Главная / Гуногун / Фазоили калимоти «Субхоналлохи ва бихамдихи»

Фазоили калимоти «Субхоналлохи ва бихамдихи»

Ва дар мухтасари «Хисн» оварда аз «Муъчами Табарони», ки гуфт Пайгамбар (с): «Субхоналлохи ва бихамдихи» дусттар аст пеши Худои субхонаху аз кухи зар, ки сарфи уро касе дар рохи Худо азза ва чалла кунад».

Ва ба сиххат пайваста аз Пайгамбар (с), ки у гуфта: «Хар ки хурад таомеро, ё биёшомад чизеро ва баъд аз он хамди Худои субхонаху гуяд, албатта Хазрати Хак субхонаху аз вай рози гардад».

Ва ин низ аз камоли мархамат аст, ки ризои У, ки максуд аз хама ибодат асту сари хамаи давлатхост, ба гуфтани як калима хосил шавад.

Ва низ дар хадис омада, ки гуфт Пайгамбар (с): «Хар ки хурад таом ва гуяд баъд аз он ин дуоро, ки:

«Ал-хамду лиллохи-л-Лази атъамани хоза-т-таъоми ва разакани мин гайри хавлиин минни ва ло куввах».

Биёмурзад Худои субхонаху гунохони аввалу охири уро ва хамчунин аст, ки гунохони аввалу охири у омурзида шавад».

Ва агар чомаи нав пушад ва гуяд:

«Ал-хамду лиллохи-л-Лази хозо ва разакихи мин гайри хавлин минни ва ло куввах».

Ва бояд донист, ки фоидаи тамхид на он аст, ки у сутуда шавад ба чихати тамхиди мо, балки у Сутуда аст дар зоти худ ба тамхид, чунонки гуфта «Валлоху Ганийюн Хамид». Балки фоидаи тамхид ба мо рочеъ аст, ки мустахики ситоиш мегардем.

Дар хадис омада, ки: «Хар гох ки касе бинад, ки оташ афтода дар чизе ва месузад, фуру нишонад онро ба гуфтани Аллоху Акбар».

Ва ахли хадис гуфтаанд, ки ин маъни мучарраб аст. Пас дур нест, ки оташи дузах низ фуру нишинад ба гуфтани ин калима.

Дар «Сахехи  Муслим» омада, ки гуфт Пайгамбар (с), ки: “Хар ки гуяд «Субхоналлох» дар акиби хар намоз, яъне намози фарз «Субхоналлох» 33-бор ва «Ал-хамду лиллох» 33-бор ва «Аллоху Акбар» 33-бор, пас мачмуъ наваду нух аст. Ва гуяд дар акиби намоз дах бор ин калимаро, ки:

«Ло илоха иллаллоху вахдаху ло шарика Лаху Лаху-л- мулку ва Лаху-л-хамду ва Хува ало кулли шайъин кадир».

Омурзида шавад хатохои у, агарчи бошад мисли кафи дарёхо».

Ва низ дар «Сахехи Муслим» омада, ки гуфт Пайгамбар (с), ки: «Фозилтарини суханон чахор аст:

«Субхоналлохи ва-л-хамду лиллохи ва ло илоха иллаллоху валлоху Акбар».

Ва дар ривояте омада, ки: «Дусттарини суханон назди Хак субхонаху ва таоло чахор аст ва зарар намекунад туро ба хар кадом, ки ибтидо куни».

Ва низ дар «Сахехи  Муслим» омада, ки гуфт Пайгамбар (с), ки: “Хар оина ин, ки гуям «Субхоналлохи ва-л-хамду лиллохи ва ло илоха иллаллоху валлоху Акбар» дусттар аст пеши ман аз он чи офтоб бар вай тулуъ кардааст. Ва низ «Субхоналлох» гуфтан садакаест ва низ «Ал-хамду лиллох» гуфтан садакаест ва низ «Аллоху Акбар» гуфтан садакаест ва низ «Ло илоха иллаллох» гуфтан садакаест».

Ва мурод ба он чи офтоб бар у тулуъ карда, гуфтаанд амволи дунёст.

