Моддаи 216-и Кодекси хукуквайронкунии маъмури. Эътибори конуни пайдо кардани карор оид ба парвандаи хукуквайронкунии маъмури
Карор оид ба парвандаи хукуквайронкунии маъмури дар холатхои зерин эътибори конуни пайдо менамояд:
– баъди ба охир расидани мухлати шикоят ё эътироз овардан нисбат ба карор, агар оид ба карор шикоят ё эътироз оварда нашуда бошад;
– баъди ба охир расидани мухлати шикоят ё эътироз овардан вобаста ба карори аз натичаи шикоят ва эътироз кабулгардида, агар вобаста ба ин карор шикоят ё эътироз оварда нашуда бошад, ба истиснои холатхое, ки бо карори мазкур карори каблан кабулгардида бекор карда шуда бошад;
– фавран баъди кабули карор аз натичаи баррасии шикоят ё эътирозе, ки вобаста ба он шикоят карда намешавад, ба истиснои холатхое, ки бо карори зикршуда карори каблан кабулгардида бекор карда шуда бошад.