Главная / Илм / ВУЛВИТ

ВУЛВИТ

vulvitВУЛВИТ (Vulvitis), газаки узвхои таносули беруни (фарч) ва махбал. Бештар дар духтарбачахо ва занхои солхурда дучор меояд (ба хусусиятхои физиологи дар ин синну сол вобаста аст). Нишонахои В.: хориши атрофи фарч, хисси дард (хангоми рох гаштан зуртар мешавад), сурх шудани пусти узвхои таносул, пардаи бакорат, баъзан сатхи дарунии рон ва сурини зан. Одатан, аз табобати саривакти зудтар сихат меёбад. Дар акси хол бемори музмин шуда, давра ба давра авч мегирад, девораи пешу акиби махбал, лабхои фарчи духтарчахои 3 – 4 сола ба хам мечаспанд. В.-ро микробхои гуногун (бештар стафилококкхо, стрептококкхо, баъзан каламчамикроби касалии хунок, гонококкхо) ва занбуругхо ба вучуд меоранд.
В. шадид ва музмин мешавад. Дар мавриди В.-и шадид узвхои чинсии беруна хоришу сузиш менамоянд, парда ва луобпардаи вулва сурх шуда, клитор ва лабхои хурди махбал варам мекунанд. Риоя накардани коидахои бехдошти шахси, осеб дидани пусти фарч ва пардахои луобии махбал (кафидаги, чои харошхурда), таъсири обияти махбал, инчунин амрози музмин (мас., тонзиллит, пиелонефрит), ихтилоли мубодилаи моддахо (фарбехи, диабети канд), ки фаъолияти мухофизии организмро суст мекунанд, ба пайдоиши В. мусоидат менамоянд. Суст шудани фаъолияти гормони тухмдон, ки бинобар «худро тоза кардан»-и махбал халал меёбад (яъне кислотаи шир, ки микроорганизмхои бемориоварро нобуд мекунад, кам хосил мешавад), омили асосии инкишофи В. аст. Дар мавриди гумонбар шудан аз В. беътахир ба духтур мурочиат кардан лозим.
Бо максади табобати В. бояд сабаби онро рафъ кард. Дар мавриди В.-и шадид ва хуручи В.-и музмин аъзои таносулро рузе 2 – 3 маротиба бо чушоби бобуна ё махлули фуратсилин (1: 5000) шустан даркор. Риояи пархез ва худдори кардан аз истеъмоли гизои тунд хатмист. В.-е, ки бар асари беморихои сузок, трихомоноз ва сил сар задааст, табобати махсус мехохад. Дар давраи муоличаи В. бояд аз алокаи чинси худдори карда шавад.

М.Ф. Додхоева.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …