Моддаи 10-и Карори шахрсози. Сервитутхо ва махдуд гардонидани хукукхо ба китъахои замин хангоми амали намудани фаъолияти шахрсози
- Сервитутхо хангоми амали намудани фаъолияти шахрсози дар мавридхое мукаррар карда мешаванд, ки манфиати сохибмулкони бино ва иншоот барои амалхои зерин наметавонад бе махдуд намудани хукуки истифодаи китъаи замини бегона таъмин карда шаванд:
– сохтмон, тачдид ва таъмири бино ва иншоот;
– сохтмон, тачдид, таъмир ва ба истифода додани объектхои инфрасохторхои мухандиси;
– гузаронидани корхо оид ба хифзи худудхо аз зериобмони ва кисман зериобмони;
– гузаштан тавассути китъаи замини бегона;
– эхтиёчоти дигари сохибмулкони бино ва иншоот.
- Гаронии хукукхо барои китъахои замин хангоми амали намудани фаъолияти шахрсози, ухдадорихо ва махдудсозихои хукукхои истифодабарандагони китъахои заминро дар бар мегиранд ва дар асоси хуччатхои шахрсози, меъёру коидахои сохтмони мукаррар карда мешаванд.
- Тартиби мукаррар намудан ва катъ кардани сервитутхо ва гаронии хукукхои истифодабарандагони китъахои заминро конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар менамояд.