Моддаи 177-и Кодекси Мехнат. Кафолат ва чуброн хангоми сафари хизмати
- Хангоми сафари хизмати чуброн карда мешавад:
– харочот вобаста ба истикомат берун аз чойи истикомати доими (рузмарра);
– харочоти рохкиро;
– харочоти кирояи манзили истикомати;
– харочоти дигаре, ки корманд бо розигии корфармо кардааст.
- Тартиб ва андозаи чуброни харочоти сафари хизмати дар ташкилотхое, ки аз бучети давлати маблаггузори мешаванд, аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон муайян карда мешаванд.
- Андозаи чуброни харочоти сафари хизмати дар ташкилотхои дигар бо мувофикаи корманд ва корфармо муайян карда шуда, аз андозаи мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон камтар буда наметавонад.
- Чойи кор (вазифа) ва музди мехнати кормандони ба сафари хизмати рафта дар тамоми вакти сафари хизмати нигох дошта мешавад.