ТАЧРИБАИ ЛАБОРАТОРИ
- Ба шишачаи ашёгузор бо ёрии сузани нугборик як бандчаи риштаи обсабзи бисёрхучайра — улотрикси аз чуй гирифтаатонро гузоред. Бо чакрарез як катра об чакконед ва онро бо шишапардача пушонед. Микропрепарати тайёркардаатонро аввал бо пурбини хурд, сони бо пурбини калони микроскоп бубинед.
- Ба сохти чилд, ситоплазма, ядро ва хромотофори хучайраи обсабз аз наздик шинос шавед. Шакл ва ранги хромотофорро ба кайд гиред.
- Расми хромотофори улотриксро бо хромотофори хламидомонада (бо расми дар машгулияти пеш аз ин гузаштаатон) мукоиса кунед. Монанди ва фаркияти онхоро нишон дихед.
- Расми риштаи бисёрхучайраи улотриксро ба дафтаратон кашед. Чузъхои (кисмхои) хучайраи онро номбар кунед. Дурустии расми кашидаатонро тавассути расми даркитоббуда бо рохи мукоисакуни, аник кунед.