Ва дигар дар «Сахехи  мустадрак» омада, ки гуфт Пайгамбар (с), ки: «Субхоналлохи ва-л-хамду лиллохи ва ло илоха иллаллоху валлоху Акбар» мегарданд дар гирди Арш ва эшонро овозест мисли овози занбури асал ба ёд мёдиханд сохиби худро, оё дуст намедорад баъзе аз шумо, ки бошад хамин касе, ки ба ёд дихад уро».

Ва низ дар хадис омада, ки: Хар ки «Субхоналлох» гуяд, сад бор бомдод ва сад, бор шабонгох бошад хамчу касе, ки сад хач карда бошад.

Ва хар ки «Ал-хамду лиллох» гуяд, сад бор бар бомдод ва сад бор шабонгох бошад хамчун касе, ки бар сад асп савор шуда газо карда бошад бо кофирон дар рохи Худой субхонаху.

Ва хар ки гуяд «Ло илоха иллаллох» сад бор, бомдод ва сад бор шабонгох бошад хамчун касе, ки сад банда озод карда бошад аз фарзандони Исмоил (а).

Ва хар ки гуяд «Аллоху Акбар» сад бор шабонгох ва сад бор бомдод, наёрад дар ин руз хеч савобе бештар аз он чи овардааст, магар касе, ки гуфта бошад мисли вай, ё зиёда карда бошад бар ин.

Дар «Муъчами Табарони» омада, ки гуфт Пайгамбар (с), ки:

  • Оё наметавонад баъзе аз шумо, ки кунад хар рузе мисли кухи Ухуд амал?

Гуфтанд:

  • Ё Расулаллох (с), кист он, ки тавонад ин кардан?

Гуфт:

  • Хамаи шумо метавонед кардан.

Гуфтанд:

  • Ё Расулаллох (с), кадом аст ин амал?

Гуфт:

  • «Субхоналлох» аъзам аст аз Ухуд, яъне аз кухи Ухуд ва «Ло илоха иллаллох» аъзам аст аз Ухуд ва «Ал-хамду лиллох» аъзам аст аз Ухуд.

Ва низ дар хадис омада, ки гуфт Пайгамбар (с), ки: Уммати ман се синфанд: Синфе мушобех ба анбиё ва синфе мушобех ба малоика ва синфе мушобех ба чахорпоён. Онон, ки мушобех ба анбиёанд, химмати эшон намоз аст ва рузаву садака аст. Ва онон, ки мушобех ба малоикаанд химмати эшон «Субхоналлох» гуфтан асту «Ло илоха иллаллох» гуфтан. Ва онон, ки мушобехи чахорпоёнанд, химмати эшон хурдан асту ошомидан ва шахват рондан.

Ва низ дар хадис омадааст, ки гуфт Пайгамбар (с): Хар ки гуяд дар акиби намози бомдод ва намози шом пеш аз он, ки бозгардад ва бозгардонад пои худро, яъне пеш аз он, ки бозгардад аз хайъати нишастани дар каъда ва баргардонад пои худро аз ин хайъат дах бор:

«Ло илоха иллаллоху вахдаху ло шарика Лаху Лаху-л- мулку ва Лахул-хамду ва Хува ало кулли шайъин кадир».

Навишта шавад барои вай дах неки ва бардошта шавад барои вай дах дарача ва махв карда шавад аз вай дах бади ва бошад дар он руз дар панох аз шайтон.

Ва низ омадааст дар «Сунан»-и Абу Довуд ва Ибни Моча, ки гуфт Пайгамбар (с): “Хар ки гуяд дар вакте, ки сабох дарояд:

«Ло илоха иллаллоху вахдаху ло шарика Лаху Лаху-л- мулку ва Лахул-хамду ва Хува ало кулли шайъин кадир».

Бошад ин гуфтан уро микдори озод кардани дах банда аз фарзандони Исмоил (а) ва навишта шавад барои вай дах неки ва фуру рехта шавад аз вай дах бади ва баланд гардонида шавад барои вай дах дарача ва бошад дар панох аз шарри шайтон то шаб дарояд ва агар гуяд ин калимотро вакте, ки дарояд шом бошад вайро мисоли ин то дарояд дар сабох».

Ва пушида намонад, ки чун як бор гуфтан мисоли як банда озод кардан бошад, пас дах бор гуфтан дах банда озод кардан бошад.

Ва дар «Мухтасари Хисн» оварда аз «Сахехи  Муслим» ва «Сунани Тирмизи», ки гуфт Пайгамбар (с), ки: «Бехтарини он чи гуфтам ман ва пайгамбарони пеш аз ман ин аст, ки:

«Ло илоха иллаллоху вахдаху ло шарика Лаху Лаху-л-л-мулку ва Лахул-хамду ва Хува ало кулли шайъин кадир».

Дар «Хадиси кудси» ворид шуда, ки: «Ло илоха иллаллох» хисори ман аст ва хар ки дарояд дар хисори ман, эмин гардад аз азоби ман, яъне аз азоби абадии ман. Ё дар холати ин калима амонест, омада аз чониби Худои субхонаху ва таоло. Ва ба хар такдир мурод аз он амонест амон аст.

Дар хадис омада, ки: «Ло хавла ва ло куввата илло биллохи-л-Алийи-л-Азим» давои наваду нух дард аст, ки осонтарини он дардхо гам аст.

Ва низ дар хадис омада, ки гуфт Пайгамбар (с) Абумусоро, ки: Гуй: «Ло хавла ва ло куввата илло биллохи- л-Алийи-л-Азим», ки у ганчест аз ганчхои бихишт.

Ва низ дар хадис омада, ки гуфт Пайгамбар (с): «Ло хавла ва ло куввата илло биллохи-л-Алийи-л-Азим» дарест аз дархои бихишт.

Ва низ дар хадис омада, ки гуфт Пайгамбар (с), ки: «Ло хавла ва ло куввата илло биллохи-л-Алийи-л-Азим» нихоли бихишт аст.

Дар хабар аст, ки дар он вакт, ки Арши Худои субхонаху ва таоло бар об буд, аввал чизе, ки офарид баъд аз Арш малоикаи хомилони Арш будаанд. Чун эшонро биёфарид, гуфтанд:

  • Эй Парвардгор, аз барои чи кор моро офаридаи?

Гуфт:

  • Аз барои бардоштани Арш.

Гуфтанд:

  • Эй Парвардгор, кист, ки уро куввати бардоштани Арш бошад ва хол он, ки бар вай аст азамати Ту ва чалоли Ту ва викори Ту.

Гуфт:

  • Шуморо барои ин офаридаам.

Эшон борхо такрор карданд ин суханро. Баъд аз он гуфт: Гуед: «Ло хавла ва ло куввата илло биллохи-л-Алийи-л-Азим». Пас гуфтанд ва бардоштанд Аршро.

Ва низ дар хадис омада, ки гуфт Пайгамбар (с): Хар ки гуяд хар руз сад бор «Ло хавла ва ло куввата илло биллохи- л-Алийи-л-Азим» нарасад уро факр.

Дар «Сунани Тирмизи» ва Ибни Моча ворид шуда, ки гуфт Пайгамбар (с), ки: Хар ки дарояд дар бозор ва гуяд:

«Ло илоха иллаллоху вахдаху ло шарика Лаху Лаху-л-мулку ва Лаху-л-хамду юхйи ва юмиту ва Хува Хайю-л-ло ямуту ва Хува ало кулли шайъин кадир».

Нависад Худои таоло аз барои вай хазор-хазор неки ва махв кунад аз вай хазор-хазор бадиро ва баланд гардонад барои вай хазор-хазор дарача ва бино кунад барои вай хонае дар бихишт.

Хар ки пеш аз он, ки ба зани худ наздик шавад, дах бор исми «Ё Мутакаббир»-ро бихонад ва баъд аз он наздики кунад, Хазрати Хак субхонаху ва таоло уро фарзанде рузи кунад, ки солех ва бохавф бошад аз Хазрати Иззат.

Хар ки исми «Ё Бори»-ро дар шаб бихонад, фариштае офаринад Худои субхонаху ва таоло, ки то рузи киёмат он фаришта тоат кунад ва савоби он аз они он гуянда бошад.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …