Ҳар гули равзаи¹ иблоғ², ки ҳаст
Гули ин боғ зи рўяш варақе!
Нест з- авроқи3 чаман мурғонро
Ба ҷуз авсофи4 ҷамолаш сабақе…
Чун дар ин вақти дилписанд фарзанди арҷманд Зиёуддин Юсуф… ба омўхтани муқаддамоти каломи араб ва андўхтани қавоиди фунуни адаб иштиғол намуд ва пўшида намонад, ки тифлони наврасида ва кўдакони ранҷнодидаро аз тааллуми 5 истилоҳоте, ки маънуси тибоъ б ва маълуфи истимоъи 7 эшон 8 нест, бар дил бори ваҳшатеву дар хотир ғубори даҳшате менишинад, аз барои талтифи9 сар 10 ва ташхизи 11 хотири вай гоҳ-гоҳе аз китоби «Гулистон», ки аз анфоси 12 мутабаррикаи шайхи номдор ва устоди бузургвор Муслиҳиддин Саъдии Шерозист,
М а с н а в ӣ
На гулистон, ки равзае зи биҳишт,
Хоку хошоки ў абирсиришт!
Бобҳояш биҳиштро дарҳо,
Файздеҳ қиссаҳош кавсарҳо!
Нуктаҳояш нуҳуфта дар парда,
Рашки ҳурони нозпарварда!
Дилкаш ашъори ў баландашҷор 13
Аз нами лутфи «таҳтуҳа-л-анҳор!» 14.
сатре чанд хонда мешуд. Дар он асно чунон дар хотир омад, ки табаррукан би анфоси-ш-шарифиҳи ва татаббуъан ли ашъори л-латифиҳи 15 варақе чанд бар он услуб сохта шавад ва ҷузве чанд бар он минвол пардохта гардад, то ҳозиронро достоне бошаду ғойибонро армағоне. Ва чун ин маънӣ ба анҷом расид ва ин сурат ба итмом анҷомид,
Қитъа
Бо хирад гуфтам: «Чӣ созам зевари ин навъарўс,
То ба чашми хостгоронаш фазояд зебу зайн?» 16
Гуфт: «Дурҳои санои шаҳриёри комгор —
Нусрат-уд-дунё 17, муизз-уд-давла 18, каҳф-ул-ҳофиқайн, 19
Ахтари бурҷи ҷалолат,20 гавҳари дурҷи шараф,21
Шамъи базми дудаи22 Темурхон-султон Ҳусайн,
Осмонқадре, ки чун ҳур ҳоли зарроти ҷаҳон
Бошад аз чашми иноят 23 дидан ўро фарзи айн…» 24
Қитъа
«Гулистон» гарчи Саъдӣ кард аз ин пеш
Ба номи Саъд бин Зангӣ 25 тамомаш,
«Баҳористон»-и ман ном аз касе ёфт,
Ки бошад Саъд бин Зангӣ ғуломаш!
Қитъа
Гузаре кун дар ин баҳористон,
То бибинӣ дар ў гулистонҳо!26
В-аз латойиф27 ба ҳар гулистоне
Раста гулҳо, дамида райҳонҳо!
Ва тартиби ин «Баҳористон» бар ҳашт равза иттифоқ афтодааст, ҳар равзае биҳиштойин муштамил28 ба ранги дигар аз шақоиқ29 ва бўи дигар аз раёҳин 30, на шақоиқашро аз поймоли боди хазон пажмурдагӣ ва на раёҳинашро аз дастбурди барди дай31 афсурдагӣ!
М а с н а в ӣ
Дамида марғзораш бар ҷавониб, 32
Шукуфта лолазораш дар навоҳӣ!33
Зи шабнам лоларо х(в) ай 34 дар баногўш,
Зи борон ғунчаро май дар суроҳӣ!35
Илтимос аз тамошойиёни ин риёзи 36 холӣ аз хори мулоҳазаи аъроз 37 ва хошоки мутолабаи38 аъвоз 39 он, ки чун ба қадами эҳтимом 40 бар инон бигзаранд ва ба назари эътибор дар инҳо бингаранд, боғбонро, ки дар тарбияташон хуни ҷигар хўрдаасту дар танмияташон 41 ҷони ширин бар лаб оварда, ба дуъое ёд кунанду ба саное шод гардонанд.
Қ и т ъ а
Ҳар кас зи некбахтон з-ин тозарас дарахтон
Дар сояе нишинад ё мевае бичинад,
Он биҳ, ки пеш гирад ойини ҳақгузорӣ,
Роҳи карам сипорад, расми дуъо гузинад!
Гўяд, ки банда Ҷомӣ, к-ин равза сохт, ё раб,
Ҳамвора аз Худо пур в-аз худ тиҳӣ нишинад!
Ҷуз роҳи ў напўяд, ҷуз васли ў наҷўяд,
Ҷуз номи ў нагўяд, ҷуз рўйи ў набинад!