Главная / Чамъият / Адабиёти таълими

Адабиёти таълими

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

Дар бораи адабиёти таълимИ

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2014, №7, к. 2, мод. 419)

Конуни мазкур муносибатхои чамъиятиро оид ба тахия ва нашри адабиёти таълими ба танзим дароварда, кафолат ва талаботи давлатиро ба адабиёти таълими муайян менамояд.

БОБИ 1.

МУКАРРАРОТИ УМУМИ

  Моддаи 1. Мафхумхои асоси

kitobhoi_muqadas

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин  истифода мешаванд:

адабиёти таълими – асархои хатти ва чопи, ки хамчун воситаи таълими барои хамаи зинахои тахсилот, такмили ихтисос, бозомузи ва тахсилоти иловаги интишор меёбанд;

адабиёти таълимии асоси – нашрияхои таълимие, ки нишони макоми ваколатдори давлати дар сохаи маориф ва (ё) шурохои илмию методии муассисахои таълимии тахсилоти миёна ва олии касби ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимиро доранд;

адабиёти таълимии иловаги – нашрияхои таълимие, ки барои омузиши амики фанни мушаххас дорои маводи иловаги ба барномаи таълими мебошанд;

адабиёти таълимии электрони– мачмуи иттилооти графики,  матни, раками, нутки, мусикави, тасвириву бисёррасонави барои хамаи зинахои тахсилот, ки дар шаклхои гуногуни электрони мавчуданд;

захираи электронии (ракамии) таълими – маводи таълимие, ки дар тачхизоти электрони ё компютер махфуз мебошанд;

нашрияи таълими – нашрияе, ки барои истифода дар раванди таълиму тарбия аз руйи барномаи таълимии мушаххас барои ноил шудан ба максади муайяни таълим нашр гардидааст;

нишони макоми ваколатдори давлати дар сохаи маориф дар адабиёти таълими – нишоне, ки макоми ваколатдори давлати дар сохаи маориф ба нашрияи таълимии ба талаботи стандартхои давлатии тахсилот чавобгу додааст;

нишони шурохои илмию методии муассисахои таълими дар адабиёти таълими – нишоне, ки шурохои илмию методии муассисахои таълимии тахсилоти миёна ва олии касби ва касбии баъд аз муассисаи олии таълими ба нашрияи таълимии ба талаботи стандартхои давлатии тахсилот дар сохахои дахлдор чавобгу додаанд;

экспертизаи сифати адабиёти таълими – арзёбии мутобикати адабиёти таълими ба стандартхои давлатии тахсилот, талаботи ба сатхи омодагии хатмкунандагони зинаи дахлдори тахсилот тасдикгардида, дастовардхои муосири илми бо назардошти барномаи таълими ва имконияти  худомузи, инчунин талабот нисбат ба сохтор ва дастгохи усулии адабиёти таълими мутобики хусусиятхои синнусоли ва равонии таълимгирандагон;

фармоишгари экспертизаи сифати адабиёти таълими – макоми ичроияи марказии хокимияти давлати, нашриёт, иттиходияхои чамъияти, воситахои ахбори омма ва дигар ташкилотхои гайритичоратию шахрвандони ташаббускори экспертиза;

хадди акали хатмии мазмуни барномахои таълими  – мазмуни чамъбастшудаи илму дониш, ки муассисахои таълимии давлати ва гайридавлати ухдадоранд ба таълимгирандагон пешниход намоянд;

хадди акали номгуйи давлатии адабиёти таълими – микдори  кофии номгуйи адабиёти таълими, ки барои азхудкунии хадди акали хатмии мазмуни барномахои таълимии зинахои тахсилот дар муассисахои таълимии давлати ва гайридавлати зарур мебошад.

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи  адабиёти таълими

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи адабиёти таълими ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ва  санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Асосхои сиёсати давлати дар сохаи адабиёти таълими

Сиёсати давлати дар сохаи адабиёти таълими ба дурнамо, консепсияхо, стратегияхо ва барномахои давлатии рушди сохаи маориф асос меёбад.

