Главная / Илм / УКОБ дар Канзи Шифо (Китоб)

УКОБ дар Канзи Шифо (Китоб)

uqob_paranda-660x330УКОБ — ин парандаи бузургчуссаи дарранда аст, ки маълум мебошад. Мизочаш дар дарачаи дувум гарм ва хушк аст. Хислатхои шифобахши он: гушташ лифи (лифмонанд), сахт аст ва аз хурдани он дар чигар моддаи носара пайдо мешавад. Хурдани он барои ибрида (нотавон шудани холати мардон аз рутубати бисёр пайдо кардани бадан), бодхои бисёр ва дафъ кардани рутубати бадан даво мешавад.

Захраашро чун сурма ба чашм кашанд, дар гавхараки чашм фуромадани обро, ки дар холати ибтидо бошад, дафъ мекунад; чашмро тез ва кави мегардонад; пардаи ба чашм афтодаро, ки онро торик менамояд, дур месозад, захмашро хам шифо мебахшад.

Хунашро бимоланд, варамхоро тахлил медихад. Саргинашро бимоланд, доги кунчидак ва чушиши рухсораро дафъ мекунад ва инчунин ханозерро (хукгарданро) тахлил медихад. Агар парашро сухта, занхо дудашро ба миёни пойхо ва поёни шиками худ бигиранд, бугма (хафа) шудани бачадонро, ки бехуши меоварад, шифо мебахшад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …