Главная / Илм / АЭРОИОНОТЕРАПИЯ

АЭРОИОНОТЕРАПИЯ

lechenie1АЭРОИОНОТЕРАПИЯ (Aёroionotherapia), табобат тавассути ҳавои ионнок. А. ба хосияти атому молекулаҳои газ ва зарраҳои хурдтарини моддаҳои таркиби ҳаво (аэрозолҳо), ки зери таъсири афканишоти радиоактивии элементҳо, афканишоти ултрабунафш ва рантгенӣ, шуои кайҳонӣ, ҷараёни электр, манбаи ҳарорати баланд ва ғ. заряди электрӣ пайдо мекунанд, асос ёфтааст. Таъсири дармонбахши аэроионҳо ба фаъолияти баланди химиявии аэрозолҳо ва моддаҳои газшакл (молекулаҳои оксиген, ки бо осонӣ заряди манфӣ пайдо мекунад, молекулаҳои гази карбонати мусбатзаряд ва ионҳои микроэлементҳои ҳаво) вобаста аст. А. табиӣ ва сунъӣ мешавад.
Бо мақсади А.-и табиӣ одам бояд соатҳо ва ҳатто рӯзҳои дароз дар ҷойҳои ҳавояш софи ионнок (кӯҳҳо, ҷангалзор, наздикии шаршараҳо, соҳили дарёҳои тезоб, гейзерҳо, баҳрҳо ва ғ.) сукунат ихтиёр кунад. Дар натиҷа қобилияти корӣ афзуда, бисёр бемориҳо шифо меёбанд, организм бо оксиген таъмин мегардад.
А.-и сунъӣ бо ёрии аэроионизаторҳо ба амал бароварда мешавад. Дар 1 см3 ҳавое, ки аз аэроионизатор ба роҳи нафас ё пӯсти бемор дохил мешавад, то як миллион аэроион вуҷуд дорад. А.-ро барои табобати бемориҳои дилу рагҳо, ихтилоли асаб, бемориҳои роҳи нафас, шуш ва ғ. истифода мебаранд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …