Главная / Маданият ва санъат / ТАЪСИРИ ТЕЛЕВИЗИОН БА АФКОРИ УМУМ

ТАЪСИРИ ТЕЛЕВИЗИОН БА АФКОРИ УМУМ

Телевизион воситаи эътимодбахши иттилоотии оммавиест, ки дар як муддати кутох тавонистааст, бинандагони зиёд пайдо карда, дар хар хонадон маскан гирад. Эътимодбахшиаш дар он зохир мегардад, ки ба навор сару кор гирифта, бинандаро шохиди бевоситаи вокеа мегардонад. Муассирии телевизион боиси он мегардад, ки дар баробари иттилоърасони дигар вазифахоро низ бар       душ     гирад. Ба монанди ичтимоигардони, фархангу фарогатбахши, тарбиявию ахлоки. Дар баробари хамаи ин, вазифаи мураккабтаре бар зиммаи телевизион вогузошта мешавад: инхисоркуни ва таблигу ташвик. Ин хадафхои ходимони эчодии телевизион ба воситаи таъсиррасони ба психологияи чомеа хуб ичро мегарданд. Омузиши психологияи аудитория ва ба таассуроти онхо мувофик омода намудани барномахои  телевизиони боиси муваффакияти журналистони телевизион гардида метавонад.

novosti-radioИнхисоркуни ва таргибу ташвик бо хадафхои гуногун ба рох монда мешавад. Хам бо хадафхои манфиатбахш ва хам баръакс, барои ичрои хадафхои шахси. Таблигу ташвики сулху вахдат, оромиву осудаги, тахаммулпазири, эхтироми фархангу тамаддуни милли ва бо назардошти он дар тафаккури мардум чой намудани идеяи гуманистиву сулхчуйи, вахдату ягонаги манфиатовар аст.

Инхисоркуни ба хотири амали намудани хадафхои шахси, ки баъзан бо чангу чидол ва нофахмихои дохили ё хоричии як давлат меанчомад, тавассути телевизионхое анчом дода мешаванд, ки бо максади амалиёти «чанги сард» таъсис ёфтаанд ё амал мекунанд. Таргибу ташвик ва инхисоркунии тафаккури бинанда аз чониби ин гуна телевизионхо мухаккиконро ба ташвиш оварда, барои омузиши роххои пешгири ва нишон додани роххои худмухофизаткунии бинандагон аз хама чихат кушиш

Хатари таъсири манфии телевизион, махсусан, ба кудакон зиёд хис мешавад, ки он масъалаи ташвишовар буда, хам ба инкишофи зехни ва хам ахлокии онхо бетаъсир намемонад. Барномахои барои насли наврас ва чавонон бояд бо назардошти психологияи синнусоли тахия гарданд. Вобаста ба талаботи синнусоли журналист вакте намоиш омода карда метавонад, ки агар психология ва таъсири психологии барнома ё намоиши худро дарк намояд.

Аудиторияи васеи телевизион, аз кудак то калонсол, аз зиёи то дехкон, зану мард зери таъсири психологии телевизион карор мегиранд. Таассуроти мусбиву манфи гузоштани телевизион боиси мураккабии вазъияти кунунии тамоми чахон гардидааст. Аз ин лихоз омузиши воситахои таъсиррасонии психологии телевизион ва умуман, омузиши психологияи журналистика чун як шохаи васеи илми журналистика дар замони муосир зарур аст. Ин зарурат боиси интихоби мавзуъ гардидааст.

Аз чониби мухаккикони рус доир ба мавзуи психологияи журналистика, таъсири психологии телевизион ва дигар воситахои ахбори омма, инхисоркунии афкори омма тавассути телевизион ва таблигу ташвик тавассути он тахкикоти зиёде гузаронида шудааст. Аз ин чо, дар навишти монография ба тахкикоти мухаккикони рус бештар таваччух намудем. Тахкикоти мухаккики рус Е.Е. Пронина дар мавзуи психологияи журналистика кобили таваччух аст. Мухаккик дар асоси тахкикоти чандинсола дар сохаи психологияи журналистика ба хулоса меоянд, ки маводи журналисти кодир аст на танхо ба психологияи аудитория таъсир гузорад, балки худи журналистро зери таъсир гирад.

Тахкикоти А.М.Шестерина дар мавриди муносибати илми психология ва журналистика чолиб буда, таткикоташ аник ва нишонрас аст. Хамчунин, ба ин мавзуъ Г.Л. Капустина1, О.В. Барсукова,[1] [2] М.В. Семкина[3] таваччух зохир намудаанд.

Назарияи психологияи журналистика, махсусан, таъсири телевизион ба тарбияи равонии чомеа, аз чумла кудакон, аз чониби мухаккикони точик ба таври бояду шояд мавриди тахкик карор нагирифтааст. Баъзе мухаккикон – А.Нуралиев, А.Саъдуллоев, И.Усмонов, А. Азимов, М.Муродов, М. Абдуллоев, Ш.Муллоев дар робита ба мавзуи таъсиррасонии психологии телевизион ишорахо доранд.

Мухаккики журналистика И.Усмонов дар мавриди инхисоркунии тафаккури бинанда тавассути иттилоъ, дар хусуси функсияи таргиботии ВАО, далелхои вокеи овардааст. Аз чумла у мегуяд: «Тамоми матбуот хатто дар иттилои якчумлаи бетарафона чунон зада мегузорад, ки манфиати онро бозгуяд. Лихозо, сарфи назар кардани калимаи таблиг худфиребии махз асту бас.» [4]

б. Маколахо

Мухаккики дигари точик профессор А.Саъдуллоев бошад, мушахассан, махсусияти таъсиргузории телевизионро зикр мекунад. Мухаккик бар он назар аст, ки: «Азбаски ВАО бо оммахо сару кор доранд, табиист, ки журналистон хангоми фаъолияти кори бо авзои равонии чомеа эътибори бештаре медиханд.». 1

Дар кори Р.Бобочонова[5] [6] ва Г.Умарова[7] таъсири инъикоси масоили гендери дар расонахои Точикистон ва таъсири психологии он ба аудитория тахкику тахлил гардида, баъзе масъалахо халлу фасл шудаанд.

Дар баробари истифодаи асархои мухаккикони сохаи журналистика, психологияи журналистика ва публитсистикаи точик, хоричию рус, инчунин, аз мухаккикони сохаи психологияи точик низ дар навишти монография васеъ истифода намудем. Таткикоти равоншиносони ватани Р.Отахонов, М.Давлатов, Н. Юнусова, М. Алиев, С. Расулов, Н.Амонов, К.Каримов, Г.Абдурахмонов, Н.Рачабов[8] ва хоричи В.Богословский, А.Степанов, А.Виноградова[9], А.Петровский[10] хеле муфид буд.

Бори аввал дар Точикистон кушиши тахкики таъсири психологии телевизион ба чомеа сурат мегирад. Гарчанде
аз огози фаъолияти телевизион дар Чумхурии Точикистон кариб 60 сол гузашта бошад хам, чанбаи таъсиррасони психологии телевизион ба тарзи бояду шояд омухта нашудааст. Аз ин чо таткикот нишон медихад, ки на хамаи масъалахои марбут ба таъсири психологии барномахои телевизиони мавриди барраси карор гирифтааст.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …