Главная / Ҷамъият / Муҳлати муроҷиат ба мақомоте, ки баҳсҳои меҳнатии фардиро баррасӣ менамояд

Муҳлати муроҷиат ба мақомоте, ки баҳсҳои меҳнатии фардиро баррасӣ менамояд

Моддаи 201-и Кодекси Меҳнат. Муҳлати муроҷиат ба мақомоте, ки баҳсҳои меҳнатии фардиро баррасӣ менамояд

  1. Корманд метавонад дар давоми се моҳ баъд аз фаҳмидани он, ки ҳуқуқҳои меҳнатии ў вайрон карда шудааст ё мебоист дар ин бора хабардор карда шавад, ба комиссия оид ба баҳсҳои меҳнатии фардӣ муроҷиат намояд.
  2. Барои муроҷиат намудан ба суд оид ба баррасии баҳсҳои меҳнатии фардӣ муҳлатҳои зерин муқаррар карда мешаванд:

– барои баҳсҳо оид ба барқарор кардан ба кор – як моҳ аз рўзи супоридани нусхаи санади корфармо дар бораи қатъ намудани шартномаи меҳнатӣ;

– барои дигар баҳсҳои меҳнатӣ – се сол аз рўзи донистани корманд ё корфармо дар бораи вайроншавии ҳуқуқҳои худ.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …