Главная / Гуногун / Васф кардан осонтар аст, нисбат ба овардани далелхои аник!

Васф кардан осонтар аст, нисбат ба овардани далелхои аник!

Халки форс, ки имруз бо номи точикон маъруф гардидааст, се бор ба садамаи сахт гирифтор шуд. Бори аввал бо маслихати Арасту Искандари Макдуни осори тамаддуни гузаштаи моро тамоман несту нобуд кард. У хатто фармон дод, ки шахрхоро оташ зада осори онро ба чор тарафи дур партоянд, то ин ки наслхои оянда онхоро аз нав баркарор накунанд. Чун шахри Истахрро оташ зад китоби Авесто низ сухт Нусхаи дигари онро аз шахри Сузи дарёфа бо худ бурд ва беному нишон кард. Хатто селевкихо пас аз марги Искандар хар касе ки Авесторо аз ёд медонист таъкиб мекарданд.

Саддамаи дуюм ба мардуми форсизабон аз тарафи арабхои бодиянишин зада шуд. Хол он ки аз асри сеюми мелоди сар карда кабилахои бодиянишин ва давлати Хираи араб дар зери таъсири форсхо буданд. Дар замони Нуъмони V- и араб бо кумаки шоирони бузурги форс иддаи калони шуарои араб аз кабили Зохири Музайни, Нобигаи Зубёни, Антари Абси ва дигарон ба камол расида буданд. А. Е. Кримский мегуяд: «Ман мехохам бигуям, ки хатто усули шеърнависии араб… бе таъсиррасонии маълуми шеърнависии форсии замони сосони ташаккул намеёфт».

Арабхо дар арафаи дини Ислом тамоми ёдгорихои аз тарафи форсхо ба вучуд овардаро ба хок яксон карданд. Хатто бо шиори «Шуаро  мин-ал-каззоб» осори шеърии моро тамоман несту нобуд карданд. Харчанд ин зидди таълимоти Мухаммад (а) буд. Бояд гуфт, ки худи Мухаммад (а) хам аз дасти бодиянишинони араб, на як бору ду бор осеб дида аст.

Хулоса, дар натичаи дар як давраи муайяни таърихи пурра арабигардонии халку миллатхои гуногуни Шарк, забони Форсии Миёна, ки аждодони пахлавии мо бо он забон гуфтугу мекарданд бархам хурда, чойи онро забони араби гирифт. Номхои олимон, файласуфхо, шуаро пурра аз байн рафтанд, то зи нав эхё гардидани забони форсии нав – забони точики. Забони араб, ки зинда монд номхои хамаи олиму шуарои араб вирди забон гардида, зинда монданду номхои хазорон нафар олиму файласуфу шуарову нависандагони мо бархам хурданд.

Ачиб он аст, ки сардафтари адабиёти араб, пас аз эхёи дини Ислом, боз форсхои Осиёи Миёна гардиданд. Шоири форс Башоро ибни Бурд аз Табаристон, болооби сохили Амударё аст, Абу Нувас хуросони буда шогирди Халаф Ал-Ахмар аз форсхои Фаргона буд ва нависанда Абдуллох ибн Ал-Мукаффа низ аз Осиёи Миёна буд. Хар сеи ин марди накуном ба назму насри нави араб асос гузоштанд. Аз ин лихоз, онхоро асосгузори назму насри араб мешуморанд. Халифахои  араб, ки зотан аз димогашон хануз чудоиандозии арабии тоисломи нарафта буд, дар охир нисбати ин се шахси начиб зулм карданд, аввал дасташонро буриданд, пас чашмашонро кур карданд ва билохира, онхоро ба катл расониданд. Вале шухраташонро аз дилу дидаи арабхо рабуда натавонистанд.

Аммо модоме, ки мо хукамои арабро дар ин хусус ба берахми гунахкор мекунем, ки нисбати шуарои мо беадолати зохир кардаанд, бояд дар баробари он хакикатро низ эътироф кунем: Чомеаи инсони, ё бо ибораи дигар насли хазрати Одам то обхезии Умумичахони аз  доираи инсони бадар рафтанд. Майнуши, фосики ва ба дигар корхои кабехтарин даст заданд. Чун «соли 610 мелоди Мухаммад (а) 40 – сола шуданд, дар яке аз шабхои махтобии мохи рамазон хангоми бедорхоби тавассути Чабраил вахйи илохи ба Мухаммад (а) ошкор гардид», – менависад «ЭСТ», ч. 4. сах 618). «Тавассути Чабраил ба Мухаммад (а) се чиз таклиф карда шуд. 1. Асал, 2. Май, 3. Шир. «Мухаммад, – менависад файласуфи забардасти асри XIX В. Соловьев дар китоби худ «Мухаммад» – аз байни онхо якеро барои уммати худ бояд интихоб мекард. Мухаммад (а) ширро интихоб кард».

Пас, мадоме ки мо имон оварда мусулмон шуда бошем, намозу руза гирем, пас май барои мо харом аст. Аз ин  лихоз, таргиби онро хам  ба воситаи шеър арабхо чоиз намедонистанд.

Хушбахтона пас аз Мухаммад (а) ба дунёи Исломи сарвар гардида, рохи мусоламатомези масъла, дарки хакикатро ба по мондан насиби Имоми Аъзам гардид. Акнун ин шахс низоъро куфр эълон карда, халли хакимонаи онро ба ахли Ислом хидоят намуданд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …