Моддаи 201-и Кодекси Мехнат. Мухлати мурочиат ба макомоте, ки бахсхои мехнатии фардиро барраси менамояд
- Корманд метавонад дар давоми се мох баъд аз фахмидани он, ки хукукхои мехнатии у вайрон карда шудааст ё мебоист дар ин бора хабардор карда шавад, ба комиссия оид ба бахсхои мехнатии фарди мурочиат намояд.
- Барои мурочиат намудан ба суд оид ба баррасии бахсхои мехнатии фарди мухлатхои зерин мукаррар карда мешаванд:
– барои бахсхо оид ба баркарор кардан ба кор – як мох аз рузи супоридани нусхаи санади корфармо дар бораи катъ намудани шартномаи мехнати;
– барои дигар бахсхои мехнати – се сол аз рузи донистани корманд ё корфармо дар бораи вайроншавии хукукхои худ.