Главная / Гуногун / Фазоили калимоти «Субҳоналлоҳи ва биҳамдиҳи»

Фазоили калимоти «Субҳоналлоҳи ва биҳамдиҳи»

Ва дар мухтасари «Ҳисн» оварда аз «Мӯъҷами Табаронӣ», ки гуфт Пайғамбар (с): «Субҳоналлоҳи ва биҳамдиҳи» дӯсттар аст пеши Худои субҳонаҳу аз кӯҳи зар, ки сарфи ӯро касе дар роҳи Худо азза ва ҷалла кунад».

Ва ба сиҳҳат пайваста аз Пайғамбар (с), ки ӯ гуфта: «Ҳар кӣ хурад таомеро, ё биёшомад чизеро ва баъд аз он ҳамди Худои субҳонаҳу гӯяд, албатта Ҳазрати Ҳақ субҳонаҳу аз вай розӣ гардад».

Ва ин низ аз камоли марҳамат аст, ки ризои Ӯ, ки мақсуд аз ҳама ибодат асту сари ҳамаи давлатҳост, ба гуфтани як калима ҳосил шавад.

Ва низ дар ҳадис омада, ки гуфт Пайғамбар (с): «Ҳар кӣ хӯрад таом ва гӯяд баъд аз он ин дуоро, ки:

«Ал-ҳамду лиллоҳи-л-Лазӣ атъаманӣ ҳоза-т-таъоми ва разақанӣ мин ғайри ҳавлиин миннӣ ва ло қувваҳ».

Биёмурзад Худои субҳонаҳу гуноҳони аввалу охири ӯро ва ҳамчунин аст, ки гуноҳони аввалу охири ӯ омурзида шавад».

Ва агар ҷомаи нав пӯшад ва гӯяд:

«Ал-ҳамду лиллоҳи-л-Лазӣ ҳозо ва разақиҳи мин ғайри ҳавлин миннӣ ва ло қувваҳ».

Ва бояд донист, ки фоидаи тамҳид на он аст, ки ӯ сутуда шавад ба ҷиҳати тамҳиди мо, балки ӯ Сутуда аст дар зоти худ ба тамҳид, чунонки гуфта «Валлоҳу Ғанийюн Ҳамид». Балки фоидаи тамҳид ба мо роҷеъ аст, ки мустаҳиқи ситоиш мегардем.

Дар ҳадис омада, ки: «Ҳар гоҳ ки касе бинад, ки оташ афтода дар чизе ва месӯзад, фурӯ нишонад онро ба гуфтани Аллоҳу Акбар».

Ва аҳли ҳадис гуфтаанд, ки ин маънӣ муҷарраб аст. Пас дур нест, ки оташи дӯзах низ фурӯ нишинад ба гуфтани ин калима.

Дар «Саҳеҳи  Муслим» омада, ки гуфт Пайғамбар (с), ки: “Ҳар кӣ гӯяд «Субҳоналлоҳ» дар ақиби ҳар намоз, яъне намози фарз «Субҳоналлоҳ» 33-бор ва «Ал-ҳамду лиллоҳ» 33-бор ва «Аллоҳу Акбар» 33-бор, пас маҷмӯъ наваду нӯҳ аст. Ва гӯяд дар ақиби намоз даҳ бор ин калимаро, ки:

«Ло илоҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ло шарика Лаҳу Лаҳу-л- мулку ва Лаҳу-л-ҳамду ва Ҳува ало кулли шайъин қадир».

Омурзида шавад хатоҳои ӯ, агарчи бошад мисли кафи дарёҳо».

Ва низ дар «Саҳеҳи Муслим» омада, ки гуфт Пайғамбар (с), ки: «Фозилтарини суханон чаҳор аст:

«Субҳоналлоҳи ва-л-ҳамду лиллоҳи ва ло илоҳа иллаллоҳу валлоҳу Акбар».

Ва дар ривояте омада, ки: «Дӯсттарини суханон назди Ҳақ субҳонаҳу ва таоло чаҳор аст ва зарар намекунад туро ба ҳар кадом, ки ибтидо кунӣ».

Ва низ дар «Саҳеҳи  Муслим» омада, ки гуфт Пайғамбар (с), ки: “Ҳар оина ин, ки гӯям «Субҳоналлоҳи ва-л-ҳамду лиллоҳи ва ло илоҳа иллаллоҳу валлоҳу Акбар» дӯсттар аст пеши ман аз он чӣ офтоб бар вай тӯлуъ кардааст. Ва низ «Субҳоналлоҳ» гуфтан садақаест ва низ «Ал-ҳамду лиллоҳ» гуфтан садақаест ва низ «Аллоҳу Акбар» гуфтан садақаест ва низ «Ло илоҳа иллаллоҳ» гуфтан садақаест».

Ва мурод ба он чӣ офтоб бар ӯ тӯлуъ карда, гуфтаанд амволи дунёст.

Ва дигар дар «Саҳеҳи  мустадрак» омада, ки гуфт Пайғамбар (с), ки: «Субҳоналлоҳи ва-л-ҳамду лиллоҳи ва ло илоҳа иллаллоҳу валлоҳу Акбар» мегарданд дар гирди Арш ва эшонро овозест мисли овози занбури асал ба ёд мёдиҳанд соҳиби худро, оё дӯст намедорад баъзе аз шумо, ки бошад ҳамин касе, ки ба ёд диҳад уро».

Ва низ дар ҳадис омада, ки: Ҳар кӣ «Субҳоналлоҳ» гӯяд, сад бор бомдод ва сад, бор шабонгоҳ бошад ҳамчу касе, ки сад ҳаҷ карда бошад.

Ва ҳар кӣ «Ал-ҳамду лиллоҳ» гӯяд, сад бор бар бомдод ва сад бор шабонгоҳ бошад ҳамчун касе, ки бар сад асп савор шуда ғазо карда бошад бо кофирон дар роҳи Худой субҳонаҳу.

Ва ҳар кӣ гӯяд «Ло илоҳа иллаллоҳ» сад бор, бомдод ва сад бор шабонгоҳ бошад ҳамчун касе, ки сад банда озод карда бошад аз фарзандони Исмоил (а).

Ва ҳар кӣ гӯяд «Аллоҳу Акбар» сад бор шабонгоҳ ва сад бор бомдод, наёрад дар ин рӯз ҳеҷ савобе бештар аз он чӣ овардааст, магар касе, ки гуфта бошад мисли вай, ё зиёда карда бошад бар ин.

Дар «Мӯъҷами Табаронӣ» омада, ки гуфт Пайғамбар (с), ки:

  • Оё наметавонад баъзе аз шумо, ки кунад ҳар рӯзе мисли кӯҳи Уҳуд амал?

Гуфтанд:

  • Ё Расулаллоҳ (с), кист он, ки тавонад ин кардан?

Гуфт:

  • Ҳамаи шумо метавонед кардан.

Гуфтанд:

  • Ё Расулаллоҳ (с), кадом аст ин амал?

Гуфт:

  • «Субҳоналлоҳ» аъзам аст аз Уҳуд, яъне аз кӯҳи Уҳуд ва «Ло илоҳа иллаллоҳ» аъзам аст аз Уҳуд ва «Ал-ҳамду лиллоҳ» аъзам аст аз Уҳуд.

Ва низ дар ҳадис омада, ки гуфт Пайғамбар (с), ки: Уммати ман се синфанд: Синфе мушобеҳ ба анбиё ва синфе мушобеҳ ба малоика ва синфе мушобеҳ ба чаҳорпоён. Онон, ки мушобеҳ ба анбиёанд, ҳиммати эшон намоз аст ва рӯзаву садақа аст. Ва онон, ки мушобеҳ ба малоикаанд ҳиммати эшон «Субҳоналлоҳ» гуфтан асту «Ло илоҳа иллаллоҳ» гуфтан. Ва онон, ки мушобеҳи чаҳорпоёнанд, ҳиммати эшон хӯрдан асту ошомидан ва шаҳват рондан.

Ва низ дар ҳадис омадааст, ки гуфт Пайғамбар (с): Ҳар кӣ гӯяд дар ақиби намози бомдод ва намози шом пеш аз он, ки бозгардад ва бозгардонад пои худро, яъне пеш аз он, ки бозгардад аз ҳайъати нишастани дар қаъда ва баргардонад пои худро аз ин ҳайъат даҳ бор:

«Ло илоҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ло шарика Лаҳу Лаҳу-л- мулку ва Лаҳул-ҳамду ва Ҳува ало кулли шайъин қадир».

Навишта шавад барои вай даҳ некӣ ва бардошта шавад барои вай даҳ дараҷа ва маҳв карда шавад аз вай даҳ бадӣ ва бошад дар он рӯз дар паноҳ аз шайтон.

Ва низ омадааст дар «Сунан»-и Абӯ Довуд ва Ибни Моҷа, ки гуфт Пайғамбар (с): “Ҳар кӣ гӯяд дар вақте, ки сабоҳ дарояд:

«Ло илоҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ло шарика Лаҳу Лаҳу-л- мулку ва Лаҳул-ҳамду ва Ҳува ало кулли шайъин қадир».

Бошад ин гуфтан ӯро микдори озод кардани даҳ банда аз фарзандони Исмоил (а) ва навишта шавад барои вай даҳ некӣ ва фурӯ рехта шавад аз вай даҳ бадӣ ва баланд гардонида шавад барои вай даҳ дараҷа ва бошад дар паноҳ аз шарри шайтон то шаб дарояд ва агар гӯяд ин калимотро вақте, ки дарояд шом бошад вайро мисоли ин то дарояд дар сабоҳ».

Ва пӯшида намонад, ки чун як бор гуфтан мисоли як банда озод кардан бошад, пас даҳ бор гуфтан даҳ банда озод кардан бошад.

Ва дар «Мухтасари Ҳисн» оварда аз «Саҳеҳи  Муслим» ва «Сунани Тирмизӣ», ки гуфт Пайғамбар (с), ки: «Беҳтарини он чӣ гуфтам ман ва пайғамбарони пеш аз ман ин аст, ки:

«Ло илоҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ло шарика Лаҳу Лаҳу-л-л-мулку ва Лаҳул-ҳамду ва Ҳува ало кулли шайъин қадир».

Дар «Ҳадиси қудсӣ» ворид шуда, ки: «Ло илоҳа иллаллоҳ» ҳисори ман аст ва ҳар кӣ дарояд дар ҳисори ман, эмин гардад аз азоби ман, яъне аз азоби абадии ман. Ё дар ҳолати ин калима амонест, омада аз ҷониби Худои субҳонаҳу ва таоло. Ва ба ҳар тақдир мурод аз он амонест амон аст.

Дар ҳадис омада, ки: «Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳи-л-Алийи-л-Азим» давои наваду нӯҳ дард аст, ки осонтарини он дардҳо ғам аст.

Ва низ дар ҳадис омада, ки гуфт Пайғамбар (с) Абӯмусоро, ки: Гуй: «Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳи- л-Алийи-л-Азим», ки ӯ ганҷест аз ганҷҳои биҳишт.

Ва низ дар ҳадис омада, ки гуфт Пайғамбар (с): «Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳи-л-Алийи-л-Азим» дарест аз дарҳои биҳишт.

Ва низ дар ҳадис омада, ки гуфт Пайғамбар (с), ки: «Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳи-л-Алийи-л-Азим» ниҳоли биҳишт аст.

Дар хабар аст, ки дар он вақт, ки Арши Худои субҳонаҳу ва таоло бар об буд, аввал чизе, ки офарид баъд аз Арш малоикаи ҳомилони Арш будаанд. Чун эшонро биёфарид, гуфтанд:

  • Эй Парвардгор, аз барои чӣ кор моро офаридаӣ?

Гуфт:

  • Аз барои бардоштани Арш.

Гуфтанд:

  • Эй Парвардгор, кист, ки ӯро қуввати бардоштани Арш бошад ва ҳол он, ки бар вай аст азамати Ту ва ҷалоли Ту ва виқори Ту.

Гуфт:

  • Шуморо барои ин офаридаам.

Эшон борҳо такрор карданд ин суханро. Баъд аз он гуфт: Гуед: «Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳи-л-Алийи-л-Азим». Пас гуфтанд ва бардоштанд Аршро.

Ва низ дар ҳадис омада, ки гуфт Пайғамбар (с): Ҳар кӣ гӯяд ҳар рӯз сад бор «Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳи- л-Алийи-л-Азим» нарасад ӯро фақр.

Дар «Сунани Тирмизӣ» ва Ибни Моҷа ворид шуда, ки гуфт Пайғамбар (с), ки: Ҳар кӣ дарояд дар бозор ва гӯяд:

«Ло илоҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ло шарика Лаҳу Лаҳу-л-мулку ва Лаҳу-л-ҳамду юҳйӣ ва юмиту ва Ҳува Ҳайю-л-ло ямуту ва Ҳува ало кулли шайъин қадир».

Нависад Худои таоло аз барои вай ҳазор-ҳазор некӣ ва маҳв кунад аз вай ҳазор-ҳазор бадиро ва баланд гардонад барои вай ҳазор-ҳазор дараҷа ва бино кунад барои вай хонае дар биҳишт.

Ҳар кӣ пеш аз он, ки ба зани худ наздик шавад, даҳ бор исми «Ё Мутакаббир»-ро бихонад ва баъд аз он наздики кунад, Ҳазрати Ҳақ субҳонаҳу ва таоло ӯро фарзанде рӯзӣ кунад, ки солеҳ ва бохавф бошад аз Ҳазрати Иззат.

Ҳар кӣ исми «Ё Борӣ»-ро дар шаб бихонад, фариштае офаринад Худои субҳонаҳу ва таоло, ки то рӯзи қиёмат он фаришта тоат кунад ва савоби он аз они он гӯянда бошад.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …