Амонатро бонк асосан барои пешниход намудани карз ва хариду фуруши асъори хоричи истифода мебарад. Яъне чихеле, ки маълум аст бонк ширкати миёнарави молияви, ки аз як мизочаш пулро дар шакли амонат мегирад ва ба дигараш хамчун карз мефурушад, ки дар натича фоидаи худро сохиб мешавад. Масалан амонати мухлатнокро бо 10%-и солона чалб мекунад ва бо 15%-и солона карз пешниход мекунад.
Одатан амонат дар таркиби дороихои бисёрии бонкхои дунё 50-70%-ро ташкил медихад. Асосан амонат барои бонкхо чандон арзон нест ва назар ба сармояи худи онхо гаронтар ба шумор меравад. Ба ин хотир бонкхо харакат мекунанд, ки арзиши амонатхоро баланд накунанд.