Моддаи 74-и Кодекси оила. Окибати махдуд кардани хукуки падару модари
- Падару модаре, ки суд хукуки падару модариашонро махдуд кардааст, хукуки шахсан тарбия кардани кудак, инчунин хукуки имтиёзу ёрдампулии давлатии барои шахрвандони кудакдор мукарраргардидаро аз даст медиханд.
- Аз падару модар гирифтани кудак падару модарро аз ухдадории таъминоти у озод намекунад.
- Кудаке, ки нисбати вай хукуки падару модар (яке аз онхо) махдуд карда шудааст, хукуки моликиятии худро ба манзили истикомати, ё хукуки истифодаи манзили истикомати, инчунин хукуки молумулкиеро, ки дар асоси далели хеши бо падару модар ва хешовандони дигар муайян шудаанд, аз чумла хукуки гирифтани меросро нигох медорад.
- Кудаке, ки аз падару модар гирифта шудааст, барои бо таълиму тарбия фаро гирифтан ба макомоти васояту парастори супорида мешавад. (КЧТ аз 26.12.11с., №791)