Главная / Чамъият / Ситонидани андоз аз даромади гайрирезидентхо дар манбаи пардохт

Ситонидани андоз аз даромади гайрирезидентхо дар манбаи пардохт

Моддаи 128-и Кодекси Андоз. Ситонидани андоз аз даромади гайрирезидентхо дар манбаи пардохт

  1. Даромади гайрирезидент аз манбаи вокеъ дар Чумхурии Точикистон, ки ба муассисаи доимии хамин гайрирезидент дар каламрави Чумхурии Точикистон марбут намебошад, аз манбаи пардохт хамчун даромади умуми, бе тархи харочот (ба истиснои тархи андоз аз арзиши иловашуда дар холати андозбанди мутобики моддаи 177 Кодекси мазкур) бояд тибки меъёрхои муайяннамудаи кисми 6 хамин модда андозбанди гардад. Инчунин бо тартиби мазкур андозбандии даромадхои гайрирезидент аз манбаъхои вокеъ дар Чумхурии Точикистон, ки тибки Кодекси мазкур ба муассисаи доимии он дар Чумхурии Точикистон марбут буда, сари вакт анчом наёфта, хуччатхои тасдиккунандаи пардохти андоз пешниход нашудааст, дар манбаи пардохт амали карда мешавад. (КЧТ аз 14.11.16 с., №1367)
  2. Тахти мафхуми пардохти даромад супоридани пул дар шакли накди ва (ё) гайринакди, когазхои киматнок, молхо, дигар молу мулк, додани манфиат, ичрои корхо, хизматрасонихо фахмида мешаванд.
  3. Пардохтхо ба манфиати гайрирезидентхо мутобики кисми 1 хамин модда, вобаста ба тахвили молхо хангоми амалиёти тичорати хоричи (вобаста ба воридоти молхо) ба каламрави Чумхурии Точикистон дар манбаи пардохт бояд андозбанди нагарданд.
  4. Андозбандии даромадхои гайрирезидент, ки дар Чумхурии Точикистон ба даст оварда шудаанд, сарфи назар аз ихтиёрдории ин гайрирезидент нисбат ба даромадхои худ ба манфиати шахсони сеюм дар Чумхурии Точикистон ва (ё) вохидхои алохидаи худ (шахсони дигар) дар дигар давлатхо, дар манбаи пардохтанчом дода мешавад.
  5. Андоз аз даромади гайрирезидент аз манбаи вокеъ дар Чумхурии Точикистон, новобаста ба шакл ва махалли пардохти даромад ситонида мешавад.
  6. Бо дарназардошти мукаррароти хамин модда даромадхои гайрирезидент аз манбаъхои вокеъ дар Чумхурии Точикистон, ки бо муассисаи доимии ин гайрирезидент дар каламрави Чумхурии Точикистон алокаманд намебошанд, бояд дар манбаи пардохт хамчун даромади умуми, бе тархи харочот (ба истиснои дар холати андозбанди тархи андоз аз арзиши иловашуда мутобики моддаи 177 Кодекси мазкур) тибки меъёрхои зайл андозбанди шаванд:

-суди сахмияхо – мутобики моддаи 126 Кодекси мазкур;

-фоизхо – мутобики моддаи 127 Кодекси мазкур;

-сахмхои сугуртавие, ки мутобики шартномахои сугурта ва азнавсугуртакунии таваккалхо аз тарафи резидент пардохт мешаванд – тибки меъёри 6 фоиза;

-маблагхое, ки барои хизматрасонии телекоммуникатсиони ё наклиёти хангоми алока ё хамлу накли байналмилали байни Чумхурии Точикистон ва дигар давлатхо аз тарафи резидент пардохт мешаванд, ба истиснои маблагхо барои фрахти бахри – тибки меъёри 5 фоиза, маблагхо барои фрахти бахри – тибки меъёри 6 фоиза;

– даромадхо дар шакли музди мехнат, ки моддаи 99 Кодекси мазкур пешбини намудааст ва аз манбаъхои вокеъ дар Чумхурии Точикистон, новобаста ба шакл ва махалли пардохти даромадхо пардохт мешаванд, – тибки меъёри дар кисми 3 моддаи 103 Кодекси мазкур пешбинигардида;

-даромадхои дигар, ки дар сархатхои якум – панчумихамин кисм пешбини нашудаанд  – тибки меъёри 15 фоиза.

  1. Барои максадхои хамин модда маблагхои пардохтшудаи муассисаи доимии гайрирезидент дар Чумхурии Точикистон ё аз номи чунин муассиса пардохтшуда хамчун маблагхои супоридаи корхонаи резиденти барраси мегарданд.
  2. Ташкилотхое, ки новобаста ба махалли пардохт ба гайрирезидентхои дар татбики созишномахои карзи (гранти) бе таъсиси муассисаи доими дар Чумхурии Точикистон иштироккунанда даромад пардохт менамоянд, ухдадоранд ба сифати агентхои андоз аз манбаи пардохт андозро нигох доранд ва ба бучет пардохт намоянд. Дар холати риоя накардани талаботи мазкур, андоз аз хисоби ташкилотхои зикршуда ситонида мешавад.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …