Главная / Илм / Тахлили канди хун

Тахлили канди хун

Бояд хар як нафар одам, баъзан вакт аз тахлили канди хун гузарад. Хатто агар шумо худатонро хеле хуб хис кунед хам. Хеч гуна ташвиш ва нокулайи надорад, аммо манфиаташ ба хама аён аст. Тестхо барои санчидани дарачаи канди хун хеле зиёданд: чамъоварии хун аз вена, аз нуги ангушт, бо сарбори (кори чисмони) ва бе сарбори ва хатто чунин «даррандаи » тамоман номаълуме ба мисли гемоглобини гликогени. Чи гуна ва барои кихо ин зарур аст ва натичахои онхоро чи хел фахмидан мумкин аст?

АЗ РУИ КАДОМ АЛОМАТХО БАЛАНДШАВИИ ДАРАЧАИ КАНДИ ХУНРО МУАЙЯН КАРДАН МУМКИН АСТ?

Diabetic patient doing glucose level blood test using ultra mini glucometer and small drop of blood from finger and test strips isolated on a white background. Device shows 115  mg/dL which is normal
Diabetic patient doing glucose level blood test using ultra mini glucometer and small drop of blood from finger and test strips isolated on a white background. Device shows 115 mg/dL which is normal

Нишонаи классики – ташнагии доими. Зиёдшавии микдори пешоб низ касро ба тахлука меандозад (аз хисоби дар он пайдо шудани глюкоза), беохир хушк мондани дахон, хориши пуст ва пардахои луоби (аксар вакт дар узвхои таносул), бекувватии умуми, мондашави, даммалхо. Агар шумо хатто як нишонаро пай бурда  бошед, махсусан агар якчоягии якчандтои онхоро – пас бехтар аст, ки фол дида нашинеду зудтар ба назди духтур равед. Ё ин ки хамту пагохи бо шиками гурусна барои тахлили канди хун, аз нуги ангуштатон хун супоред.

СИРРИ ПАНЧ МИЛЛИОН

Дар Россия ба таври расми зиёда аз 2,6 миллион одам бо диабети канд ба кайд гирифта шудаанд, дар баробари ин 90% -и онхо ба  диабети намуди 2-юм гирифтор хастанд. Аз руи маълумотхои тадкикотхои назорати-эпидемиологи, микдори ин гуна беморон хатто 8 миллионро ташкил медихад. Аз хама ногувораш он аст, ки – аз се ду хиссаи одамони ба диабет гирифтор буда (зиёда аз 5 миллион) оиди ин мушкилоти худ пай намебаранд (намедонанд).

Хангоми ба диабети канди намуди 2-юм гирифтор будан дар нисфи одамони бемор нишонахои хоси ин бемори ба назар намерасанд. Аз ин мебарояд, ки барои хама зарур аст, ки баъзан вакт ба таври даври дарачаи канди хунашонро бисанчанд?

Бале. Ташкилоти Умумичахонии Тандурусти (ВОЗ) тавсия медихад, ки баъди  40 солаги, пас аз хар як се сола барои тахлили канд, хун супорида шавад. Агар шумо ба гурухи хавфнок тааллук дошта бошед (вазни барзиёд, хешовандони гирифтори диабет доред) он гох бояд хар сол хун супоред. Ин имконият медихад, ки ба хуручи бемори рох надихед ва онро то дарачаи оризахо оварда нарасонед.

ЧИ ГУНА НИШОНДИХАНДАХОИ ДАРАЧАИ КАНДИ ХУН МЕЪЁРИ ШУМОРИДА МЕШАВАНД?

Агар шумо аз нуги ангушт хун супорида бошед  (дар дили нахор/бо шиками  гурусна): 3,3–5,5 ммоль/л – меъёри аст, новобаста аз синну сол; 5,5–6,0 ммоль/л – предиабет (саршавии диабет), холати мобайни/муттавассит.  Онро инчунин вайроншавии бардошткунии глюкоза (нарушением толерантности к глюкозе (НТГ)) ё гликемияи вайроншуда дар дили нахор низ меноманд  (нарушенной гликемией натощак (НГН)); 6,1 ммоль/л ва аз он болотар – диабети канд. Агар хунро аз вена гирифта бошанд (инчунин дар дили нахор), меъёр тахминан 12% зиёдтар аст – то 6,1 ммоль/л (агар аз 7,0 ммол/л  болотар бошад – пас кас диабети канд дорад).

