Главная / Илм / АТСЕТИЛЕН

АТСЕТИЛЕН

50АТСЕТИЛЕН, карбогидриди бехад (носер), гази беранг, буи пасти эфири дорад; харор. гуд –81,8°С, харор. чуш. –83,8°С. А.-ро аввалин шуда Э. Деви (1836) дар натичаи таъсири об ба карбиди калий кашф кардааст. С-хои 1859 – 1860 Бертло хангоми аз найчаи тафсон гузаронидани моддахои гуногун (этилен, спиртхои метил ва этил, эфир) онро аз нав кашф намуд.
А. бо алангаи равшан ва дуд месузад. Омехтаи А. бо хаво моддаи тарканда аст. Сабаби асосии ба табаддулоти химияви дучор шудани А. карбогидриди бехад будани он аст. А. ашёи мухими техники буда, дар сохахои гуногуни саноат ва хочагии халк ба кор меравад. Он дар кафшери автогении металлхо, хосил кардани алдегид, ангидрид ва кислотаи атсетат, атсетон, спирт, бутадиен, каучуки синтези, зифт ва бисёр махсулоти мухими техникии диг. истифода мешавад.
Нишонахои захролуди аз А.: ба хаячон омадан, ташаннучи мушакхо, фалачи, ки гохо бо марг меанчомад. Хангоми захролуди аз А. ба чабрдида нафаси сунъи додан лозим аст; хамчунин метавон оксигенро бо омехтаи 3 – 5% гази карбонат ингалятсия намуд. Гарм кардани чабрдида ва тазрики дохиливаридии глюкоза низ мухим аст.
Бахри чилавгирии захролуди аз А. риояи коидахои бехатарии мехнат хатмист.
Ш. Самиев.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …