Главная / Чамъият / ПАРДОХТИ КАРЗИ ВА ФОИЗХОИ ХИСОБКАРДАШУДА

ПАРДОХТИ КАРЗИ ВА ФОИЗХОИ ХИСОБКАРДАШУДА

Пардохт намудани маблаги асосии карз аз суратхисоби дар бонк доштаи шахси карзгир, бо усул ва дар асоси хуччатхои зерин сурат мегирад:

а) аз суратхисобхои шахси карзгир (хисобхои пасандози, хисобхои пасандозии дархостшаванда, хисобхои пасандозии мухлатнок) аз музди мехнати дар асоси супоришномаи хатти ба хисоб гузаронида шуда, агар дар шартномаи карзи чунин хукук пешбини шуда бошад;

б) ба воситаи ташкилоти сохаи алока ё дигар ташкилотхои карзи, ба суратхисоби ташкилоти карзи дар асоси супоришномаи хаттии у;

в) хачми асосии маблаги карз, дар асоси ордери воридоти ба хазинаи бонк кабул карда мешавад.

Хисоб кардани фоизхо аз руи карзхо, танхо аз руи бакияи карзи асоси сурат мегирад. Дар холати пеш аз мухлат пардохт шудани карзи асоси, хисоб кардани фоиз ба мухлати бокимонда ичозат дода намешавад. Инчунин, ситонидани хар гуна чаримахо ва чаримахо барои сари вакт ичро накардани ухдадорихо (пардохти фоизхо, хачми маблагхои карз), танхо аз хисоби бакияи ухдадории ичро нашуда, ичозат дода мешавад.

Хачми маблаги фоизхо аз руи карзхо бо усулхои зерин ситонида мешаванд:

а) аз суратхисобхои шахси карзгир (хисобхои амонати, хисобхои амонатии дархостшаванда, хисобхои амонатхои мухлатнок), дар асоси супоришномаи хатти, аз музди мехнати ба хисоб шахси карзгир гузаронида шуда, агар дар шартномаи карзи чунин хукук пешбини шуда бошад;

б) дар асоси супоришномаи хаттии шахси карзгир, аз суратхисобхои у ба суратхисоби ташкилоти карзи, ба воситаи ташкилоти сохаи алока ё дигар ташкилотхои карзи;

в) дар асоси ордери воридоти ба хазинаи бонк, хачми маблаги фоиз аз руи карз кабул карда мешавад.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …