Дар организми одам хучайрахо, бофтахо, аъзо ва системаи онхо хамчун як чизи ягона ва бутун кор мекунанд. Кори онхо бо ду рох: хуморали (моддахои химияви тавассути моеъи мухити дохилии организм –хун, лимфа, моеъи байнихучайра сурат мегирад) ва асаби танзим карда мешавад.
Моддахои кимиёви ба хучайрахо, бофтахо, узвхо ва умуман дигар равандхои организм таъсир расонида, кори онхоро танзим менамоянд. Микдори ками моддахо кобилияти баланди таъсиркуни доранд. Бинобар ин онхоро моддахои фаъоли биологи меноманд, ки хучайрахои махсуси организм аз худ чудо мекунанд. Ба ин узвхо, пеш аз хама, гадудхои тарашшухи (секретсия) дохили тааллук доранд.
Аз чихати тарашшух онхо ба ду гурух чудо мешаванд. Гадудхои тарашшухи беруни махсули худро ба ковокихои бадан хорич мекунанд. Гадудхои тарашшухи дохили махсули худро факат ба хун медиханд. Ба гадудхои тарашшухи беруни гадудхои луоби дахон, ашкбарор, аракчудокунанда, чигар ва гадудхои меъдаю рудахо дохил мешаванд.
Танзими асабии вазифахо.
Магзи сар ва хароммагз тавассути торхои асаб тамоми узвхои организмро бо хам алокаманд мекунанд. Системаи асаб хам ба монанди хормонхо ба узвхо таъсир расонида, корашонро тез ё суст мекунад. Бинобар мавчудияти магзи сар организм аз тагйирёбии шароити мухит мунтазам бохабар мешавад, чунки байни магзи сар ва тамоми узвхо алокамандии тарафайн мавчуд аст.
Танзимкунандахои асаби ва хуморали алокамандии дутарафа ва кори бо хам мувофики системаи узвхоро амали мегардонанд. Аз хамин сабаб организм хамчун як чизи бутун (том) амал мекунад. Ин ду система пойдории мухити дохили ва устувории тамоми вазифахои организмро дар натичаи худтанзимкуни таъмин мекунанд. Худтанзимкуни гуфта, холатеро меноманд, ки хар як дигаршавии таркиби мукаррарии мухити дохилии организмро системаи асаби ва хуморали ба холати аввалааш бармегардонад. Мисол, дар вакти зиёд шудани микдори канд (глюкоза) дар хун системаи асаби ва хуморали ба кор даромада, микдори кандро кам мекунанд.
Саволхо
- Фаъолияти ба хам мувофики хучайрахо, бофтахо, узвхо ва системаи онхо бо чи таъмин мегардад?
- Танзими хуморали чист?
- Фарки байни гадудхои тарашшухи беруни ва дохили дар чист?
- Танзими асаби чист?
- Худтанзимкуни чист?