Моддаи 4. Принсипхои сиёсати давлати дар сохаи адабиёти таълими

Ба принсипхои сиёсати давлати дар сохаи адабиёти таълими мансубанд:

– мутобикат ба раванди муттасили таълиму тарбия;

– пешниходи хадди акали номгуйи давлатии адабиёти таълими ба cубъектхои раванди таълиму тарбия;

– бо адабиёти таълими таъмин кардани таълимгирандагони ятиму бепарастор, кудакони имконияташон махдуд, маъюбон ва дигар шахсони мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон;

– кафолати дастрасии озоди адабиёти таълимии фондхои китобхонахои муассисахои таълимии давлати ва дигар китобхонахои дастраси умум;

– бо озмун таъмин намудани интихоби тахия, нашр ва нашри такрории адабиёти таълими дар доираи хадди акали номгуйи давлатии адабиёти таълими;

– мутобикати адабиёти таълимии нашршаванда ба меъёрхои мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон дар сохаи маориф;

– риояи муттасили ва инноватсиони дар масъалахои тахия, нашр ва нашри такрории адабиёти таълими;

– таъмини нашри теъдоди зарурии хадди акали ном-гуйи давлатии адабиёти таълими мутобик ба шумораи таълимгирандагон ва дурнамои афзоиши онхо;

– кафолати пардохти хакки хизмат барои тахия, мураттиби, такриз, тарчума, нашр ва нашри такрории адабиёти таълими.

Моддаи 5. Кафолати давлати дар сохаи адабиёти таълими

Дар сохаи адабиёти таълими давлат инхоро кафолат медихад:

– хукуки муаллифон ба иштироки баробар дар озмунхои тахия, нашр ва нашри такрории адабиёти таълими, аз чумла дар доираи хадди  акалли номгуйи давлатии адабиёти таълими;

– нашр ва хариди адабиёти таълими барои эхтиёчоти давлати мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон;

– баргузории озмунхои кушод барои тахия, нашр ва таъмин бо адабиёти таълими барои эхтиёчоти давлати;

– хифзи истифодабарандагон аз адабиёти таълимии бесифат тавассути кабули стандартхои давлати барои нашрияхои таълими ва экспертизаи хатмии онхо.

 

БОБИ 2.

ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ СОХАИ АДАБИЁТИ ТАЪЛИМИ

Моддаи 6. Салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон дар сохаи адабиёти таълими

Хукумати Чумхурии Точикистон дар сохаи адабиёти таълими чунин салохият дорад:

– дар доираи маблагхои бучети давлати харочотро барои тахия, нашр, экспертиза ва дастрас намудани адабиёти таълими тасдик мекунад;

– меъёри таъмини субъектхои раванди таълиму тарбияро бо адабиёти таълими тасдик мекунад;

– хадди акали номгуйи давлатии адабиёти таълимиро тасдик менамояд;

– бо пешниходи макоми ваколатдори давлати дар сохаи маориф теъдоди умумии адабиёти таълимиро тасдик карда, номгуйи онро ба руйхати таъминоти мол барои эхтиёчоти давлати дохил менамояд;

– низомномаи намунавиро оид ба тахия, экспертиза ва нашри адабиёти таълими тасдик менамояд;

– барномахои давлати ва байналмилалиро оид ба нашри адабиёти таълими тасдик менамояд;

– дигар салохиятхоеро, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини намудааст, амали менамояд.

Моддаи 7. Ваколатхои макоми ваколатдори давлати дар сохаи маориф вобаста ба сохаи   адабиёти таълими

Макоми ваколатдори давлати дар сохаи маориф вобаста ба сохаи адабиёти таълими дорои ваколатхои зерин мебошад:

– сиёсати давлатиро дар сохаи адабиёти таълими амали мегардонад;

– низомномаи намунавиро оид ба тахия, экспертиза ва нашри адабиёти таълими тахия ва ба Хукумати Чумхурии Точикистон барои тасдик пешниход менамояд;

– барномахои давлати ва байналмилалиро оид ба нашри адабиёти таълими амали мегардонад;

– дар зинахои тахсилоти миёнаи касби ва олии касби номгуйи ихтисосхои  афзалиятнокро, ки мутобики он нашри адабиёти таълими амали карда мешавад, тасдик менамояд;

– барои нашри адабиёти таълими озмунхо доир намуда, бахри бо адабиёти таълими таъмин намудани муассисахои таълими дар озмунхои байналмилали иштирок менамояд;

– натичахои тасдикгардидаи озмунхоро оид ба тахия ва нашри адабиёти таълими тибки талаботи мукарраргардида дар воситахои ахбори омма интишор менамояд;

– коидахо, меъёрхо, тавсияхо ва таклифхоро оид ба таъмини сохаи маориф бо адабиёти таълими бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон тахия ва тасдик мекунад;

– дастрасии адабиёти таълимиро барои субъектхои раванди таълиму тарбия мутобики Конуни мазкур таъмин менамояд;

– мутобики талаботи низоми таълими кредити ва тахсилоти фосилави усули дастрасии адабиёти таълимиро муайян менамояд;

– адабиёти таълимии нашргардидаро бо максади таъмини дастрасии озоди шахрвандон дар сомонаи интернети чойгир мекунад;

– дар доираи маблагхои бучети давлати харочотро барои тахия, экспертиза, нашр ва дастрасии адабиёти таълими тахия менамояд;

– талаботи ягонаро оид ба таъминот бо адабиёти таълими тахия ва тасдик намуда, хангоми ичозатномадихи ва аккредитатсияи муассисахои таълими ичрои онхоро назорат мекунад;

– нишондихандаи хадди акали номгуйи давлатии адабиёти таълимиро ба сифати яке аз меъёрхо хангоми ичозатномадихи ва аккредитатсияи муассисахои таълими истифода мебарад;

– такмили ихтисоси муаллифони адабиёти таълимиро ташкил менамояд;

– номгуйи давлатии адабиёти таълимиро тасдик мекунад;

– як мох пеш аз огози соли молияви дар воситахои ахбори омма номгуйи давлатии адабиёти таълимиро, ки соли оянда нашр мешавад, интишор менамояд;

– фармоишгари давлати барои нашри китобхои дарси ва воситахои таълимии ба номгуйи давлатии адабиёти таълими дохилшуда мебошад;

– дигар ваколатхоеро, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини намудааст, амали мегардонад.

Моддаи 8. Ваколатхои вазорату идорахо, ки дар сохтори худ муассисахои таълимиву   тарбияви доранд, дар сохаи адабиёти таълими 

Вазорату идорахое, ки дар сохтори худ муассисахои таълимиву тарбияви доранд, дар сохаи адабиёти таълими дорои ваколатхои зерин мебошанд:

– барои муассисахои таълимии сохтории худ адабиёти таълимии асосиро тахия карда, онро бо тартиби мукарраршуда барои тасдик ба макоми ваколатдори давлати дар сохаи маориф пешниход менамоянд;

– маблаггузории муассисахои таълимии сохтории худро барои нашр, нашри такрори ва дастрасии адабиёти таълимии асоси ва иловаги аз хисоби маблагхои худ таъмин менамоянд;

– барои сохахои дахлдор фармоишгари экспертизаи сифати адабиёти таълими мебошанд;

– дигар ваколатхоеро, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини намудааст, амали мегардонанд.

 

Моддаи 9. Ваколатхои макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати дар сохаи адабиёти  таълими 

Макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати дар сохаи адабиёти таълими дорои ваколатхои зерин мебошанд:

– дар доираи имкониятхои худ муассисахои таълимиро бо адабиёти таълими таъмин мекунанд;

– ба таълимгирандагони ятиму бепарастор, кудакони имконияташон махдуд, маъюбон ва дигар шахсони мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон бо максади таъмин намудани онхо бо адабиёти таълими имтиёзхои иловаги мукаррар менамоянд;

– дигар ваколатхоеро, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини намудааст, амали мегардонанд.

 

Моддаи 10. Ваколатхои макомоти махаллии идоракунии маориф дар сохаи адабиёти  таълими

Макомоти махаллии идоракунии маориф дар сохаи адабиёти таълими дорои ваколатхои зерин мебошанд:

– таъминот бо адабиёти таълими ва дастрасии онро дар муассисахои таълимии макоми махаллидошта, новобаста ба шакли ташкиливу хукуки, аз нуктаи назари гуруххои таълимгирандагон ва забони таълим тахлил мекунанд ва ба хисоб мегиранд;

– тартиби аз нав таксим кардани адабиёти таълимии нашршударо дар байни муассисахои таълими мукаррар менамоянд;

– дигар ваколатхоеро, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини намудааст, амали мегардонанд.

Моддаи 11. Вазифахои муассисахои таълими дар сохаи адабиёти таълими 

Муассисахои таълими дар сохаи адабиёти таълими вазифадоранд:

– таълимгирандагонро тавассути идораи самараноки захирахои молияви ва моддиву техникии муассисаи таълими тибки стандартхои давлатии тахсилот бо адабиёти таълими таъмин намоянд;

– усулхои инноватсионии таъмини таълимгирандагонро бо адабиёти таълими чори намоянд;

– раванди таълимро дар низоми таълими кредити ва тахсилоти фосилави бо захираи электронии (ракамии) таълими таъмин намоянд;

– ба таълимгирандагони ятиму бепарастор, кудакони имконияташон махдуд, маъюбон ва дигар шахсони мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон имтиёзхои иловагии дастраси ба адабиёти таълимиро бо тартиби мукаррарнамудаи макоми ваколатдори давлати дар сохаи маориф пешниход намоянд;

– ба макомоти худидоракунии муассисахои таълими, омузгорон ва дигар кормандони сохаи маориф дар дастрас намудани адабиёти таълими ба субъектхои раванди таълиму тарбия мусоидат кунанд;

– хамчун фармоишгари экспертизаи сифати адабиёти таълими амал намоянд;

– дигар вазифахоеро, ки оинномахо ё санадхои дигари меъёрии хукуки пешбини намудаанд, амали менамоянд.

БОБИ 3.

ЭКСПЕРТИЗАИ СИФАТИ АДАБИЁТИ ТАЪЛИМИ

Моддаи 12. Таъмини сифати адабиёти таълимии нашршаванда 

  1. Сифати адабиёти таълимии нашршаванда тавассути экспертизаи он таъмин мегардад.
  2. Тартиби гузаронидани экспертизаи сифати адабиёти таълими мутобики Конуни мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

Моддаи 13. Намуд, максад ва субъектхои экспертизаи сифати адабиёти таълими 

  1. Экспертизаи сифати адабиёти таълими метавонад касби ва чамъияти бошад.
  2. Максади экспертизаи касбии сифати адабиёти таълими арзёбии адабиёти таълими аз чихати мутобикати мазмуни он ба илми муосир, стандартхои давлатии тахсилот, хадди акалли хатмии мазмуни барномахои таълими, хусусиятхои синнусоли ва равонии таълимгирандагон мебошад.
  3. Тартиби ташкил ва гузаронидани экспертизаи касбии сифати адабиёти таълими аз чониби макоми ваколатдори давлати дар сохаи маориф муайян карда мешавад.
  4. Максади экспертизаи чамъиятии сифати адабиёти таълими арзёбии адабиёти таълими аз нуктаи назари талаботи истифодабарандагон ва ба маълумоти сохторхои масъули нашри адабиёти таълими расонидани натичахои он мебошад.
  5. Экспертизаи чамъиятии сифати адабиёти таълими механизми иловагие мебошад, ки хангоми кабули карор оид ба нашр ё нашри такрории адабиёти таълими дарачаи амики вокеиятро таъмин мекунад. Тартиби гузаронидани экспертизаи чамъиятии сифати адабиёти таълимиро санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон муайян менамоянд.
  6. Субъектхои экспертизаи касби ва чамъиятии сифати адабиёти таълими метавонанд фармоишгарон, коршиносони мустакил, ташкилотхои илми ва муассисахои таълими, хамчунин субъектхои раванди таълиму тарбия бошанд.
  7. Робитаи мутакобилаи экспертизаи касби ва чамъиятии сифати адабиёти таълими ба воситаи чойгиркунии иттилоот оид ба раванди чории экспертизаи адабиёти таълими ва татбики тачрибавии он дар муассисахои таълими дар сомонаи интернетии макоми ваколатдори давлати дар сохаи маориф ва муассисахои таълими таъмин мегардад.

Моддаи 14. Меъёрхои экспертизаи касби ва чамъиятии сифати адабиёти таълими 

  1. Экспертизаи касбии сифати нашрияхои таълимие, ки дар раванди таълим ба сифати адабиёти таълимии асоси истифода бурда мешаванд, дар асоси меъёрхои зерин гузаронида мешавад:

– мутобикат ба конунгузории Чумхурии Точикистон ва бар-номахои давлатии рушди сохаи маориф;

– мутобикат ба талаботи стандартхои давлатии тахсилот;

– мутобикат ба хадди акали хатмии мазмуни барномахои таълими;

– риояи коидахои имло;

– арзиши гояви доштан;

–  сохтори комил доштан;

– фахмову даркшаванда будан;

– мутобикат ба талаботи усули баёни маводи таълими;

– мавчудияти робитаи мутакобила бо фанхои дигари таълими;

– мутобикат ба хусусиятхои синнусоли ва равонии таълимгирандагон;

– имконпазирии инъикоси масъалахои баробарии гендери;

– санчиши натичахои тачрибави дар  муассисахои таълими.

  1. Меъёрхои иловагии экспертизаи касбии сифати адабиёти таълими аз чониби фармоишгар ва (ё) шахси барои чунин экспертиза манфиатдор пешниход карда мешаванд.
  2. Хангоми экспертизаи касбии сифати адабиёти таълимии электрони меъёрхои зерин низ ба назар гирифта мешаванд:

– ичрошаванда будани хамаи чузъиёти барномахои компютери, гузариш аз як барнома ба барномаи дигар, иктибосхо ва дигар амалхое, ки барномаи компютери пешбини намудааст;

– бенуксон кор кардани барномаи компютери;

– амали шудан дар хама навъи тачхизоти электрони, ки дар хуччатхои адабиёти таълимии электрони пешбини шудаанд;

– мураттаби ва сохтори муназзами маводи таълими;

– имкониятхои мустакилона кор кардани таълимгиранда.

  1. Бо максади экспертизаи касбии сифати навъхои дигари нашрияхои таълими, ки ба сифати адабиёти таълими тавсия дода мешаванд, меъёру усулхои иловагии аз чониби макоми ваколатдори давлати дар сохаи маориф ва (ё) шурохои илмию методии муассисахои таълимии тахсилоти миёна ва олии касби ва касбии баъд аз муассисаи олии таълими тасдикгардида истифода бурда мешаванд.
  2. Экспертизаи чамъиятии сифати нашрияи таълими  ба меъёрхои зерин асос меёбад:

– сатхи мутобикат ба барномахои таълими;

– имконияти худомузи;

– сатхи робита бо захирахои иттилооти дар шабакаи интернет;

– сифати махсулоти чопи.

  1. Меъёрхои иловаги ва усулхои экспертизаи чамъиятии сифати адабиёти таълими аз чониби фармоишгар ва (ё)  шахси барои чунин экспертиза манфиатдор пешниход карда мешаванд.

Моддаи 15. Тасдики сифати адабиёти таълимие, ки барои истифода дар раванди таълиму      тарбия тавсия карда мешавад

  1. Сифати адабиёти таълимие, ки барои истифода дар раванди таълиму тарбия тавсия карда мешавад, бо додани нишони мутобикат ба стандартхои давлатии тахсилот аз чониби макоми ваколатдори давлати дар сохаи маориф ва (ё)  шурохои илмию методии муассисахои таълимии тахсилоти миёна ва олии касби ва касбии баъд аз муассисаи олии таълими тасдик карда мешавад.
  2. Адабиёти таълими дорои нишони мутобикат ба стандартхои давлати ва фаннии тахсилот мебошад, яъне:

– нишони макоми ваколатдори давлати дар сохаи маориф ва (ё)  шурохои илмию методии муассисахои таълимии тахсилоти миёна ва олии касби ва касбии баъд аз муассисаи олии таълими ба адабиёти таълими, ки дар сахифаи аввали он чойгир карда мешавад, тагйирнопазир аст;

– нишони макоми ваколатдори давлати дар сохаи маориф ва (ё)  шурохои илмию  методии муассисахои таълимии тахсилоти миёна ва олии касби ва касбии баъд аз муассисаи олии таълими ба адабиёти таълимии электрони, ки дар зери маълумоти сарлавхаги чойгир карда мешавад, тагйирнопазир аст;

– нишон аз макоми нашрияи таълими, мазмуну мундарича ва мутобикати он ба барномаи таълимии зинаи тахсилот дарак дода, инчунин вобаста ба барномахои таълими, намуди муассисаи таълими, таълими кредити ва тахсилоти фосилави, гуруххои таълимгирандагон ва забони таълими истифодабарандагони адабиёти таьлимиро муайян намояд;

– нишон мутобики карори макоми ваколатдори давлати дар сохаи маориф ва (ё) шурохои илмию методии муассисахои таълимии тахсилоти миёна ва олии касби ва касбии баъд аз муассисаи олии таълими дар асоси хулосаи экспертиза дода мешавад;

– карор оид ба додани нишон дар мухлати амалишавии стандартхои дахлдори давлатии тахсилот эътибор дорад.

  1. Ба номгуйи давлатии адабиёти таълими нашрияхое дохил мешаванд, ки аз экспертизаи сифати адабиёти таълими гузаштаанд ва ба он нишони дахлдори макоми ваколатдори давлати дар сохаи маориф гузошта шудааст.

Моддаи 16. Сарчашмахои маблаггузории тахия, нашр ва экспертизаи адабиёти таълими

  1. Тахия, нашр ва экспертизаи адабиёти таълими аз хисоби маблагхои пешбинишудаи бучети давлати (бучетхои чумхурияви ва махалли), маблагхои махсус, муассисони муассисахои таълими, муассисахои таълими ва дигар сарчашмахое, ки конунгузории Чумхурии Точикистон манъ накардааст, маблаггузори мешаванд.
  2. Маблаггузории тахия ва нашри адабиёти таълими, ки барномахои давлатии рушди сохаи маориф ва барномахои нашри адабиёти таълими пешбини намудаанд, бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон амали мегардад.
  3. Маблаггузории тахия ва нашри адабиёте, ки ба номгуйи давлатии адабиёти таълими шомил буда, мутобики созишномахои байнихукумати барои ба давлатхои дигар дастрас намудан пешбини шудааст, бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон амали мегардад.
  4. Маблаггузории фаъолият оид ба додани нишони макоми ваколатдори давлати дар сохаи маориф ба адабиёти таълими аз хисоби маблагхои дархосткунанда, инчунин дигар шахсони вокеи ва хукукии манфиатдор амали мегардад.

БОБИ 4.

ТАЪМИНИ  ДАСТРАСИИ  АДАБИЁТИ  ТАЪЛИМИ БА СУБЪЕКТХОИ  РАВАНДИ ТАЪЛИМУ  ТАРБИЯ    

Моддаи 17. Таъмини дастрасии адабиёти таълими ба субъектхои раванди таълиму тарбия   дар зинахои тахсилоти умуми 

  1. Ба субъектхои раванди таълиму тарбия дар муассисахои таълимии  тахсилоти умуми дастрасии хадди акали номгуйи давлатии адабиёти таълими барои соли тахсили дахлдор тибки меъёрхо ва бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон таъмин карда мешавад.
  2. Адабиёте, ки ба номгуйи давлатии адабиёти таълими шомил аст, моликияти давлат буда, муковааш дорои навиштачоти «Моликияти давлат» мебошад ва тибки меъёрхои мукаррарнамудаи макоми ваколатдори давлати дар сохаи маориф ба фонди китобхонаи муассисаи таълимии тахсилоти умуми барои идоракунии оперативи супорида мешавад.
  3. Дастрасии хадди акали номгуйи давлатии адабиёти таълими ба субъектхои раванди таълиму тарбия дар муассисахои таълимии гайридавлати бо тартиби дар оинномаи муассисаи таълими, шартномаи байни муассисаи таълими ва субъектхои раванди таълиму тарбия, шартномаи байни муассисаи таълими ва макоми ваколатдори давлати дар сохаи маориф пешбинигардида мутобики меъёрхои мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон таъмин карда мешавад.
  4. Бо максади дар сатхи зарури таъмин гардидани дастрасии адабиёти таълими ба субъектхои раванди таълиму тарбия дар муассисахои таълимии тахсилоти умуми хар сол бахисобгирии фонди китобхонаи муассисаи таълими гузаронида мешавад.

Моддаи 18. Таъмини дастрасии адабиёти таълими ба субъектхои раванди таълиму тарбия  дар зинахои тахсилоти касби 

  1. Дастрасии хадди акали номгуйи давлатии адабиёти таълимиро ба таълимгирандагони муассисахои таълимии тахсилоти ибтидои, миёна ва олии касби ва касбии баъд аз муассисаи олии таълими муассисони ин муассисахои таълими мутобики стандарти давлатии тахсилот таъмин менамоянд.
  2. Дар муассисахои таълимии давлатии тахсилоти ибтидои, миёна ва олии касби ва касбии баъд аз муассисаи олии таълими ташкили раванди таълиму тарбия бе таъмин кардани фонди китобхона бо микдори зарурии хадди акали номгуйи давлатии адабиёти таълими мутобики стандарти давлатии тахсилот барои хар як сол ичозат дода намешавад.
  3. Бо максади дар сатхи зарури таъмин гардидани дастрасии адабиёти таълими ба субъектхои раванди таълиму тарбия дар муассисахои таълимии тахсилоти ибтидои, миёна ва олии касби ва касбии баъд аз муассисаи олии таълими дар ду сол як маротиба бахисобгирии фонди китобхонаи муассисаи таълими гузаронида мешавад.

Моддаи 19. Истифодаи маблагхои махсус дар муассисахои таълимии давлати барои хариди   адабиёти таълими

  1. Муассисаи таълимии давлати хукук дорад маблагхои махсуси худро барои хариди адабиёти таълими истифода барад ва фонди адабиёти таълими ташкил кунад.
  2. Тартиби истифодаи маблагхои махсус барои хариди адабиёти таълими ва ташкили фонди адабиёти таълими аз чониби макоми ваколатдори давлати дар сохаи маориф муайян карда мешавад.

БОБИ 5.

МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ 

Моддаи 20. Чавобгари барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур 

Шахсони вокеи ва хукуки барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

Моддаи  21. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур 

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

 

Президенти 

Чумхурии Точикистон                                                                              Эмомали РАХМОН

 

ш. Душанбе, 26 июли соли 2014,

№ 1122

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …