Главная / Чамъият / Тартиби татбики санадхои хукукии байналмилали нисбат ба андозбанди

Тартиби татбики санадхои хукукии байналмилали нисбат ба андозбанди

Моддаи 134-и Кодекси Андоз. Тартиби татбики санадхои хукукии байналмилали нисбат ба андозбандии даромадхо аз расонидани хизматрасонии наклиёти дар хамлу накли  байналмилали

  1. Даромадхо аз хизматрасонии наклиёти дар хамлу накли байналмилали, ки яке аз тарафхои он Чумхурии Точикистон буда, аз чониби шахси хукуки – гайрирезиденти дорои хукук барои татбики мукаррароти санади хукукии байналмилали гирифта мешавад, бояд бе пешниходи ариза оид ба татбики мукаррароти санади хукукии байналмилали дар асоси хуччате, ки резидент будани уро тасдик мекунад, аз андозбанди озод карда шавад, агар ин шахси хукукии хоричи дар Чумхурии Точикистон вобаста ба чунин фаъолият муассисаи доими дошта бошад.
  2. Хамзамон чунин шахси хукуки – гайрирезидент ухдадор аст бахисобгирии алохидаи маблаги даромадхоро аз хизматрасонии наклиёти дар хамлу накли байналмилали (ки бояд мутобики санади хукукии байналмилали андозбанди нашаванд) ва аз хизматрасонии наклиёти дар каламрави Чумхурии Точикистон (андозбандишаванда) таъмин намуда, ин даромадхоро дар эъломияи андоз аз фоида дарч намояд.Маблаги умумии фоидаи андозбандишаванда  (даромади андозбандишаванда) дар эъломияи дар боло пешбинишуда ба маблаги фоидаи андозбандишавандае (даромади андозбандишавандае), ки дар асоси бахисобгирии алохида хисоб карда шуда, мутобики санади хукукии байналмилали бояд аз андозбанди озод гардад, кам карда мешавад.
  3. Дар сурати татбики гайриконунии мукаррароти санади хукукии байналмилали, ки боиси насупоридан ё нопурра пардохтани андоз ба бучет гардидааст, гайрирезидент мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгарикашида мешавад.
  4. Даромади шахси хукуки – гайрирезидент, ки воситахои наклиётро дар боркашонии байналмилалие, ки яке аз тарафхои он Чумхурии Точикистон мебошад, бе таъсиси муассисаи доими дар Чумхурии Точикистон истифода мебарад ва хукуки татбики мукаррароти санади хукукии байналмилалиро дорад, бояд тибки тартиби мукаррарнамудаи моддаи 133 Кодекси мазкур аз андозбанди озод карда шавад.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …