Главная / Илм / Гелос

Гелос

gelos-660x330Гелос ва олуболу — Ин меваҳои маълум. Меваи гелоси пухтагӣ калонтар аз олуболу, рангаш ба сурхӣ моил мебошад, навъи зардаш ҳам вуҷуд дорад. Вале олуболу бошад, сурхи кабудтоб мегардад, ҳатто ба ранги хун аст. Мизоҷи самари олуболуи пухтагӣ дар дараҷаи дувум сард ва тар аст; вале мизоҷи гелоси пухтагӣ дар дараҷаи якум гарм ва тар аст.

Хислатҳои шифобахши он: агар гелосро бихӯранд, бинобар рутубати часпак доштанаш аз меъда зуд мефурояд: барои дағалии ҳалқ ва шуш даво мешавад, агар аз болои таом бихӯранд, бадҳазмӣ меоварад ва меъдаро заиф мегардонад, инчунин агар аз болои таом бихӯранд, ҳар моддае, ки дар меъда бисёр бошад, ин низ ба мизоҷи ҳамон табдил меёбад. Дар вақти рӯй додани ин гуна ҳол чизҳои ҳазмкунандаи таоми гарммизоҷи қувватбахш бояд хӯрда шавад; инчунин ин дарунро меронад, шикамро мулоим мекунад (хусусан бо донакаш хӯрда шавад, вале дар айни ҳол баҳаракатоварандаи олати мардӣ низ мебошад. Агар хушкашро бихӯранд, дарунро мебандад.

Олуболуро бихӯранд, ташнагиро мешиканад, тезӣ ва ҷӯшиши сафро ва фишори баланди хунро паст мекунад; беҳузур (беҷо) шудани дил, қайи сафровӣ ва исҳолро дафъ мекунад, меъда ва ҷигари гармро қувват мебахшад. Қуввати бандкунандагии он дар хушки он зиёда аз тари он мебошад. Аз донакаш шира кашида, бо даҳяк ҳиссаи он арпабодиён бихӯранд, санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад, захми роҳи пешоб, яъне сӯзокро шифо мебахшад, ҳайзи бандгаштаро ҷорӣ мекунад.

 gelos-1

Чун мағзи тухми онро бо пахтакӯҳна якҷо кӯфта, фатилаҳои борик сохта, дар сӯрохи закар гузоранд, захми роҳи пешобро сиҳат мекунад ва он захмро аз олоишҳо пок мегардонад, дар пешоб рим омадан ва сӯзиши пешобро шифо мебахшад.

Мизоҷи шилми ҳардуи ин дарахт гарм ва хушк аст ва дар хислат монанди шилми олу мебошад. Хусусияти поккунандагӣ дорад, часпак аст, ахлоти часпакро меканад. Инак, барои дағалии қасабаи шуш, яъне роҳи нафас, некӯ гардондани ранги рухсор ва барангехтани иштиҳо даво мебошад, санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад. Агар дағалии узвҳои даруни сина аз хушкӣ бошад, бо часпандагии худ шифо мебахшад ва балғами часпакро аз он меканад, пок мегардонад ва барои сурфаи кӯҳна даво мебошад, шарташ ҳамин, ки инро бояд бо оби хунук биёшоманд.

Миқдори як бор хӯрдан аз шилми ҳар дуи ин дарахт дар як рӯз 4,5 грамм аст. Ин шилмро маҳин соида, чун сурма ба чашм кашанд, нури чашмро тез мекунад ва қутури онро дафъ месозад. Агар ин шилмро дар об ҳал карда бимоланд, башараро пок мегардонад.

Инчунин кобед

лицейи умари хаём дар Душанбе

Литсейи Умари Хайём дар шаҳри Душанбе

31 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон …