Главная / Биология / СОХТИ ОБСАБЗҲОИ РИШТАМОНАНДИ БИСЁРҲУҶАЙРА

СОХТИ ОБСАБЗҲОИ РИШТАМОНАНДИ БИСЁРҲУҶАЙРА

ТАҶРИБАИ ЛАБОРАТОРӢ

  1. Ба шишачаи ашёгузор бо ёрии сӯзани нӯгборик як бандчаи риштаи обсабзи бисёрҳуҷайра — улотрикси аз ҷӯй гирифтаатонро гузоред. Бо чакрарез як қатра об чакконед ва онро бо шишапардача пӯшонед. Микропрепарати тайёркардаатонро аввал бо пурбини хурд, сонӣ бо пурбини калони микроскоп бубинед.
  2. Ба сохти ҷилд, ситоплазма, ядро ва хромотофори ҳуҷайраи обсабз аз наздик шинос шавед. Шакл ва ранги хромотофорро ба қайд гиред.
  3. Расми хромотофори улотриксро бо хромотофори хламидомонада (бо расми дар машғулияти пеш аз ин гузаштаатон) муқоиса кунед. Монандӣ ва фарқияти онҳоро нишон диҳед.
  4. Расми риштаи бисёрҳуҷайраи улотриксро ба дафтаратон кашед. Ҷузъҳои (қисмҳои) ҳуҷайраи онро номбар кунед. Дурустии расми кашидаатонро тавассути расми даркитоббуда бо роҳи муқоисакунӣ, аниқ кунед.

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …