Инкишофи илмхои табиатшиноси бе тараккиёти илми риёзи гайриимкон буд ва на танхо ин илм. Геометрияи гайриэвклиди, ки асосгузори он Н. И. Лобачевский буд, дар охирхои асри XIX – аввали асри XX боз хам инкишоф ёфт. Эстафетаи Н. И. Лобачевский ва хамсафони у Я. Боляй ва К. Ф. Гаусро риёзишиноси немис Г. Риман кабул карда, назарияи геометрияи гайриэвклидиро ба зинаи боз хам баландтари тараккиёт ва фахмиш баровард. Геометрияи фазоии дорои качии доимии мусби ба ин олим тааллук дорад.
Кори олимони номбурдаро олими италияви Э. Берграни давом дода, геометрияро бо гояхои чадиди пешкадам гани гардонид. Соли 1868 у бо номи “Тачрибаи шархи геометрияи гайриэвклиди” рисолае чоп кунонд, ки он ба эътирофи ахли илм сарфароз гардидани геометрияи гайриэвклиди кумак расонд.