Моддаи 71-и Кодекси оби Чумхурии Точикистон. Ухдадорихои обистифодабарандагоне, ки объектхои обро барои эхтиёчоти сохаи кишоварзи истифода мебаранд
Шахсони вокеи ва хукуки, ки аз объектхои об барои эхтиёчоти сохаи кишоварзи истифода мебаранд, вазифадоранд ухдадорихои мукарраргардидаи шартномави ва низоми истифодаи обро риоя намоянд, тамоми намудхои талафоти обро кам кунанд, бахисобгирии дахлдор ва назорати микдори оби истифодашавандаро таъмин карда, иншоот ва дастгоххои обченкуниро дар худуди худашон хифз намоянд.