Кадом тахлил дакиктар аст – экспресси ё лаборатори?

Дар як катор марказхои тибби тахлили канди хун  бо усули экспресси (бо глюкометр) ичро карда мешавад. Ба гайр аз ин бо глюкометр чен кардани канди хун дар шароити хона низ хеле куллай мебошад. Аммо натичахои тахлили экспресси тахмини шуморида мешаванд, онхо назар ба тахлилхои дар тачхизотхои лаборатори гузаронидашуда камтар дакик хастанд. Барои хамин хангоми аз меъёр берун будани он зарур аст, ки боз барои тахлили лаборатори аз нав хун супорида шавад (одатан барои ин кор хуни вена истифода бурда мешавад). 

Оё натичахо хамеша дакик хастанд?

Бале. Агар нишонахои назарраси диабет маълум бошанд, санчиши якмартаги кифоя аст. Аммо агар нишонахо мавчуд набошанд, ташхиси «диабет» дар он холате гузошта мешавад, ки дарачаи канд 2 маротиба (дар рузхои гуногун) зиёда аз меъёр маълум шуда бошад.

БА ТАШХИСИ ГУЗОШТАШУДА БОВАР КАРДА НАМЕТАВОНАМ, ОЁ ЯГОН УСУЛИ АНИК КАРДАНИ ОН МАВЧУД АСТ?

Боз як тести дигар хаст, ки дар як катор холатхо барои ташхиси диабет гузаронида мешавад: намунаи санчиши бо «сарбории (вазнинии) канди». Дарачаи канди хунро дар дили нахор (бо шиками гурусна) муайян мекунанд, баъдан шумо 75 г глюкозаро дар шакли сироп менушед ва пас аз 2 соат боз аз нав барои тахлили канд хун месупоред ва натичаашро месанчед, то 7,8 ммол/л меъёр, 7,8  – 11,00 ммол/л – саршавии диабет, болотар аз 11,1 ммол/л – диабет. Пеш аз тест ба мисли мукаррари хурок хурдан мумкин аст. Дар давоми 2 соати байни тахлили якум ва дуюм хурдан, сигор кашидан, нушидан мумкин нест; сайру гашт кардан (сарбори (кори чисмони)/машгулиятхои чисмони дарачаи кандро паст мефароранд) ё баръакс  хоб рафтан ё дароз кашидан дар руи кат низ  номатлуб аст (зарурат надорад) – чунки хамаи инхо натичахоро баргалат карда метавонанд.

КАМ КАРДАНИ ВАЗН –  БОЗДОШТАНИ ДИАБЕТ АСТ

Барои то кадом дарача кам кардани вазн, формулаи тахмини чунин талкин мекунад: — кад (бо см) – 100 кг. Тачрибаи амали нишон медихад, ки барои бехтар кардани ахволи саломати ба микдори 10-15% кам кардани вазн басанда аст.

Формулаи боз хам дакиктар:
Нишондихандаи (индекси) Массаи Бадан (ИМТ) = массаи бадан (кг) : кад дар  квадрат (м2).
18,5–24,9 – меъёр;
25,0 –29,9 – вазни барзиёд  (зинаи 1-уми фарбехшави);
30,0–34,9 – зинаи 2-юми фарбехшави; хавфи (риски) гирифторшави ба диабет;
35,0–44,9 – зинаи 3-юм; хавфи гирифторшави ба диабет.

Чихо ба натичаи тахлил таъсир мерасонанд?

