Главная / Чамъият / Шеърхои ошики – Гулчини бехтарин

Шеърхои ошики – Гулчини бехтарин

Шеъри ошики оиди духтари ношинос

Ох, ин хат хати як чононест,
Ёфтам ногахаш аз байни китоб.
Хондаму боз бихондам онро,
Охираш буд «фиристед чавоб!»
Буд вакте, ки нависандаи хат
Дуст медошт маро аз дилу чон.
Рафт он давр, валекин мактуб
Ёд овард маро з-он даврон.
Хоб аз чашм париду дили ман
Боз дар ёди хамон ёр тапид.
Чустучу кард варо дар олам
Мисли онруза варо лек надид.
Боз аз пеши назар мегузарад
Тархи руяш, нигахаш, лаъли лабаш.
Боз бо чашми хаёлам дидам
Дар хамин лахза, дар ин нисфи шабаш.
Лек ман боз ба фармони хаёл
Лаби руд омадаму биншастам.
Шодам аз бусаю огушу канор
Аз нигаххои хумораш мастам.
Ох, мактуб, чаро дар дили шаб
Дари андух ба ман бикшоди.
Доди озору алам, доду фигон,
Хасрату сузи гаронам доди.
Хамчунон сурати тифли ту маро
Шохиди зиндагии бесуди.
Шохиди ишки пушаймонгашта,
Шохиди як нафаси масъуди.
Боз исто ту ба мобайни китоб
Шеъри ногуфта ба хонандаи ман!
То тасалло бидихи дар пири,
Ёд ори ба ман аз ишки кухан.
Назди он ёр гунахкорам ман,
Рафт у, ман нашудам з-у чуё.
Хайр, эй ёр, маро ёд макун,
Бахш, эй ишк, гунаххои маро!
—– **** —-

бехтарин сурати ошикона
бехтарин сурати ошикона

ШЕЪРИ ОШИКИ ГАРИБИ

Хамин ишк аст, ки месузад сару пои вучуди ман
Сару пои вучуди ман, тамоми тору пуди ман,
На дилам дар канор ояд, На сабру ихтиёр ояд,
Намеои азизи ман, ки бо ту навбахор ояд.

Хамин ишк аст, Хамин ишк аст, Хамин ишк аст,
Чи созам бо дили тангам, сукути шеру охангам.
Ту рафти бо хама олам, Мани шурида мечангам,
Мани шурида мечангам,

Хама шабхо бо танхои,
Хама рузам ба рахпои,
Нафсхо бо ухда мепечам,
Ки шояд бе садо ойи, Ки шояд бе садо ойи
Хамин ишк аст, Хамин ишк аст, Хамин ишк аст,
Хамин ишк аст, Хамин ишк аст, Хамин гариби аст,

Надори боварам афсус, нагарди ёварам афсус,
Сурогам мекуни рузе, Ки дигар, дигарам афсус,
Ки дигар, дигарам афсус,

Бубухш, девонаи ишкам, ба косанои ишкам
Ба даври шаби хичронам,
Масуз парвонаи ишкам.
Масуз парвонаи ишкам.

Хамин ишк аст, Хамин ишк аст, Хамин ишк аст,
Хамин ишк аст, Хамин ишк аст, Хамин ишк аст,
— **** —-

ШЕЪРИ ОШИКИ БАРОИ ЧАВОНОН

Дили ман нест чу обе, ки ба хар чуй давад,
Дили ман нест насиме, ки ба хар суй давад.
На чу овора ба хар чо ба такопуй давад,
Лек, чун хусни туро дид, бирафт аз паи ту.
Дили ман на чу нихолест, ки пайванд кунанд,
Кучаташ карда, ба хар чову самарманд кунанд,
Ё ки бехуда паи сухтан аз чой кананд.
Дили ман мехрпараст аст, садокат дорад.
Дил, ки чушид зи ишку талаби васл намуд,
Зи ман осудагиву хоби чавони бирабуд.
Боз субх омаду чашмони хумори бикушуд,
Дар сари субхи сафобахш туро дид дилам…
Баъд бо номи ту чун рузи мухаббат сар шуд,
Рахи сарбаста зи ту шохрахи дигар шуд,
Ишк бо ёди рухат хамкадами кишвар шуд,
Дилам аз мархаматат шахпари шахбоз гирифт.
Гар ки ман чумла санамхонаи олам кобам,
Натавонам ки дигар мисли ту дилбар ёбам.
Ханда кун, ёр, ки аз васли ту ман шодобам.
Хандае нест ба монанди шакархандаи ту.

ШЕЪР ДАР БОРАИ ДОНИШЧУИ ОШИК (Студент)

Доништалабам, на каси нодор, на доро,
Танхо паи максуд ба уммед равонам.
Аз он чи муяссар шуда аз давлати дунё,
Дар даст маро хаст факат як чамадонам.
Тахсил ба донишкада хуб аст, гуворост,
Ёрон ба дили якдигари гам нагузоранд.
Ин чо на касе хорису не дар гами дунёст,
Ишк аст, чавонист, азизаш бишуморанд.
Аммо мани то хол гами ишк надида
Дилбохтаву волаву шайдои ту гаштам.
Дар рохи ту аз хамсабакон дури кашида,
Парвонасифат аз каду болои ту гаштам.
Хайхот, назар карди ба хоки кади рохат,
Аммо ба мани дилшуда нанмуди нигохе.
Гуфти, ки туро нест на ганчеву на сарват,
Бо оби худодод магар зиндаги хохи?
Гуфти, ки ачиб аст, туро хонаву дар нест,
Оё бувадат боми само боми иморат?
Гуфти, ки пули якмахаат кимати токист,
Бо чукри магар умр бари, умри барохат?
Вокиф нашуда аз дилам, эй ёр, ки дар он
Ишк аст, умед аст, талош аст, субот аст,
Пиндоштиям бекасу бе ганчи фаровон,
Пиндоштиям очизу помоли хаёт аст.
Гар дар назарат, ёр, манам донаи гугирд,
Шояд, ки шавам машъала бахри каси рахгум.
Дар кадр манам пораи ангишт, умедам:
Оташ шаваму гарм кунам хонаи мардум.
Сад сол агар сузаму созам, газаби умр
Аз арчаи мехрам набарад барги хазонро.
Мехр аст маро бозуи зуру сабаби умр
Гар даргузарам хам, бубарам бо худам онро.
Сохиб набурад нахли чавонро чу бараш нест,
Уммед аз он, ки бидихад соли дигар бор.
Аз чист, аё ёр, бигуфти, ки зараш нест,
Чун нест ба чуз ишк дигар давлати подор?!
—****—-

ОШИКАМ – бехтарин шеър

Дар байни нозанинон мохи замон туи, ту,
Дар олами мухаббат мехри чахон туи, ту.
Равшан намояд ин дар дилро фуруги хуснат,
Хам нури чашми хар як пиру чавон туи, ту.
Бо комати базебаст чил кокул анбарафшон,
Дар гулшани малохат сарви равон туи, ту.
Бахшид бар шафак ранг рухсори лолагунат,
Бо лафзи шаккаринат рухи равон туи, ту.
Рузе ба ишки покат машхур гардад Улмас,
Зеро ки дар дили у бахшанда чон туи, ту.
—****—-

ТУРКИ ОШИК

Дил ошики чашми масту турконаи туст,
Ту шамъиву олам хама парвонаи туст.
Чону дили мо ошику девонаи туст,
Ту хонаи дил шудиву дил хонаи туст.
—- *** —

ЧАВОНИ БИГАЗАРАД –ОШИКИ ШЕЪР

Навбахори навчавони бигзарад,
Гулафшони зиндагони бигзарад.
Аз баду неки чахон огох бош,
Неку бад хам ногахони бигзарад.
Мехрварзии чавони хуш бувад,
Чун хаёлт осмони хуш бувад.
Ишкро дар хастии худ зинда дор,
Талху ширин комрони бигзарад.
Дар чавони гул бичину гул бибуй,
Ба хама дилчуии худ дил бичуй!
Нобу дар банди гесу зан, ки зуд,
Нохову дилситони бигзарад.
Дар умеди худ бисазон боги дил,
То намонад аз чавони доги дил.
Орзуи ишки аввал чун насим
Аз рахи дил ормони бигзарад.

—- ****—–

Шеъри ошикона барои зану шавхар
Ишки ман ин турна не , к-ояд факат рузи бахор,
Нест ё чун кучаи сарбас дар шахри кадим.
Вай наметарсад зи фасли гаму сарди рузгор,
Вай бувад пуррафтуо, пуркор чун рохи азим
Дар замине сабз шуд ин ишк , к-андар руи он
Медавидам дар чавони сарбарахна пойлуч.
Рузхоро мефикандам пушти сар осон чунон,
Хар яки он буд гуё халтаи бодоми пуч,
Ишк омад. Гуфт шабхои ту аз сузу гудоз
Аз хисоби руз мегардад дарозу тиратар.
Русхоро ман вале кардам ба худ аз шаб дароз
Ёфтам аз чехраи шоми сияхруи сахар.
———–****—-

БИЁ ОШИК ЁРАМ (Шеър)

Биё, ёрам,
Биёву гул бибуй аз навбахорон.
Биё, ёрам,
Биё, мастат кунад атри бахорам.
Биё, ёрам,
Биёву бин гули ишку умедам,
Биёву чин гули сурху сафедам.
Биё, ёрам,
Ки чун боди гулафшон бигзарад зуд
Бахори гулнисорам.
Биё, ёрам,
Ки дар дил аз чудои гусса дора,
Бароят дар лабонам бусса дорам.
Биё, ёрам,
Ки месузад ба ёди тобнокат.
Бидузам сузан бо ризтаи нур
Ба номи ишки покат.
Биё, Ёрам,
Ки чун шабнам ба руи баргаки гул
Дурахшон ашк дар рухсори ман.
Биё, ёрам,
Шунав овози калби пораи ман.
Биё, ёрам,
Кучои ошики овораи ман?!

—–*****—-

Туром ан дуст медорам,
Туро хохам, туро чуям,
Ки то шоми махтоби
Бароят рози дил гуям
Туро дар хоб мебинам
Шаби торики танхои,
Ки суям як нафас аз дур
Пур аз ишку хавас ои.
Ту дар хобу хаёли ман
Саропо гаркаи нури,
Валекин аз висоли ман
Чаро дури, чаро дури?
Кучои? Бе ту парвардам
Ба дил ишки фирбоят.
Биё охир ба чашми дил
Бубин Зебои зебоят
—–*****—–

ШЕЪРИ ОШИКИ

Чашми ман нуру сафо мехохад,
Калби ман сидку вафо мехохад.
Чони ман ишки туву мехри ман
Мехрубонии туро мехохад.
Гар ту Фарходиву ман Ширинат,
Пас кучоиву киро мечуи?
Кухи сангини мухаббат бишикан,
Суи лабташнаи худ кан чуе.
Гар ту Мачнуниву ман Лайлоят,
Гаштаи рах ба рах овора чаро?
Пешвози ту кушоям огуш,
Коб рохи диламу ёб маро.
Орзуи мани, эй ёри ман,
Аз ту дорам Хаваси бахти нек.
Кош, ои ба сурогам рузе,
То шавам хамнафаси бахти нек.-
—– ****** ——-

МУХАББАТИ АВВАЛ

Самои нилкору шуълаи субхонаи хуршед,
Дамиданхои хоки хобноки навбахоронро
Дилам дар хеш пинхон дошт,
Меболид, мечушид,
Шабам хуршеди тобон дошт.
Зи пушти тури барфи симгун метофт симояш,
Зимистонхо, ки дунё буд кофуриву охарпуш,
Нигаххои шарарбунёд,
Ёди чашми шахлояш,
Диламро гармие медод.
Чахон гуё ки оташхонае буду зи хар чониб
Шарар мерехт бар калби чавони навгирифторам.
Хаёламро шамоли рахгузар мебурд чун сохиб
Ба суи манзили дилбар.
Дар он айём бахри ман факат як рох маъман буд,
Рахе, ки рафта то бар остони ёр мечаспид.
Дар ин рах гарчи рахзан буд,
Адоват буд, душман буд.
Ба чонам пиразоли шаб хазор ошуб меангехт,
Само мебурд гохе, гах ба хоки тираам мезад,
Чахонро сад тагору менамуд,
Аз нав наку месохт,
Маро мебурд бас аз худ.
Маро мебурд хар дам суи мулки дуру нопайдо
Ки инак, дар паси он теппахо дарвозаи тиллост.
Биё бикшоямат, он чо,
Аруси шуху чилкокул
Туро пазмон, туро чуёст.
Маро мебурд он суе, ки бар акли чавони ман
Муаммо буд, каъре буд нопайдову нофахмо.
Гахе икбол, гах идбор,
Гахе дунёи руъёи
Нишон медод аз он ёр…
Ба монанди суманбоде, ба мисли абри борони
Задам то чашм бар хам, рафт он айёми нотакрор,
Факат ёде, факат ёде,
Хадиси ахду паймоне
Ба ман бигзошт, на шоди.
Равед, эй хотироту ёдхо, кобус бардоред,
Диламро пора нанмоед, бигзоред, дил бандам,
Ки тифли орзуям ман!
Маро дигар наёзоред,
Атои чустучуям ман!

— ***—-

ШЕЪРХОИ ОШИКИ АЗ ЛОИК

Маро чусти, ки ёби боз он дилдодаи дерин?
Чаро бехуда мекоби?
Маро дигар намеёби.
Ман андар хобхои масти будам бехуду беёд,
Ман андар олами гумноми будам шоду
сарафроз,
Миёни чордевори сукути хилвати шабхо
Ба кавси дарди худ будам ба ёди субхи навогоз.
Дарамро куфти бо панчаи нарму хинобаста,
Тамоми пайкарам ларзид,
Дилам аз синаам лагжид…
Замоне буд, пешат менишастам, ту намедиди.
Замоне буд, пешат омада, таъзим мекардам.
Сари сабзам, дили гармам, ду чашми
мехрубонамро
Чу ганчи зиндагониям ба ту такдим мекардам.
Чавони хамчу накши бусаи лабхои ту гум шуд,
Вале з-он бусахо дар ёд мухри човидони монд.
Хама бахти замини рафт бо накши кадамхоят,
Ба ман танхо хаёли хому бахти осмони монд.
Фуру резед, ахтархои хомуши дурахшанда,
Даруни каффаи дастам!
Ки ман дасти тихи хастам!
Ман акнун мавчхои сузноки эхтиросамро
Зи тангии дили тифлонаам озод хохам кард.
В-аз он бахри дили якроху якпаймони хамдардон
Чахони тозае, мулки наве обод хохам кард.
Магу, к-ин мавчхои сузнок аз сузи ишки туст,
Ки бе ин хам гамомузам,
Ба кадри хеш месузам.
Ман акнун дар фарози куллахо
фарёд хохам кард.
Зи гулхои шукуфони бахорон ранг хохам ёфт.
Ман акнун аз нигохи рахгузархо
шарм хохам кард.
Зи рохи рафтуои ту хазор оханг хохам ёфт.
Туро аммо нахохам дид, хар боре кушоям чашм,
Туро аммо нахохам кофт,
Туро аммо нахохам ёфт…
Ба он хоке, ки дар он руяд аз дасти ту гулбоге,
Ба он рохе, ки дар он накш монад аз хироми ту,
Ба он дар, ки ба руят боз гардад чун дили ошик,
Ба он сар, ки шавад курбон ба рохи ту,
ба номи ту,
Ба он дасте, ки даври гардани ту халка хохад шуд,
Саломе гуй аз ошик,
Саломе гуй аз Лоик.
—– **** —–

ХАСАД

Мебарам доим хасад бар он чавоне, ки туро
Бастаи ишкаш намуда, дилнавози мекунад.
Мебарам доим хасад бар он чавоне, ки ба мехр
Назди ту биншаста, бо зулфи ту бози мекунад.
Мебарам доим хасад, аммо на аз он ки ба ту
Рузгори талх мехохам чу очиз душмане.
Хар кучо боши, саломат бош бо дилдодаат,
Хохамат бахти шукуфон чун бахоре, гулшане.
Ман чавони сода будам, рост мепиндоштам
Хар суханро хамчу покии дилу одамгари.
Ман назарногир будам, дустат медоштам,
То бузурги ёбаму ишкат дихад болу паре.
Ишки ман чун ашки тифлон пок буду соф буд,
Фахри айёми чавониям ту буди, нозанин.
Буди пайванди ману дунёи пур аз орзу,
Иду туям, шодмониям ту буди, нозанин.
Мебарам доим хасад бар он чавоне, ки туро
Бастаи ишкаш намуда, дилнавози мекунад…
Мебарам доим хасад бар он чавоне, ки ба мехр
Назди ту биншаста, бо зулфи ту бози мекунад…

ИШКИ НОКОМИ МАН (Шеъри дилсузона)

Орзуям буд, дилро дар хаёт
Пеш аз он ки ба хокаш биспурам,
Аз рахи расму русуму эътикод
Дар вафои ишки покаш биспурам.
Не, нашуд, харчанд зори кардамат,
Хар кадар ки илтичо кардам туро,
Хар кадар ки гамгусори кардамат,
Хар кадар ки кардам изхори вафо –
Нашнавиди харфи мехролуди ман
Нолаи ман, нолаи дилдодаро.
Хайф донисти бароям як сухан,
Як сухан, як харфи айни муддао.
Хайр, навмедам агарчи, лек боз
Як-ду рузе зиндагони мекунам.
Шояд оям ру ба ру дар рохи рост
Ё ба рузи ид бо ту, эй санам.
Рафту гар саргаштагии рузгор
Ру ба ру н-орад маро, бо ту дигар,
Гах-гахе дар вакти айшат ёд ор
Аз мани дилдодаи хуни чигар.
Серташвишии рузи туйхо
Гар насибат гардаду боши ту шод,
Дар миёни шодиву ташвишхо
Ёд кун боре, азизам, ёд, ёд.
Ёд кун аз он, ки бо чашмони тар
Аз паи ту, аз паи ту медавид.
Дар сари рохат ситода хар сахар
Бахри дидан интизори мекашид.
Ёд кун аз он, ки андар ёди ту
Дар мухаббат, дар вафоят метапид.
Меписандиди агар, албатта, у
Бо вафодори ба кадрат мерасид…

—–*****——

Дасти худ пайванд бо дастат кунад,
Бо нигохи оташин мастат кунад.
Сар ба руи синааш мони даме
Бо чахони бахт пайвастат кунад.
Як нафас олам дар огушат шавад
Захри котил он нафас нушат шавад.
Халка созад дасти худ бар гарданат,
Одаму олам фаромушат шавад.
Дилработар нози у аз руи у
Сузи у хуштар зи рангу буи у.
Офтоб у, ту – гули афтобдуст –
Руи худ гардони доим суи у.
Ошики гар ёби дунёи наве,
Аз вучуди хештан рози шави.
Бо мухаббат бини кам чои фузун,
Аз сарои дахр беармон рави.
Чун замин пасту баланд аст ишк хам,
Ошики рохест пур аз печухам.
Медихад он чи нагунчад дар хаёл,
Мебарад аз ту ба гайри оху гам.
Гар ту ёри – ёр ёри мекунад,
Чонфишони, гамгусори мекунад.
Дар бадал бо ту нагирад оламе,
Бо ту сарфи рузгоре мекунад.
Бо хамон шарте, ки бар кадраш раси,
Покбозу покчу боши басе.
Ишкро гахвораю тобути худ
Хонию миннат наори бар касе…
Лоик Шерали -1964 сол
—- ***** —-

ШЕЪР – ИШКИ РАФТА

Рафти, рафти, дилбари оташнигах,
Рафтию бурди ту ороми маро.
Рафтию берахбарам дар ними рах,
Рафтию бурди саранчоми маро.
Рафтию мумкин намебинам дигар,
Лек мехохам ба ту бахти сафед.
Хохамат, ки бар муроди дил раси,
Гарчи ман бо ту надидам тую ид.
Обу хоке, ки маро сабзонда буд
Бо навозишхо дар айёми бахор,
Вакташ омад, ки хазонам мекунад,
Мешавам танхо, ба кунче хору зор.
Хайр, эй чонони дилбардошта,
Зиндаги бо ту насиби ман нашуд.
Лек мехохам ба неки гох-гох
Ёд кун аз он, ки дар ёди ту буд.
Ёд кун аз он чавони дилсафед,
Ки чавониро ба ишкат сарф кард.
Хазлу шухи карда бо ту, шод буд,
Бо ту аз у дур буд андуху дард.
Ёд кун аз он ки бо шеъру суруд
Бар ту изхори мухаббат карда буд.
Ишкро бо эхтироми шоири
Мисли байти тозае парварда буд.
Ёд кун аз он ки бо чушу хуруш
Шеъри Хофизро ба гушат хонда буд.
Назди ту дар холати дил гум задан
Ашки хурсанди басо афшонда буд.
Шеъри Хофиз шодият медод, лек
Шеъри уро хонда мегашти хазин.
Рашк мебурдию мепурсиди ту:
Росташро гу, ба васфи кист ин?
Ёд кун аз он чавони покдил,
Ки ба сакфи синаат сар монда буд.
Бо суханхои латифу ширадор
Дар гахи гамгиният хандонда буд.
Ох, он даврони ширин даргузашт,
Ёд бод он лахзахои шодиям,
Ёд бод он гах, ки бо ту гуиё
Буд хуршеди чахон дар кисаям.
Ох, рафти, бурди айшу нушро…
Ман кунун дар зиндагиям ноумед.
Хайр, боре аз сари мехру вафо
Ёд кун аз он чавони дилсафед.
—- **** —

ШЕЪРИ МУХАББАТ

Мухаббат чист? – мепурсиди аз ман,
Шаби бемох буду беситора.
Садоят буд ларзону шикаста,
Нигохат – шуълаи алмоспора.
Ту мегуфти мухаббат макру фанд аст,
Дуруги бофуругу харфи пурроз,
Ту мегуфти, ки мардон бевафоянд,
Чавонон хуснбозанду назарбоз…
Ман аз ту дур рафтам, шояд акнун
Бигуи худ ба худ: ин хам чунон аст.
Кабутар доштам ман, пар баровард,
Даме бо ман, даме бо дигарон аст.
Ба дастат шохаи гул, сайр сози
Шаби махтоб он гулрохахоро.
Кадат дар рох гулмахтоб гардад,
Вале бе сояи ман накши танхо.
Ту дони модарони мо сияхпуш,
Худои дода бар сарбози мурда,
Варо боз интизори мекашиданд,
Ба такдиру казо тан носупурда.
Ту дони, ки аду чун тир мекошт
Ба хоки зарфишони кишвари мо,
Зи чашма об дода, кишт мекард
Ба сахрохои бекас модари мо.
Наёмад мурдае аз сангари марг,
Зи хандакхо, зи сахни корзорон.
Валекин то хануз дунё ба уммед
Ба суи рох чашми интизорон…
Мухаббат нест харгиз мисли дарё,
К-аз он хар кас тавонад об гирад.
Яке бо каф зи сохил об нушад,
Яке дар байни дарё ташна мирад.
Мухаббат чист? – мепурсиди аз ман,
Шаби бемох буду беситора.
Ва ё акнун баромад ахтари бахт,
Ва ё акнун шабат махтоб дора(д)?
—*****—-

ШАБИ ОШИКИ

Бо ту будам як шабе танхо ба танхо то сахар,
Бо ту будам як шабе дар боги гулхо то сахар.
Як шабе зуд аз «Хазору як шаб» он чо руз шуд,
Ин дили девона бо васли ту бадомуз шуд.
Мову ту хамкисмату хамдарди дерин будаем,
Гарчи дур аз хамдигар чун Моху Парвин будаем.
Як шабе моро ганимат буд аз такдири мо,
Шиквахо аз содагихо буду аз таксири мо.
Шиква аз носозию ноомади такдир буд,
Гарчи ин сон шиква аз такдир моро дер буд.
Лек андар зиндаги носозгорихо бувад,
Дар талоши хар бароре нобарорихо бувад.
Ошикони номуносиб чуфт мегарданду мо
Дилмувофик будаем, аммо зи хамдигар чудо…
Бояд акнун зиндаги чанде ба коми мо шавад,
Лахзае аз умри човидон ба номи мо шавад.
Зиндагиро чун гуломи халкабаргуше кунем,
Бахти худ бирбуда аз уву хамогуши кунем.
Гарчи дер аст, эй санам, бояст дил бандем мо,
То ба кору бори дунё талхтар хандем мо…
—- **** —–

ИШКИ АВВВАЛ (Шеъри ошики)

Ишки аввал – гураи сармозада,
Норасида мефитад аз шохсор.
Реша гар дар об дорад нахли умр,
Боз орад бор дар дигар бахор,
Эй дили шуридаам, шурида бош!
Ман сафар кардам ба мулки шоири,
Кулворам гайри ту чизе надошт.
Аз тамоми ганчхои кухсор
Гайри ту санги шарархезе надошт.
Эй дили шуридаам, шурида бош!
Мекуни дар синаам гах курдуд,
Гох оташ мезани бар пайкарам.
Бохта худро ба бозихои ишк,
Мекуни бози ту гохе бо сарам,
Эй дили шуридаам, шурида бош!
Аз биёбони пушаймони гахе
Суи ёри рафта ово мекуни,
Гох бо хар чи насибат шуд зи умр,
Шукр мегуи, муросо мекуни.
Эй дили шуридаам, шурида бош!
Зиндаги мачмуъаи бешу камист,
Хар шабе дар осмон махтоб нест.
Хусн бошад, дуст медорад касе,
Сар амон бошад, кулах ноёб нест,
Эй дили шуридаам, шурида бош!
Тунд шав дар ин сипехри тундрав,
Шоирию ошики – девонагист.
Хар ки бикшояд дари бикшодаро
Кори у парвози мурги хонагист.
Эй дили шуридаам, шурида бош!
Боз мо нушем бояд чомхо,
Боз афрузем бояд шомхо.
Бар хазорон кудаки навзодае
Боз бигзорем бояд номхо.
Эй дили шуридаам, шурида бош!
Шурида бош!

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …