Главная / Гуногун / A3 ТАЪРИХИ МУБОРИЗАИ БОБУР МИРЗО БО ШАЙБОНИХОН

A3 ТАЪРИХИ МУБОРИЗАИ БОБУР МИРЗО БО ШАЙБОНИХОН

dinastiya-shejbanidov-ddd

Воқеаи соли 907 (1501-1502) (Порча аз “Бобурнома). Ман дар Даҳкат меистодам, хабар расид, ки баҳор Шайбонихон ба Уротеппа меояд. Даҳкат замини шӯра буд, бинобар он мо аз ағбаи Оббурдон гузашта, ба кӯҳистони Масчоҳ омадем. Оббурдои поёнтари деҳаи Масчоҳ аст. Поёнтар аз Оббурдон чашмае ҳаст. Дар болои чашма мазор аст. Болотар аз чашма ба Масчоҳ ва поёнтар аз чашма ба Фалғар таалуқ дорад. Дар сари он чашма, дар рӯи санг ин се байтро сабт намудам:

Шунидам, ки Ҷамшеди фаррухсиришт,

Ба сарчашмае бар ба санге навишт.

Бар ин чашма чун мо басе дам заданд,

Бирафтанд то чашм барҳам заданд.

Гирифтем олам ба мардиюз ӯр,

Валекин набурдем бо худ ба гӯр.

Дар кӯҳистони мазкур дар рӯи сангҳо кандани шеър ва дигар матнҳо одат будааст.

Вақто ки мо дар Мастчоҳ будем, шоир Мулло Ҳиҷрӣ аз Ҳисор омада, ба хизмати мо дохил шуд. Дар он рӯзҳо ман ин матлабро гуфтам:

Такаллуф ҳар неча сурат тӯтулса ондин ортуқ сен,

Сени жон дерлар, аммо бетакаллуф жондин ортуқ сен.

/Ҳар қадар, ки туро таъриф кунанд, аз ҷон ҳам беҳтарӣ,

Туро ҷон мегӯянд, вале бе такаллуф аз ҷон ҳам беҳтарӣ./

Шайбонихон омада гирду атрофи Ӯротеппаро ғорат карда, оташ зад ва гашта рафт. Вақте ки Шайбонихон дар назди Ӯротеппа буд, мо аҳлу аёли худро дар Масчоҳ монда, бо дастаи кам, ба ночизии аслиҳаҳои қӯшуни худ нигоҳ накарда, аз ағбаи Оббурдон гузашта, ба Даҳкат омадем, ки шаб ё рӯз дар ҷое ҷамъ оем, то он чизе, ки худаш ба дасти мо меояд, аз даст надиҳем. Вале Шайбонихон бо шитоб ақиб гашта рафт. Ақиб гаштани Шайбонихонро дониста, мо боз ба Масчоҳ баргаштем.

Ба хотирам омад, ки кӯҳ ба кӯҳ гаштан, бе хона ва ҷой, бе замин ва бе мулк зиндагонӣ кардан мумкин нест. Беҳтар аст, ки ба назди хони бузург ба Тошканд рафта, ба қӯши ӯ дохил шавем.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …