Главная / Гуногун / A3 ТАЪРИХИ МУБОРИЗАИ БОБУР МИРЗО БО ШАЙБОНИХОН

A3 ТАЪРИХИ МУБОРИЗАИ БОБУР МИРЗО БО ШАЙБОНИХОН

dinastiya-shejbanidov-ddd

Вокеаи соли 907 (1501-1502) (Порча аз “Бобурнома). Ман дар Дахкат меистодам, хабар расид, ки бахор Шайбонихон ба Уротеппа меояд. Дахкат замини шура буд, бинобар он мо аз агбаи Оббурдон гузашта, ба кухистони Масчох омадем. Оббурдои поёнтари дехаи Масчох аст. Поёнтар аз Оббурдон чашмае хаст. Дар болои чашма мазор аст. Болотар аз чашма ба Масчох ва поёнтар аз чашма ба Фалгар таалук дорад. Дар сари он чашма, дар руи санг ин се байтро сабт намудам:

Шунидам, ки Чамшеди фаррухсиришт,

Ба сарчашмае бар ба санге навишт.

Бар ин чашма чун мо басе дам заданд,

Бирафтанд то чашм бархам заданд.

Гирифтем олам ба мардиюз ур,

Валекин набурдем бо худ ба гур.

Дар кухистони мазкур дар руи сангхо кандани шеър ва дигар матнхо одат будааст.

Вакто ки мо дар Мастчох будем, шоир Мулло Хичри аз Хисор омада, ба хизмати мо дохил шуд. Дар он рузхо ман ин матлабро гуфтам:

Такаллуф хар неча сурат тутулса ондин ортук сен,

Сени жон дерлар, аммо бетакаллуф жондин ортук сен.

/Хар кадар, ки туро таъриф кунанд, аз чон хам бехтари,

Туро чон мегуянд, вале бе такаллуф аз чон хам бехтари./

Шайбонихон омада гирду атрофи Уротеппаро горат карда, оташ зад ва гашта рафт. Вакте ки Шайбонихон дар назди Уротеппа буд, мо ахлу аёли худро дар Масчох монда, бо дастаи кам, ба ночизии аслихахои кушуни худ нигох накарда, аз агбаи Оббурдон гузашта, ба Дахкат омадем, ки шаб ё руз дар чое чамъ оем, то он чизе, ки худаш ба дасти мо меояд, аз даст надихем. Вале Шайбонихон бо шитоб акиб гашта рафт. Акиб гаштани Шайбонихонро дониста, мо боз ба Масчох баргаштем.

Ба хотирам омад, ки кух ба кух гаштан, бе хона ва чой, бе замин ва бе мулк зиндагони кардан мумкин нест. Бехтар аст, ки ба назди хони бузург ба Тошканд рафта, ба куши у дохил шавем.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …