Хозима дар рудаи борик. Хуроки шавламонанд кисм – кисм аз меъда ба чои дигари канали хозима – руда мегузарад. Дар рудаи борик тачзияи минбаъдаи нисбатан оддии моддахои гизои давом карда, ба хун ва лимфа чаббида мешавад.
Дарозии рудаи борик 3-3,5 м аст. Кисми аввали он рудаи дувоздахангушта мебошад. Дарозии миёнаи он ба 12 бари ангушт баробар аст. Ба рудаи дувоздахангушта мачрои чигар талхадон ва гадуди зери меъда кушода мешавад.
Ферментхои шираи гадудхои зери меъда танхо ба мухити ишкори таъсир карда, ба воситаи талха фаъол мегарданд. Дар рудаи дувоздахангушта дар зери таъсири ферментхои шираи хозима сафедахо, чарбхо ва карбогидрадхо тачзия мешаванд.
Талхаро калонтарин гадуди бадани одам – чигар хосил мекунад, ки он чарбхоро хазм мекунад. Кашишхурии мавчмонанди деворхои руда (расми 71) шавлаи хурокро мунтазам дар руда ба харакат медарорад. Шавлаи хурок микдори зиёди гадудхои майдатарини пардаи луобии рудаи борикро ба ангезиш меорад. Онхо шираи руда чудо мекунанд. Тавассути ферментхои шираи меъда моддахои гизои то пайвастагихои оддитарини дар об халшаванда, сафедахо то ба аминокислотахо, чарбхоро то глитсерину Кислотахои равган ва карбогидрадхо то глюкоза тачзия мешавад.
Дар пардаи луобии руда гиреххои зиёди лимфаги мавчуд буда, онхо як кисми умумии системаи хифзкунандаи организм мебошанд: Хусусан кирмруда (аппендикс), ки аксар боиси бемории аппендитсит мегардад. Сирояти гуногуни руда, гулудард сабаби газакгири шуда метавонад.
Аппендикс ин изофаи бо кирм монанд буда, дар кисми куррудаи рудаи гафс чойгир шуда, дарозиаш ба хисоби миёна 6-8 см ва аз ин хам зиёдро ташкил мекунад. Гафсиаш ба хисоби миёна 0,6-1 см мебошад. Ахамияти изофаи кирмшакл дар он аст, ки он узви мухими иммуни мебошад. Изофаи кирмшакл баъзан бемор мешавад, ки онро аппендитсит меноманд.
Нишонахои он чунинанд: пайдошавии дарди сахт дар шикам, баланд шудани харорати бадан, сафед гаштани болои забон, кайкуни ва гайрахо. Агар ин нишонахо дар одам пайдо шаванд, бе ягон дудилаги хатман ба духтур мурочиат кардан зарур аст.
Чаббиш. Сатхи дохилии рудаи борик дорои патмуякхо аст, ки тавассути онхо махсулоти тачзияи сафедахо, чарбхо ва ангиштобхо чаббида мешаванд. Микдори хеле зиёди муякхо (2500 муяк дар 1см) сатхи пардаи луобии рудаи борикро хеле васеъ мекунанд. Девори муяк аз эпителияи яккабата иборат аст. Хар як муяк аз раги хунгард ва рагхои лимфаги иборат аст.
Патмуякхо махсулоти дар об халшудаи тачзияи моддахо гизоиро чаббида мегирад. Чаббиш на танхо раванди табиии таровиш ва дифузиявист, балки инчунин чараёни мураккаби физиологи буда, бо рохи аз деворхои муякхо фаъолона гузаронидани моддахо зухур меёбад. Муякхо вазифаи мухофизатиро хам ичро карда, намегузоранд, ки ба хун ва лимфа микроорганизмхои маскуни руда дохил шаванд. Дар сурати риоя накардани коидахои оддитарини гигиени, тавассути хурок ба руда аксар микроорганизмхо ва захри онхо дохил мешаванд.
Роли мухофизати чигар. Хамаи хуни чоришаванда аз чигар мегузарад. Дар чигар то 95% моддахои зарарноки дар рафти хазми хурок ба вучуд омада, безарар гардонда мешаванд.
Вазифаи рудаи гафс. Бокимондахои хуроки хазмшуда кариб 8-12 соат аз рудаи гафс мегузаранд. Дар ин муддат кисми зиёди об ба хун чаббида мешавад. Пардаи луоби рудаи гафс муякхоро надорад. Гадудхои он шира чудо мекунанд, ки ферментхояш кам буда, ба микдори зиёд луоб дорад. Луоб харакат ва берун шудани бокимондахои хуроки хазмнашударо осон мегардонад.
Дар рудаи гафс бактерияхои бисёр мавчуданд. Онхо ба хазми муътадили хурок зарур буда, бо иштироки онхо баъзе витаминхо ба вучуд меоянд. Начосати дар рудаи гафс пайдошуда ба рудаи рост даромада, аз он ба берун партофта мешавад.
Саволхо:
- Моддахои гизои дар рудаи дувоздахангушта ба чи тагйирот дучор мешаванд?
- Дар раванди хазми хурок шираи гадуди зери меъда кадом накшро мебозад?
- Дар раванди хазми чарбхо талха кадом накшро мебозад?
- Роли мухофизати чигар дар чист?
- Чаббиш чист?
- Рудаи гафс дар хазми хурок кадом накшро мебозад?
- Нойи хозима чи хел системаи мухофизати дорад?
- Барои чи аппендитсит хавфнок аст?
- Нишонахои аппендитсит кадомхоянд?
- Хангоми аппендитсит чи чора дидан зарур аст?