Главная / Маданият ва санъат / Азоб кардани кофирон

Азоб кардани кофирон

Азоб кардани кофирон

Кофирон дар қаъри дӯзах фурӯ раванду боз ба боло оянд ва боз ба қаър фурӯ раванд, яъне дар таги дӯзах раванду боз боло оянд. Ҳамчун моҳӣ, ки ба равған пухта шавад. Боз пӯсту гӯшташон тоза шаваду абадулобод дар азоб бошанд.

Онҳо фарёд бароранд, ки, эй бихиштиён, оби хунук бар мо бирезед.

Фармон ояд, ки неъматҳои биҳишт бар шумо ҳаром аст. Агар шуморо ҷои хунук лозим бошад, дар дӯзах низ ҷои хунукӣ офаридаам.

Он гоҳ Молики дӯзах онҳоро дар водии хунук, ки аз барфу сармост, фурӯд орад ва номи он водӣ замҳарир аст. Пас дар хунукӣ он чунон бигузоранд, ки устухонҳояшон ҳам дар сӯзу гудоз ояд ва боз гӯшту пӯсташон тоза шаваду фарёд бароранд, ки ё Молик, боз моро дар оташ андоз. Ҳамчунин доим дар азоб бошанд.

Ҳақ таъоло бо дӯзахиён ташнагӣ ва гуруснагиро биниҳад. Фарёд бароранд, ки, эй Молик, аз гуруснагӣ ҳайрон шудем.

Молик аз меваи дарахти зуқум, ки бениҳоят талху бадбӯст, онҳоро бихӯронад. Чун нахӯранд, базӯр бихӯронанду боз аз ташнагӣ фарёд бароранд.

Дар дӯзах дарёҳои рим, яъне чирк аст. Аз он рим ба ҳалқи онҳо бирезанд, то шиками онҳо пур шавад ва он чӣ дар шиками онҳо аст, ҳама фурӯ резад ва равғанҳои сӯзон бар рӯи ҳар яке бирезанд. Ба муҷарради рехтан гӯшти рӯй дарҳол бирезад ва бигудозад ва устухони сафед падид ояд.  Фиғон бароранд, чунон ки дар дӯзах аз гиряи онҳо ҷӯйҳои оби шуру  талх равон шавад.

Нигаҳбонони дӯзах гӯянд, ки, эй рӯсиёҳон, бо шумоён ҳеҷ пайғамбаре наёмада буд, ки аз ин рӯзу аз ин уқубат шуморо хабар кунад?

Гӯянд, ки: оре, пайғамбарон омада буданд ва моро тарсонида буданд, валекин мо онҳоро дурӯғгӯй медонистем.

Нигаҳбонони дӯзах гӯянд, ки пас ин дуо ва зорӣ ва фарёди шумо гумроҳӣ аст, шуморо аз ин азоб халосӣ нест. Чун дӯзахиёнро тоқат намонад, фарёд бароранд, ки, эй Молик, бигу бо Худои худ то бимиронад моро, ки аз ин азоб халосӣ ёбем.

Молик гӯяд, ки баъд аз ин шуморо марг нест ва ҳамчунин доим дар азоб хоҳед будан.

Боз зорӣ намоянд ва ҳазор соли дигар биноланд ва гӯянд, ки Худовандо, бадбахтӣ бар мо ғалаба кард ва надонистем. Моро аз ин берун кун ва ба дунё фиристон. Агар миқдори як чашм задан нофармонӣ кунем, ба як гуноҳи мо сад баробар азоб кун.

Фармон даррасад, ки хор монед дар дӯзах ва сухан магӯед  бо ман ва хомӯш бошед.

Пас ноумед шаванд. Абадулобод ҳоли кофирон ин бошад. Аз ҳазор як азоби кофиронро дар ин ҷо баён накардаем, аз он чӣ дар китобу дар тафсирҳо аст.

Дар шаби меъроҷ Молики дӯзах гуфт: – Ё Расулаллоҳ, умматони худро бигу то гуноҳ накунанд, ки ман бар ҳеҷ кас раҳм намекунам. Ин ҷои золимон аст ва ин ҷои хамрхӯрон аст  ва ин ҷои бенамозон аст ва ҷои зинокорону рибохорон аст.

Хоҷаи олим (с) чун ин ҳоли дӯзахиёнро бидид, дарёи шафоати Набӣ (с) аз ботин мавҷ заду ашк аз ҷӯйбори дидаи мубораки он ҳазрат равон шуд. Ба тазаррӯъ ва зорӣ ба ҳазрати Кирдугор арз кард ва ба шафоати уммат мубодарат намуду гуфт: – Эй Ҷабраили амин, амома, яъне саллаи манро аз сарам бигир, то як маротиба сари худро бар остонаи дӯзах биниҳам ва ҳоҷате аз ҳазрати Парвардигор дархоҳам, ки умматони маро тоқати азоби дӯзах набошад.

Он ҳазрат сари муборакро бараҳна сохта, бар остонаи дӯзах ниҳода, менолид ва об аз дидаи муборак мебориду мегуфт – Умматӣ, умматӣ, Худовандо, умматони осии ман пургуноханд, вале гӯяндаи “Ло илоҳа илаллоҳ”-анд, ба ягонагии ту ва ба Расул будани ман икроранд, онҳоро ба ман бубахш.

Хоҷа алайҳи салоту васаллом ба ҳамин тариқ мегирист ва Ҷабраил (а) низ мегирист ва малоикаҳои осмонҳо низ мегиристанд.

Ходаи олам (с) гуфт: – Худовандо, агар умматони маро набахшй, май cap аз остонаи дӯзах барнадорам ва аз нолаву гиря наёсоям.

Ногоҳ хитоби Раббуларбоб даррасид, ки | Мухаммад (с), иродаи мо он аст, ки чун рӯзи киёмат шавад, халки аввалин ва охирин сари худ аз гӯр бардоранду дар маҳшари киёмат биёянд. Анбиё ва авлиё хозир шаванд ва ту бар болои макоми Махмуд барой ва осиёни умматро аз ман дархохй ва ман онҳоро ба ту бахшам, то дар он рӯз иззату шафоати ту зохир шавад ва ҳам фазлу рахмати ман. Ту металабй ва ман мебахшам. Чандон осй ба ту бахшам, ки ту аз ман розй шавй.

Дӯзахро ҳафт табака мебошад. Табақаи аввали дӯзахро Ҷаҳаннам гӯянд. Табақаи дуюми дӯзахро Лазо гӯянд. Табакаи сеюми онро Ҳатама гӯянд ва табақаи чахоруми дӯзахро Ҷахим гӯянд. Табакаи панҷуми дӯзахро Саъир гӯянд. Табакан шашуми дӯзахро Сақар гӯянд. Табақаи хафтуми дӯзахро Ҳовия гӯянд.

Ҳар табака поёнтар аз табакаи дигарс мебошад ва азоби ҳар кадом сахтар аз дигаре аст, ки мо ин чо ба таври мухтасар баён намудем.

Илоҳо, ҳамаи мӯъминонро ва ин нависандаи гунаҳгори осиро аз оташи дӯзах наҷот диҳӣ ба ҳурмати Расули акрам  (с). Омин ё Раббу-л-оламин.

 

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …