Саге аз хар туъма бебахра бар дари дарвозаи шахр истода буд. Дид, ки курси ноне гардон-гардон аз шахр берун омад ва руй ба сахро ниход. Саг дар дунболи вай давон шуд ва овоз дод, ки:
— Ай куввати тан ва Ай кути равон 22 ва орзуи дилу ороми чон, азимати кучо кардаи ва руй ба кучо овардайи?
Гуфт:
— Дар ин биёбон бо чамъе аз сархангон аз гургону палангон ошнойи дорам, эхтироми зиёрати эшон бастаам.
Саг гуфт:
— Маро матарсон, ки агар ба коми наханг ва дахани шер рави хам, ман дар кафойи туам.
К и т ъ а
Онам, ки ба умри хеш харгиз
Холи нашудам зи орзуят.
Гар гирди хама чахон бигарди,
Сокин нашавам зи чустучуят.
К и т ъ а и д и г а р
Онон, ки чуз ба нон набувад зинда чонашон,
Доранд ру ба хидмати дунон барои нон.
Гар филмасал зи дасти касон сад кафо хуранд,
Хамчун саги гурусна даванд аз кафойи нон.