Главная / Гуногун / ПАС АЗ МУРОФИА

ПАС АЗ МУРОФИА

Дар кахвахонаи канори рох, ки мизу курсихояш чо-чо дар сояи дарахтони мачнунбед гузошта шудаанд, одам зиёд буд. Дар сахни кахвахона як фаввораи наонкадар баланд ва хавзаш кошинкоришуда сохта буданд, ки дар ин гармои тобистон андаке хаворо салкин нигох медошт.

Марди коматбалади хушлибос аз дарвозаи кахвахона (атрофи онро бо панчара дарубанд карда буданд) ворид шуда, чанд сония ба умеди ёфтани мизи холи кахвахонаро аз назар гузаронд. Пешхизмат, зани фарбехи муйхои малааш чингила, ки то ин дам дар назди пештахтаи чавони оби чавфуруш рост меистод, зуд ба назди мард расида, уро ба назди мизе ки дар сояи мачнунбеди пир гузошта шуда буд, хидоят кард. Аз кафои мард зани хамсоли худаш ва писарбачаи такрибан хафт-хаштсола низ омад. Дар атрофи мизи гирдаи пластики чор курсии хамранги он, яъне сафед, гузошта шуда буд.

Пешхизмат аз кисаи пешдоманаш дафтарча ва калам бароварда, ба мард руй овард

– Чи мефармоед?

– Меню надори?

– Хозир, – гуфт пешхизмат ва аз мизи хамсоя китоби руйхати таомхоро оварда, назди мард гузошту «шумо интихоб кунед, ман хозир меоям» гуён аз назди онхо дур шуд.

– Чи мехурем? – ба занаш руй овард мард.

– Намедонам, – руй турш кард зан, – барои Диловар яхмос фармо.

«Кошу кавоки гирифтаат дар гур, сухони умр, – аз дил гузаронд мард, – хайрият, ки аз ту чудо шудам, вагарна якумр бояд ин афту башараи баднамои туро токат мекардам»

Мард бо ибои даст пешхизматро даъват карда, гуфт:

– Ду яхмос, се порс сихкабоб, як шиша оби маъдан.

Пешхизмат фармудаи уро ба дафтарчааш кайд карда, рафт.

Дар атрофи фаввора, ки хавзаш аз оби мисли шиша соф пур буд, чанд нафар кудакон бози доштанд. Писари марду зан низ ба онхо пайваст.

Мард ва зан харду банди хаёлхои худ хап менишастанд. Ба назар чунин мерасид, ки гуё онхо одамони тамоман аз якдигар бегона имруз тасодуфан сари як миз нишастаанд ва намедонанд аз ин сукунати барои харду хам тазъиковар чи гуна рахои ёбанд. Дар асл онхо хашт сол дар як болин сар монда, нух мох пеш бо

хам занозану рую муйкани карданд ва зан кахр када ба хонаи падараш рафт. Мард тули ин моххо танхо мезист ва имруз онхо бо карори суд аз хам чудо шуданд. Баъд аз мурофаа махз бо хохиши мард ба ин кахвахонаи сари рох, ки чанд кадам дуртар аз бинои суд вокеъ гардидааст, даромаданд то бори охир хамрох  сари як миз нишаста, хуроки пешин хуранду ба кавли зан аз кафои худ хама купрукхоро сузонанд.

Пешхизмат фармудаи мардро овард.

– Диловар, – кудакро, ки хамоно дар гирди фаввора саргарми бози буд, садо кард зан – Биё, яхмос мехурем.

Кудак ба даъвати модар чавоб надод.

– Дастата ба об назан, русиёх! – аз чой хест зан ва назди фаввора рафта, аз дасти писарбача дошта, кашолакунон уро сари миз овард ва дар бари худ шинонда, аз як сих кабобро чудо карда, ба таксимча гирифт ва ба назди писарбача гузошт.

– Ман намехурам, – таксимчаро аз назди худ дур кард писарбача.

– Диловар, – тег кашида нигох кард модар ба у, – инчики накун, ки мезанам.

– Дилам намекашад, намехурам.

– Мехури!

– Нахохад, мачбур накун, – гуфт мард маслихатомезона.

– Хамин кудака ту вайрон карди, – гуфт зан, сихи дар дасташ бударо ба кахр даруни таксимча гузошта. – Фарзандро тарбия карда, ки наметавони, мон дигарон тарбия кунанд. Ба дилам зад хамин одати ба хар кошук нахуд шудани ту! Боз шон муаллими мактаби оли. Садкаи номи муаллими шави!

Харчанд ин арбадаи бечои занаш ба мард сахт расид, вай аз шарми одамон, ки аз мизхои дигар дуздида-дуздида ба онхо менигаристанд, идома додани ин мунозираро ба худ муносиб надонист. Аммо дар умки дилаш тугёне бархоста, хунро ба майнаи сараш мезад.

«Хамааш айби худам, – худро маломат мекард у, – аз рузи аввал, ки хамин хел овоз баланд кард, аз тарси хешу табор наханданд, хамсояхо нашунаванд, дам назадам. Гумон доштам, ки фарзанддор шавем аклаш медарояд. Аммо не, охиста-охиста лачомамро ба даст гирифта, ба гарданам савор шуд. То ба худ омадам, ки аллакай дер шуда буд ва окибаташ оилаам вайрон, бачаам зиндаятим … Эх худо, чаро ин балоро ба сари ман андохти! Оё хамин занро хам ту бандаи ман гуён офариди? Охир аз чунин банда на танхо ту, балки номаш фарзанди инсон баракат намеёбад-ку! Магар шарт буд, ки дар руи ин замини пургуноху пургавго боз як махлуки дигареро дар сурати ин зани бадзабону дилсиёх афзудан»

– Дар чоят карор истода метавони, ё не?! Начунб! – хамоно бо кахру газаб ба тарбияи кудак машгул буд зан.

– Ман бози кардан мехохам, – якрави мекард писарбача.

– Намехури?

– Не.

– Хайр, хез, дафъ шав.

Занак, пас аз ба назди фаввора рафтани писарбача, як бурида кабобро ба дахон андохта, ба мард гуфт:

– Хур, охир, чаро дахонат воз истодаи? Хушат ба кучо рафт?

Мард бо карохат ба у нигарист.

– Ин кадар сихкабобро фармуди… ки мехурад онхоро?

– Ягон кас пайдо мешудагист, – чавоб дод мард, ба зур галаёни дилашро фуру нишонда.

Зан якин аз авзои мард рамуз гирифт, ки хастахолона гуфт:

– Монда шудам.

Харду лахзае хомуш монданд. Хар яке сари он меандешиданд, ки вокеан дар тули ин хашт сол онхо дар гирумони хаёти заношуи бо хам часпу талоши зиёд карда, инак дар нихояти кор аз якдигар дилгиру монда шудаанд.

Дере нагузашта Диловар ба назди падару модараш омад. Аз кафои у писарбачаи жулидауе низ омада, паси мизи шафат нишаст. Вай дар тан либоси факирона дошт, пояш луч буд.

Вакте ки нигохи мард ба он писарбача афтид, худ ба худ гуфт:

– Хамин сихкабобро ба хамон бача додан лозим.

Вай акнун даст ба табак бурдани буд, ки овози зан баланд шуд:

– Мон дар чояш! Хаминаш кам буд…

– Охир, бехуда исреф мешавад. Ё ту мехури?

– Исроф шавад,  шудан гирад… Чи, ту хуроки хар кучагарду безорихоро ба гардан гирифтаи?!

– Шояд гушна бошад.

– Очаашон мисли гурба дар як сол чор маротиба назояду будагиашро тарбия кунад. Кучо нарави, як талбандаву гарданкач тайёр. Безор шудем, э! О тарбия карда натавонад, чаро мезояд! Тавба! Як дахон хуроката бемалол  аз гулуят гузаштан намемонанд. Хайр, дар бораи бозор хочати гап хам нест. Аммо дар хамин чо хам… Ин пешхизмати канчик кадом гур рафт.

Зан бо нигох хеле пешхизматро чуст то омада ин бачаи хираро аз кахвахона берун кунад. Аммо пешхизмат наменамуд.

– Барои чи забони ту ин кадар захрогин? – гуфт мард ба зан.

– Ки? Ман? Ту ин кадар гамхор боши, фарзанди худатро сохиби кун.

-То имруз ман сохиби накарда, ки шумоёнро хуронда мепушонд?

– Падарам. Баъд аз ту чудо шудан зиндагиамон сад бор тинчу осуда шуд. Падарам мемонад, ки азоб кашем? Падарчонам зинда бошад.

– Набошад…

– Дар омади гап гуфтам, – сухани мардро бурид зан. – Аз хафт намуди худат хам безораму чизат хам. Хазорон бор шукр мегуям, ки аз ту чудо шудам. Ин корро бояд барвакт мекардам, хайфи хашт сол умри азизакам, ки бо ту дар зери як бом барабас рафт.

– Бас будагист, – гуфт мард бо овози базур шунаво ва бо кираи чашм сахни кахвахонаро аз назар гузаронида, илова кард, – одамон нигах доранд.

– Ту якумр хамин хел буди, то хол тагйир наёфтаи, – гуфт зан бо хамон оханги пештарааш.

– Чи хел будам?

– Тарсончак. Аз сояи худат метарсиди. Одамон чи мегуянд, хамсояхо нафахманд, хушу табор айб мекунанд, гуён хашт сол чонамро ба лаб оварди. Намонди, ки дар чавониям хавасхои диламро бинам, табъи дилам зиндаги кунам. Сухти хаётама, илохо дар ду дунё хам руз набини! – ногахон инони гиряро сар дод зан ва зор-зор ба гиря даромад. Оби чашмонаш шашкатор руи мисли пахта сафедашро мешуст. Чуссаи мавзунаш аз зарби гиря меларзид.

Мард аз якбора тагйир ёфтани авзои зан каме дасту по хурда, гуфт:

– Ман аз мардум шарм медорам.

– Туф кардам ман ба мардум! – дод зад зан  гиряолуд. – Кори мардум ба ман чи?! Чи хеле ки форам, гап мезанам, чи хеле ки форам либос мепушам… мегардам. Мардум дахони бекор лаккидан мегирад.

– Охистатар.

– Э рав! – ба кахр аз чой хест зан. – Дигар ба ман занг назан! Бачаатро хам дигар намебини. Ман намехохам, ки вай низ мисли ту ношуд ба воя расад. Фахмиди!

Зан сумкачаашро, ки ба пушти курси кашол карда буд, гирифту писарбачаро пеш-пеш андохта, аз кахвахона берун шуд.

Писарбачае, ки то ин дам паси мизи шафат менишаст, низ аз чой хеста, ба рох даромад.

– Эй бача, – садо кард уро мард.

Писарбача истод.

– Ин чо биё.

Омад.

– Бишин, – гуфт мард, табаки сихкабобро тарафи у тела дода. – Бихур.

– Не, – гуфт писарбача. – Ман гушна нестам, амак. Хозир дар бозор шакароб хурда омадам.

– Дар кучо зиндаги мекуни? – пурсид мард.

– Дар ху ана ошёнаи дуюм, – чавоб дод писарбача, бо ишораи даст ба яке аз тирезахои бинои чорошёнаи шафат, ки хамаги панч кадам дуртар аз кахвахона вокеъ гардида буд, ишора карда.

– Падару модар дори?

– Ха. Падарам дар турма.

– Чаро дар ин чо нишастаи?

– Калид надорам. Хозир аз бозор омадам, ки очаам дар хона нест. Намедонам кучо рафтаст.

– Гир, хур, – гуфт мард. – Чаро падаратро хабс карданд?

– Бо дору капиданд, – сар ба зер афканд писарбача. – Дах сол шинонданд. Лекин вай айб надорад, чурахояш уро фурухтанд, айби худашонро ба гардани отаи ман бор карданд.

– Хеч гап не, мебарояд, хур, – такрор кард мард.

– Шикамам сер, – гуфт писарбача.

– Дар синфи чандум мехони? – пурсид мард.

– Сеюм.

– Нагз мехони?

– Ха.

– Чанд бахои се дори?

– Надорам.

– Дуруг.

– Худо занад, амак, ягон бахои се надорам. Танхо аз фанни тарбияи чисмони чор гирифтаму халос.

– Дигар хамааш панч?

– Ха.

– Офарин!

Писарбача торафт ба мард маъкул мешуд. Гуё  онхо солхо боз бо хам шинос буданд.

– Гир, – гуфт мард ва як сих кабобро ба даст гирифту сихи дигарро бо таксимчааш назди писарбача гузошт. – Агар нахури, хафа мешавам.

Онхо бо иштихо сихкабоб хурданд.

– Исто, ки имруз дарс нест? – пурсид мард.

– Хозир таътил-ку, амак, – табассум кард писарбача.

– Ха, рост мегуи, ман фаромуш кардаам, – гуфт мард. – Дар бозор чи кор мекуни?

– Мошин мешум.

Харду лахзае хомуш монданд.

– Амак, бачае ки хозир хамрохи очааш рафт, бачаи шумо буд?

– Ха, чи буд?

– Бачаатон киштичаи маро гирифта, надод.

-Чи хел киштичаро?

-Хамин руз аз бозор харида будам. Хозир хамрохи бачаатон дар назди фонтан бози кардем… баъд киштиамро гирифту надод.

– Ман худам ба ту кишти харида медихам, – гуфт мард сигарета даргиронда. – Гам нахур. Пагох хамин чо биё, ман ба ту киштии калон харида меорам. Агар дигар кабоб нахури, ба хонаатон рав. Модарат омада бошад, туро кофта нагардад. Дарсхоятро тайёр кун.

Писарак итоаткорона аз чой хеста, чанд кадам монду ба кафо нигариста, гуфт:

– Амак, киштии ман майдахак буд, Киштии майдаяк харед.

– Хуб шудааст, – табассум кард мард. Ва баъд бо пешхизмат хисоби карда, аз кахвахона бадар рафт.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

obama

Агар яке аз номзадхо бохтро эътироф накунад, чи мешавад?

ИМА рузи 3 ноябр тасмим мегирад, ки Доналд Трамп дар Кохи Сафед бимонад. Номзад ба …