Азоб кардани кофирон
Кофирон дар каъри дузах фуру раванду боз ба боло оянд ва боз ба каър фуру раванд, яъне дар таги дузах раванду боз боло оянд. Хамчун мохи, ки ба равган пухта шавад. Боз пусту гушташон тоза шаваду абадулобод дар азоб бошанд.
Онхо фарёд бароранд, ки, эй бихиштиён, оби хунук бар мо бирезед.
Фармон ояд, ки неъматхои бихишт бар шумо харом аст. Агар шуморо чои хунук лозим бошад, дар дузах низ чои хунуки офаридаам.
Он гох Молики дузах онхоро дар водии хунук, ки аз барфу сармост, фуруд орад ва номи он води замхарир аст. Пас дар хунуки он чунон бигузоранд, ки устухонхояшон хам дар сузу гудоз ояд ва боз гушту пусташон тоза шаваду фарёд бароранд, ки ё Молик, боз моро дар оташ андоз. Хамчунин доим дар азоб бошанд.
Хак таъоло бо дузахиён ташнаги ва гуруснагиро бинихад. Фарёд бароранд, ки, эй Молик, аз гуруснаги хайрон шудем.
Молик аз меваи дарахти зукум, ки бенихоят талху бадбуст, онхоро бихуронад. Чун нахуранд, базур бихуронанду боз аз ташнаги фарёд бароранд.
Дар дузах дарёхои рим, яъне чирк аст. Аз он рим ба халки онхо бирезанд, то шиками онхо пур шавад ва он чи дар шиками онхо аст, хама фуру резад ва равганхои сузон бар руи хар яке бирезанд. Ба мучарради рехтан гушти руй дархол бирезад ва бигудозад ва устухони сафед падид ояд. Фигон бароранд, чунон ки дар дузах аз гиряи онхо чуйхои оби шуру талх равон шавад.
Нигахбонони дузах гуянд, ки, эй русиёхон, бо шумоён хеч пайгамбаре наёмада буд, ки аз ин рузу аз ин укубат шуморо хабар кунад?
Гуянд, ки: оре, пайгамбарон омада буданд ва моро тарсонида буданд, валекин мо онхоро дуруггуй медонистем.
Нигахбонони дузах гуянд, ки пас ин дуо ва зори ва фарёди шумо гумрохи аст, шуморо аз ин азоб халоси нест. Чун дузахиёнро токат намонад, фарёд бароранд, ки, эй Молик, бигу бо Худои худ то бимиронад моро, ки аз ин азоб халоси ёбем.
Молик гуяд, ки баъд аз ин шуморо марг нест ва хамчунин доим дар азоб хохед будан.
Боз зори намоянд ва хазор соли дигар биноланд ва гуянд, ки Худовандо, бадбахти бар мо галаба кард ва надонистем. Моро аз ин берун кун ва ба дунё фиристон. Агар микдори як чашм задан нофармони кунем, ба як гунохи мо сад баробар азоб кун.
Фармон даррасад, ки хор монед дар дузах ва сухан магуед бо ман ва хомуш бошед.
Пас ноумед шаванд. Абадулобод холи кофирон ин бошад. Аз хазор як азоби кофиронро дар ин чо баён накардаем, аз он чи дар китобу дар тафсирхо аст.
Дар шаби меъроч Молики дузах гуфт: – Ё Расулаллох, умматони худро бигу то гунох накунанд, ки ман бар хеч кас рахм намекунам. Ин чои золимон аст ва ин чои хамрхурон аст ва ин чои бенамозон аст ва чои зинокорону рибохорон аст.
Хочаи олим (с) чун ин холи дузахиёнро бидид, дарёи шафоати Наби (с) аз ботин мавч заду ашк аз чуйбори дидаи мубораки он хазрат равон шуд. Ба тазарруъ ва зори ба хазрати Кирдугор арз кард ва ба шафоати уммат мубодарат намуду гуфт: – Эй Чабраили амин, амома, яъне саллаи манро аз сарам бигир, то як маротиба сари худро бар остонаи дузах бинихам ва хочате аз хазрати Парвардигор дархохам, ки умматони маро токати азоби дузах набошад.
Он хазрат сари муборакро барахна сохта, бар остонаи дузах нихода, менолид ва об аз дидаи муборак мебориду мегуфт – Уммати, уммати, Худовандо, умматони осии ман пургуноханд, вале гуяндаи “Ло илоха илаллох”-анд, ба ягонагии ту ва ба Расул будани ман икроранд, онхоро ба ман бубахш.
Хоча алайхи салоту васаллом ба хамин тарик мегирист ва Чабраил (а) низ мегирист ва малоикахои осмонхо низ мегиристанд.
Ходаи олам (с) гуфт: – Худовандо, агар умматони маро набахшй, май cap аз остонаи дузах барнадорам ва аз нолаву гиря наёсоям.
Ногох хитоби Раббуларбоб даррасид, ки | Мухаммад (с), иродаи мо он аст, ки чун рузи киёмат шавад, халки аввалин ва охирин сари худ аз гур бардоранду дар махшари киёмат биёянд. Анбиё ва авлиё хозир шаванд ва ту бар болои макоми Махмуд барой ва осиёни умматро аз ман дархохй ва ман онхоро ба ту бахшам, то дар он руз иззату шафоати ту зохир шавад ва хам фазлу рахмати ман. Ту металабй ва ман мебахшам. Чандон осй ба ту бахшам, ки ту аз ман розй шавй.
Дузахро хафт табака мебошад. Табакаи аввали дузахро Чаханнам гуянд. Табакаи дуюми дузахро Лазо гуянд. Табакаи сеюми онро Хатама гуянд ва табакаи чахоруми дузахро Чахим гуянд. Табакаи панчуми дузахро Саъир гуянд. Табакан шашуми дузахро Сакар гуянд. Табакаи хафтуми дузахро Ховия гуянд.
Хар табака поёнтар аз табакаи дигарс мебошад ва азоби хар кадом сахтар аз дигаре аст, ки мо ин чо ба таври мухтасар баён намудем.
Илохо, хамаи муъминонро ва ин нависандаи гунахгори осиро аз оташи дузах начот дихи ба хурмати Расули акрам (с). Омин ё Раббу-л-оламин.