Главная / Гуногун / АФЗАЛИДДИН ХОҚОНИИ ШЕРВОНӢ

АФЗАЛИДДИН ХОҚОНИИ ШЕРВОНӢ

Вайро ба сабаби камоле, ки дар саноати шеър дошта, «Ҳассон-ул-Аҷам» лақаб кардаанд. Аз ҳама шуаро дар услуби сухан мумтоз аст ва дар ин шеваи ғариб беанбоз. Дар мавоизу ҳикам тариқаи ҳаким Саноӣ сипардааст ва дар гўйи мусобақат аз ақрон бурда ва дар китъае бар ваҷҳи муфохарат109 мегўяд:

Қ и т ъ а
Шоири мубдеъ110 манам, хони маонӣ марост,
Резахўри хони ман Унсурию Рўдакӣ.
Зинда чу нафси ҳаким номи ман аз тозагӣ,
Гашта чу моли карим ҳирси ман аз андакӣ.

Ва Рашидуддини Ватвот дар мадҳи вай гуфтааст:

Қ и т ъ а
Ай сипеҳри қадрро хуршеду моҳ
В-Ай сарири фазлро дастуру  шоҳ,
Афзалуддин, булфазоил , баҳри фазл,
Файласуфи динфизойи куфркоҳ.

Ва аз муқаттаоти вай аст ин ду байт.

Қ и т ъ а
Бас кун аз савдои хубон доштан, Хоқониё,
К-аз сари савдо хирадро дар сар ояд хирагӣ.
Сурати хубон ба маънӣ чун бубинӣ, ойина-ст,
К-аз бурун сў равшанӣ дорад, дарун сў тирагӣ.

Ва вайро маснавиест «Тўҳфат-ул-Ироқайн» ном ва ин чанд байт аз муфтатеҳи он аст.

М а с н а в ӣ
Моем назорагони  ғамнок
3-ин ҳуққаи сабзу мўҳраи хок,
К-ин мўҳраву ҳуққа то ба ҷоянд,
Саркисаи умр мекушоянд.
В-ин турфа, ки бар бисоти фармон
Мўҳра зи ман асту ҳуққа гардон.
Худ булъаҷабони сеҳркоранд,
Гаҳ қоқуму гоҳ қундуз  оранд.
Вақт аст, ки вақт дар сар ояд,
Селоби адам ба сар дарояд.
Вақт аст, ки ин чаҳор ҳаммол
Бинҳанд миҳаффаи маҳу сол.
Вақт аст, ки маркабони анҷум
Ҳам наъл бияфгананду ҳам сум.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …