Главная / Илм / АНКИЛОЗ

АНКИЛОЗ

ankilozАНКИЛОЗ (аз юн. ankylos – кач), бехаракатии банду бугумхо дар натичаи ба хамдигар васл шудани онхо. Ду намуди А. мавчуд аст: фибрози (банду бугумхо дар натичаи дар байни онхо сабзидани бофтаи фибрози ночунбон мешаванд) ва устухони (тагояки бугумхо кисман ё пурра вайрон шудаанд ва дар сатхи урёншудаи онхо бофтаи устухони сабзидааст). Дар мавриди А.-и устухони бугум пурра аз харакат мемонад; хангоми А.-и фибрози бошад, харакати он заиф ва суст аст. А.-хо баъди рух додани садама ё дар натичаи амрози илтихобии бугумхо пайдо мешаванд. Гачбандии тулони низ боиси А. мегардад.
Аломати асосии А. бехаракати дар бугумхост. Ихтилоли фаъолияти узв аз холати чанбаре вобастаги дорад, ки дар он фиксатсия ба амал омадааст. Мас., агар дар натичаи А.-и банди зону пой дар холати каткарда фиксатсия шуда бошад, пас дуруст рох гаштан номумкин мегардад; агар пой дар холати рост ё каме кат фиксатсия карда шавад, бемор метавонад, харакат ва кор кунад.
Муоличаи А. бо рохи чаррохи сурат мегирад. Тавассути остеотомия метавон ба андомхо мавкеи нисбатан дуруст дод. Буридани банд ва артропластика амали мураккаб буда, факат дар мавриди табобати ортопедии комплексию мураттаб натичаи дилхох медихад. Вале дар ин сурат низ комилан ба харакат овардани узв душвор аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …