Главная / Гуногун / АФЗАЛИДДИН ХОКОНИИ ШЕРВОНИ

АФЗАЛИДДИН ХОКОНИИ ШЕРВОНИ

Вайро ба сабаби камоле, ки дар саноати шеър дошта, «Хассон-ул-Ачам» лакаб кардаанд. Аз хама шуаро дар услуби сухан мумтоз аст ва дар ин шеваи гариб беанбоз. Дар мавоизу хикам тарикаи хаким Санои сипардааст ва дар гуйи мусобакат аз акрон бурда ва дар китъае бар вачхи муфохарат109 мегуяд:

К и т ъ а
Шоири мубдеъ110 манам, хони маони марост,
Резахури хони ман Унсурию Рудаки.
Зинда чу нафси хаким номи ман аз тозаги,
Гашта чу моли карим хирси ман аз андаки.

Ва Рашидуддини Ватвот дар мадхи вай гуфтааст:

К и т ъ а
Ай сипехри кадрро хуршеду мох
В-Ай сарири фазлро дастуру  шох,
Афзалуддин, булфазоил , бахри фазл,
Файласуфи динфизойи куфркох.

Ва аз мукаттаоти вай аст ин ду байт.

К и т ъ а
Бас кун аз савдои хубон доштан, Хокониё,
К-аз сари савдо хирадро дар сар ояд хираги.
Сурати хубон ба маъни чун бубини, ойина-ст,
К-аз бурун су равшани дорад, дарун су тираги.

Ва вайро маснавиест «Тухфат-ул-Ирокайн» ном ва ин чанд байт аз муфтатехи он аст.

М а с н а в и
Моем назорагони  гамнок
3-ин хуккаи сабзу мухраи хок,
К-ин мухраву хукка то ба чоянд,
Саркисаи умр мекушоянд.
В-ин турфа, ки бар бисоти фармон
Мухра зи ман асту хукка гардон.
Худ булъачабони сехркоранд,
Гах кокуму гох кундуз  оранд.
Вакт аст, ки вакт дар сар ояд,
Селоби адам ба сар дарояд.
Вакт аст, ки ин чахор хаммол
Бинханд михаффаи маху сол.
Вакт аст, ки маркабони анчум
Хам наъл бияфгананду хам сум.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

obama

Агар яке аз номзадхо бохтро эътироф накунад, чи мешавад?

ИМА рузи 3 ноябр тасмим мегирад, ки Доналд Трамп дар Кохи Сафед бимонад. Номзад ба …