Главная / Гуногун / Телефонбозори шаҳри Душанбе

Телефонбозори шаҳри Душанбе

Дар шаҳри Душанбе бозори телефон вуҷуд дорад, ки дар он телефонҳои кӯҳна ва велосипедҳои куҳна савдо (фурушу харид) карда мешавад. Одатан нархи молҳои дар ин бозор мефурухта арзонтар ба андозаи 1-2 маротиба аз телефонҳои наве, ки дар мағозаҳои шаҳр вуҷуд доранд.

Телефонбозори номбаршуда дар қисмати ҷанубу ғарбии маҳаллаи 63-юми шаҳри Душанбе сари кучаи Крупский қарор дорад (дар қисмати ҷанубии бинои №152А). Дар ру ба рӯи Телефонбозор бинои ширкати нақлиётии Тоҷиквнештранс қарор дорад ва аз тарафи ғарбиаш бошад бинои Ташкилоти амонатӣ-қарзии худи «Ҳуммо» аст.

Масоҳати умумии бозор ба 0,2 га баробар буда атрофаш бо паҷараҳои оҳании баландиаш 2,15 метра маҳкам карда шудааст. Мутаасифана фақат  қисме аз бозор болопуш карда шудаасту халос ва на ҳаммаи бошандагони бозор таги он ҷойгир шуда метавонанд.

Инчунин кобед

Бахтиёр Иброхимов

Бахтиёр Иброҳимов – Тарҷумаи ҳол, сурат, мусиқӣ – MP3 скачать

Овозхони шоистаи Тоҷикистон Бахтиёр Иброҳимов соли 1972 дар шаҳри Исфара ба дунё омада, яке аз овозхонҳои маъруфи …