Главная / Чамъият / Ухдадорихои корфармо оид ба таъмини бехатари ва хифзи мехнат

Ухдадорихои корфармо оид ба таъмини бехатари ва хифзи мехнат

Моддаи 348-и Кодекси Мехнат. Ухдадорихои корфармо оид ба таъмини бехатари ва хифзи мехнат

  1. Ухдадорихо оид ба таъмини бехатари ва хифзи мехнат ба зиммаи корфармо гузошта мешаванд.
  2. Корфармо дар таъмини корхои зерин ухдадор аст:

– шароити дахлдори бехатари ва хифзи мехнатро дар хар як чойи кори таъмин намояд;

– барои бартараф намудани хама гуна хатар дар чойи кори ва раванди технологи, бо рохи гузаронидани чорахои пешгирикунанда, ба тачхизоти истехсоли ва раванди технологии бехатар иваз намудани он;

– бехатарии кормандон дар истифодаи бино, иншоот, тачхизот, амали намудани раванди технологи, инчунин ашёи хом ва маводи дар истехсолот истифодашаванда;

– истифодаи воситахои мухофизати инфироди ва коллективии кормандон;

– низоми мехнат ва истирохати кормандон мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон;

– таълими усулхо ва тарзхои бехатари ичрои корхо, дастурдихи оид ба хифзи мехнат, тачрибаомузи дар чойхои кории кормандон ва санчиши дониши онхо доир ба талаботи хифзи мехнат;

– ба кор рох надодани шахсоне, ки тибки тартиби мукарраргардида аз таълим, дастурдихи, тачрибаомузи ва санчиши донишхо оид ба талаботи хифзи мехнат нагузаштаанд;

– на камтар аз як маротиба дар панч сол гузаронидани аттестатсияи чойхои кори оид ба шароити мехнат бо сертификатсияи минбаъдаи корхо оид ба хифзи мехнат дар ташкилот;

– ба макомоти идоракунии давлатии хифзи мехнат, макомоти назорати давлатии риояи талаботи хифзи мехнат пешниход кардани иттилоот ва хуччатхои зарури барои амали намудани ваколатхои онхо;

– санчиши ходисахои нохуш дар истехсолот ва беморихои касби бо тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон;

– хизматрасонии санитарию маиши ва муоличавию профилактикии кормандон мутобики талаботи хифзи мехнат;

– бемамоният рох додани шахсони мансабдори макомоти идоракунии давлатии хифзи мехнат, назорати давлатии риояи талаботи хифзи мехнат, сугуртаи ичтимои, инчунин намояндагони макомоти назорати чамъияти бо максади гузаронидани санчиши шароит ва хифзи мехнат дар ташкилотхо ва тафтиши ходисахои нохуш дар истехсолот, беморихои касби;

– дастурхои шахсони мансабдори макомоти назорати давлатиро вобаста ба риояи талаботи хифзи мехнат ва баррасии пешниходи макомоти назорати чамъиятиро дар мухлатхои мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ичро намояд;

– сугуртаи хатмии ичтимоии кормандонро аз ходисахои нохуш дар истехсолот ва аз беморихои касби таъмин намояд;

– кормандонро бо талаботи хифзи мехнат шинос намояд;

– дар муддати як мох натичаи аттестатсияи чойхои кори ва дастурдихиро оид ба шароити мехнат ва хифзи мехнат дар ташкилот дар шакли электрони ва лавха омода ва чоп намояд;

– аз хисоби худ кормандонро аз муоинаи тиббии хатмии пешаки (хангоми ба кор кабул шудан), мархилави (дар давоми фаъолияти мехнати), инчунин дар холатхои пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон аз муоинаи тибби (ташхиси) гузаронад.

  1. Дар конунгузории Чумхурии Точикистон, шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи бо назардошти хусусияти фаъолият ва намудхои кор, мавчудияти манбаъхои хатари чидди метавонанд барои корфармо ухдадорихои иловаги пешбини гарданд.
  2. Донистани коидахо ва меъёрхо оид ба бехатари ва хифзи мехнат кисми таркибии талаботи тахассусии пешниходшаванда ба корманд ба хисоб меравад ва дар дастурамали вазифавие (мансабие), ки аз чониби макомоти дахлдори давлати тасдик карда мешавад, кайд мегардад.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …