Главная / Гуногун / Хукмронии сармояи хоричи дар Америкаи Лотини

Хукмронии сармояи хоричи дар Америкаи Лотини

Аввал Англия, ИМА ва баъд Германия аз акибмонии иктисоди ва сиёсии мамлакатхои Америкаи Лотини мохирона истифода бурданд. Сармоядорони хоричи ва заминдорони калони махалли ба калисои католики, ки дар байни мардум таъсири калон дошт, такя карда, дар асри XIX ба иктисодиёти Америкаи Лотини cap дароварда, онро хатто ба худ тобеъ намуданд.

amerikai-lotini1

Ба Америкаи Лотини cap даровардани сармояи хоричи ба пешравии нерухои истехсолкунандаи ин минтакаи Америка монеа эчод менамуд. Империалистон ва балегуёни махаллии онхо барои дар ин мамлакатхо бунёд кардани саноат манфиатдор набуданд. Онхо иктисодиёти мамлакатро ба эхтиёчоти халкхои Америкаи Лотини нею барои эхтиёчоти худ мутобик мекарданд. Барои хамин кишоварзии мамлакатхои Америкаи Лотиниро ба ду-се зироати барои содирот мукарраргардида махсус мегардониданд. Масалан, дар Бразилия кахваю пахта парвариш карда мешуданд, дар Куба – найшакар, дар мамлакатхои Америкаи Маркази – банан ва кахва. Хамин тарик, мамлакатхои Америкаи Лотини ба манбаи ашёи хоми мамлакатхои Европа ва ИМА табдил меёфтанд.

Хосе Марти (1853 – 1895) – шоир, публисист ва педагог, сарвари барчастаи муборизаи озодихохонаи халки Куба.

Дар чанги зидди мустамликадорон Испания халок гардилааст

Тараккиёти яктарафаи иктисодиёт аксарияти мамлакатхои Америкаи Лотиниро ба молхои содиротии хаётан зарури мамлакатхои хоричи вобаста менамуд, аз он чумла, ба хуроквори. Тобеияти мамлакатхои Америкаи Лотини ба сармояи хоричи дар нимаи дуюми асри XIX боз хам афзуд.

Ширкатхои инхисории хоричи аз мамлакатхои Америкаи Лотини даромадхои фаровон ба даст медароварданд. Онхо муттасил ба корхои дохилии ин мамдакатхо дахолат мекарданд.

Дар асри XIX мамлакатхои Америкаи Лотини ба доми сармояи англис афтида буданд, лекин аз огози асри XX cap карда онхо беш аз псш ба империализми ИМА тобеъ шудан мегирифтанд. Дар як вакт ба Америкаи Лотини даромадани сармояи Германия хам пурзур мегардид.

Иёлоти Муттахидаи Америка нисбат ба европаиён ба корхои дохилии мамлакатхои Америкаи Лотини бештар дахолат мекард. Дар огози асри XX ширкатхои инхисории ИМА кариб дар хамаи давлатхои хавзаи Бахри Кариб хукмрон буданд. Имлериализми Америка хокимияти диктаторхои Америкаи Лотиниро дастгири намуда, ба озодии халкхои он монеъ мешуд.

ИМА хануз дар огози асри ХХ Канали Панамаро ба даст даровард. Чумхурии Панама ба муддати дуру дароз ба мустамликаи ИМА табдил ёфт. Хангоми соли 1914 дар гарданаи Панама кушода шудании канал хукмронии ИМА дар мамлакатхои хавзаи Бахри Кариб боз хам мустахкамтар шуд.

Соли 1907 ИМА аз мушкилоти молиявии Чумхурии Доминикан истифода бурда, бар болои он протекторат ва вомбаргхои асоратовари худро бор мекунад. Чун дар Куба ИМА дар Чумхурии Доминикан ба ташкили хамон хукуматхое poх медод, ки гапдаро бошанд. Баромадхои оммаи халк бар зидди зуроварии хоричиён берахмона пахш карда мешуд. Соли 1916 ИМА ба Чумхурии Доминикан лашкар фиристода, дар инчо диктатураи харбиеро ташкил кард, ки ба сарнайзахои америкави такя мекард.

ИМА на як бору ду бор ба корхои дохилии чумхурии зангиёни Гаити дахолат карда, истиклолияти оиро поймол мекард. Соли 1915 сипохиёни бахринизоми ИМА Гаитиро ишгол намуданд. ИМА бо Гаити Созишноман нобаробар баста, дар амал дар ин мамлакат режими харбию ишголиро мукаррар кард. Сарватмаидони америкави бойгарии Гаитиро ба зери дасти худ дароварданд. Ахолии махалли мачбур буд дар зери истисмори хоричиён умр ба cap барад.

Дар натичаи бор кардани вомбаргхои асоратовар ва бастани шартномахои нобаробар банкхои америкави назорат аз болои хаёти иктисодии Никарагуаро ба даст оварданд. Дар амал хукумати ин давлат дар ихтиёри харбиёии ИМА буд. Тамоми Америкаи Маркази охиста-охиста ба мулки империализми Америка табдил меёбад.

Машгулияти асосии ахолии Америкаи Маркази парвариши банан, афлесун ва кахва мешавад. Плантатори нисбатан калонтарини инхисори истехсоли меваги “Юнайтед Фрут Компани” мешавад. Аз ин ру, дар мамлакатхри Америкаи Маркази “Юнайтед Фрут Компани“-ро маъмулан империяи банан меномиданд.

Зуроварии ширкатхои инхисории империалисти ва мавчудияти мулкхои бузурги замин дар кишоварзи хамчун асоси муносибатхои феодали ба пешрафти сохибкори дар Америкаи Лотини халал мерасонд, вале пурра пеши рохи тараккиёти онро гирифта натавонист.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …