одам зиндаги мекунанд. Балантидияхо дар сурохи рудаи гафси одам афзоиш карда, ягон нишонаи бемориро ба вучуд намеоранд. Аломатхои Б. дар мавриди ба девораи руда чукуртар рафтани балантидияхо рух менамоянд.
Б. шадид ва музмин мешавад. Дар аснои Б. – и шадид бемор табу табларза карда, бехол мегардад, сар ва шикам дард мекунад, дилбехузури ва кай ба вучуд меояд; бемор дар як руз то 15 – 20 маротиба казои хочат мекунад; начосат омехта бо хун ва луоб аст. Беморон зуд логар гашта, дар онхо нишонахои беобии организм ба мушохида мерасанд. Б.-и шадид то 2 мох идома меёбад. Чараёни Б.-и музмин давра ба давра аст. Дар даврахое, ки аломатхои маризи хомуш мегарданд, бемор худро хуб хис мекунад.
Бо максади пешгирии Б. тоза нигох доштани атрофи хукхонахо, баъди кор ва пеш аз таом шустани даст ахамияти калон дорад.
Инчунин кобед
Марги Мухаммад (с)
Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …