Главная / Илм / АЭРОИОНОТЕРАПИЯ

АЭРОИОНОТЕРАПИЯ

lechenie1АЭРОИОНОТЕРАПИЯ (Aёroionotherapia), табобат тавассути хавои ионнок. А. ба хосияти атому молекулахои газ ва заррахои хурдтарини моддахои таркиби хаво (аэрозолхо), ки зери таъсири афканишоти радиоактивии элементхо, афканишоти ултрабунафш ва рантгени, шуои кайхони, чараёни электр, манбаи харорати баланд ва г. заряди электри пайдо мекунанд, асос ёфтааст. Таъсири дармонбахши аэроионхо ба фаъолияти баланди химиявии аэрозолхо ва моддахои газшакл (молекулахои оксиген, ки бо осони заряди манфи пайдо мекунад, молекулахои гази карбонати мусбатзаряд ва ионхои микроэлементхои хаво) вобаста аст. А. табии ва сунъи мешавад.
Бо максади А.-и табии одам бояд соатхо ва хатто рузхои дароз дар чойхои хавояш софи ионнок (куххо, чангалзор, наздикии шаршарахо, сохили дарёхои тезоб, гейзерхо, бахрхо ва г.) сукунат ихтиёр кунад. Дар натича кобилияти кори афзуда, бисёр беморихо шифо меёбанд, организм бо оксиген таъмин мегардад.
А.-и сунъи бо ёрии аэроионизаторхо ба амал бароварда мешавад. Дар 1 см3 хавое, ки аз аэроионизатор ба рохи нафас ё пусти бемор дохил мешавад, то як миллион аэроион вучуд дорад. А.-ро барои табобати беморихои дилу рагхо, ихтилоли асаб, беморихои рохи нафас, шуш ва г. истифода мебаранд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …