Главная / Гуногун / БАХОРИСТОН

БАХОРИСТОН

Хар гули равзаи¹ иблог², ки хаст
Гули ин бог зи руяш вараке!
Нест з- авроки3 чаман мургонро
Ба чуз авсофи4 чамолаш сабаке…

Чун дар ин вакти дилписанд фарзанди арчманд Зиёуддин Юсуф… ба омухтани мукаддамоти каломи араб ва андухтани кавоиди фунуни адаб иштигол намуд ва пушида намонад, ки тифлони наврасида ва кудакони ранчнодидаро аз тааллуми 5 истилохоте, ки маънуси тибоъ б ва маълуфи истимоъи 7 эшон 8 нест, бар дил бори вахшатеву дар хотир губори дахшате менишинад, аз барои талтифи9 сар 10 ва ташхизи 11 хотири вай гох-гохе аз китоби «Гулистон», ки аз анфоси 12 мутабаррикаи шайхи номдор ва устоди бузургвор Муслихиддин Саъдии Шерозист,

М а с н а в и

На гулистон, ки равзае зи бихишт,
Хоку хошоки у абирсиришт!
Бобхояш бихиштро дархо,
Файздех киссахош кавсархо!
Нуктахояш нухуфта дар парда,
Рашки хурони нозпарварда!
Дилкаш ашъори у баландашчор 13
Аз нами лутфи  «тахтуха-л-анхор!» 14.

сатре чанд хонда мешуд. Дар он асно чунон дар хотир омад, ки табаррукан би анфоси-ш-шарифихи ва татаббуъан ли ашъори л-латифихи 15 вараке чанд бар он услуб сохта шавад ва чузве чанд бар он минвол пардохта гардад, то хозиронро достоне бошаду гойибонро армагоне. Ва чун ин маъни ба анчом расид ва ин сурат ба итмом анчомид,

Китъа

Бо хирад гуфтам:  «Чи созам зевари ин навъарус,

То ба чашми хостгоронаш фазояд зебу зайн?» 16

Гуфт:     «Дурхои санои шахриёри комгор —

Нусрат-уд-дунё 17, муизз-уд-давла 18, кахф-ул-хофикайн, 19

Ахтари бурчи чалолат,20 гавхари дурчи шараф,21

Шамъи базми дудаи22   Темурхон-султон Хусайн,

Осмонкадре, ки чун хур холи зарроти чахон

Бошад аз чашми иноят 23 дидан уро фарзи айн…» 24 

Китъа

«Гулистон» гарчи Саъди кард аз ин пеш
Ба номи Саъд бин Занги 25  тамомаш,
«Бахористон»-и ман ном аз касе ёфт,
Ки бошад Саъд бин Занги гуломаш! 

Китъа

Гузаре кун дар ин бахористон,
То бибини дар у гулистонхо!26        
В-аз латойиф27   ба хар гулистоне
Раста гулхо, дамида райхонхо! 

Ва тартиби ин «Бахористон» бар хашт равза иттифок афтодааст, хар равзае бихиштойин муштамил28 ба ранги дигар аз шакоик29 ва буи дигар аз раёхин 30, на шакоикашро аз поймоли боди хазон пажмурдаги ва на раёхинашро аз дастбурди барди дай31 афсурдаги! 

М а с н а в и

Дамида маргзораш бар чавониб, 32
Шукуфта лолазораш дар навохи!33
Зи шабнам лоларо х(в) ай 34  дар баногуш,
Зи борон гунчаро май дар сурохи!35 

Илтимос аз тамошойиёни ин риёзи 36 холи аз хори мулохазаи аъроз 37 ва хошоки мутолабаи38 аъвоз 39 он, ки чун ба кадами эхтимом 40 бар инон бигзаранд ва ба назари эътибор дар инхо бингаранд, богбонро, ки дар тарбияташон хуни чигар хурдаасту дар танмияташон 41 чони ширин бар лаб оварда, ба дуъое ёд кунанду ба саное шод гардонанд. 

К и т ъ а

Хар кас зи некбахтон з-ин тозарас дарахтон

Дар сояе нишинад ё мевае бичинад,

Он бих, ки пеш гирад ойини хакгузори,

Рохи карам сипорад, расми дуъо гузинад!

Гуяд, ки банда Чоми, к-ин равза сохт, ё раб,

Хамвора аз Худо пур в-аз худ тихи нишинад!

Чуз рохи у напуяд, чуз васли у начуяд,

Чуз номи у нагуяд, чуз руйи   у набинад! 

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

obama

Агар яке аз номзадхо бохтро эътироф накунад, чи мешавад?

ИМА рузи 3 ноябр тасмим мегирад, ки Доналд Трамп дар Кохи Сафед бимонад. Номзад ба …