Хама гуна тахкику муоинахои дарачаи канд бояд дар хошияи хурокхои мукаррари гузаронида шаванд. Риоя кардани хеч гуна пархезкунии (диетаи) махсус, аз ширинихо даст кашидан зарурат надорад, дуруст аст, ки албатта пас аз шабнишинии пурдабдабае низ дар пагохирузи ба лаборатория рафтан кори хуб (лозим)  нест. Набояд тахлилхо дар хошияи ягон холати вазнин, аз кабили  шамолхури/ (хунукзадаги), чарохат  (травма) ё  инфаркти миокарда гузаронида шаванд. Хангоми хомиладори низ критерияхои ташхисгузори дигар хел хоханд буд.

Барои чи тахлили гемоглобини гликогени (агиштобаги) зарур аст (HbA1c)?

Нишондихандаи HbA1c дарачаи миёнаи шабонарузии канди хунро дар 2-3 мохи охир инъикос мекунад. Холо ин тахлилро аз сабаби мушкилотхои стандартигардонии усулхо барои ташхиси диабет истифода намекунанд. Ба бузургии нишондихандаи HbA1c иллатнокии гурдахо, дарачаи липидхои хун, мавчудияти гемоглобини аномали ва гайра таъсир карда метавонанд. Нишондихандаи аз меъёр баландшудаи  гемоглобини гликогени  метавонад на факат диабет ва баландшавии бардошткуни ба глюкозаро нишон дихад, балки масалан анемияи камчинии оханро низ нишон дихад. Бинобар ин тести HbA1c барои онхое зарур аст, ки дар онхо аллакай диабет дарёфт шудааст. Тавсия дода мешавад, ки ин гуна тахлил пас аз гузоштани ташхис супорида шавад ва баъдан дар хар як 3-4 мох (тавассути дар шиками гурусна аз вена хун супоридан) аз нав супорида шавад. Ин як намуди баходихии он мешавад, ки шумо чи тавр дарачаи канди хунатонро назорат мекунед. Зимнан (дар омади гап) натичаи тахлил аз усули истифодашаванда вобастаги дорад, барои хамин барои он ки тагйирёбии гемоглобин назорат карда шавад, шумо бояд донед, ки дар лаборатория аз кадом усул истифода кардаанд.

ЧИ БОЯД КАРД, АГАР ДАР МАН САРШАВИИ ДИАБЕТ (ПРЕДИАБЕТ) ПАЙДО ШУДА БОШАД?

Саршавии диабет – ин саршавии вайроншавии мубодилаи карбогидратхо мебошад, сигнал дар бораи он ки шумо ба минтакаи хавфнок ворид шудаед. Пеш аз хама бояд фавран аз вазни барзиёд халос шавед (одатан дар хамин хел  беморон ин гуна мушкили хаст), дуввум бояд оиди паст кардани дарачаи канд чорачуйи намонед. Вагарна боз камтари дигару – он гох дер шуда мемонад. Хуроквориатонро то ба 1500 – 1800 ккал дар як шабонаруз махдуд намоед (вобаста ба вазни аввали ва хуроки мукаррари), аз кулчакандхо, конфетхо, самбусахо даст кашед; хурокхоро бо буг пазед, обпаз кунед ва беравган пазед. Танхо тавассути иваз кардани хасибчахо — ба хамон микдори баробари гушти обпазшуда ё гушти лахми мург, иваз кардани майонез ва каймоки серавган бо салат – ба йогурти ширтуруш (чургот) ё каймоки беравган, ва ба чои равгани маска – ба нон гузоштани бодиринг ё помидор, вазн партофтан мумкин аст. Дар як руз 5-6 маротиба хурок хуред. Маслихат кардан бо диетолог – эндокринолог оиди хурокхурии дуруст низ хеле фоиданок аст.

Фитнеси харузаро низ ба ин илова кунед: шиновари, аквааэробика, пилатес… Барои одамоне, ки хавфи бемории ирси, фишори баланди артериали ё  дарачаи баланди холестерин доранд, хатто дар зинаи саршавии диабет дорухои пасткунандаи дарачаи канд таъин мекунанд.

Ба саволхо Олег УДОВИЧЕНКО, номзади илмхои тибби, духур-эндокринологи Маркази тиббиии «Прима Медика» посух гардонид.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …