Главная / Чамъият / Оби нушоки ва таъмини он

Оби нушоки ва таъмини он

КОНУНИ ЧУМХУРИИ точикистон

Дар бораи оби нушоки ва таъмини он  

Конуни мазкур асосхои хукуки ва ташкилии муносибатхоро оид ба оби нушоки ва таъмини он муайян намуда, кафолати давлатии таъмини ахолиро бо оби нушоки мукаррар мекунад.

БОБИ 1. МУКАРРАРОТИ УМУМИ

Моддаи 1. Мафхумхои асоси

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:

– оби нушоки – обе, ки дар холати табии ё баъди коркард (тоза кардан, безарар гардондан, илова намудани моддахои зарури) аз руи сифати худ ба талаботи меъёрии мукарраршуда чавобгу буда, барои нушидан ва конеъ гардонидани эхтиёчоти маишии инсон, инчунин барои истехсоли озука ва маводи тибби истифода мешавад;

– меъёрхои сифати оби нушоки (талаботи меъёри) мачмуи нишондихандахои имконпазири кимиёви, таркиби микробиологи ва хусусиятхои органолептикии оби нушоки (мазза, ранг, буй, харорат), ки тибки усулхои илмию тадкикоти мукаррар ва бо коидахои санитари мураттаб шуда, барои саломатии инсон бехатар ва безарар будани онро кафолат медиханд;

obi-nushoki

– таъмини оби нушоки – фаъолияте, ки бо он талаботи шахсони вокеи ва хукуки ба оби нушоки таъмин мегардад;

– манбаи таъмини оби нушоки – обхои табии (руизамини ва зеризамини), ки баъди коркарди дахлдор ва ё бе коркард барои таъмини оби нушоки истифода мешаванд;

шабакаи мутамаркази таъмини оби нушоки (кубурхои обгузари истифодаи умум) – мачмуи тачхизоту иншоот барои гирифтан, тайёр намудан, нигох доштан ва ба махали истеъмол расонидани оби нушоки, ки барои истифодаи оммавии шахсони вокеи ва (ё) хукуки дастрас мебошад;

– шабакаи гайримутамаркази таъмини оби нушокии истифодаи умум – иншооту тачхизот барои гирифтан ва тайёр кардани (ё худ бе тайёр кардани)  оби нушоки,  бе  расонидани он ба махали истеъмол, ки барои истифодаи оммавии шахсони вокеи ва (ё) хукуки дастрас мебошанд;

– шабакахои мухтори таъмини оби нушоки – тачхизоту иншоот барои гирифтани оби нушоки ва расонидани (ё нарасонидани) он ба чойхои истеъмолшави, ки дар истифодаи фарди карор доранд (бинои алохида, хочагии фермери, бустонсарой ё объекти алохидаи дигар);

– шабакаи таъмини оби нушоки дар воситахои наклиёт – тачхизоту дастгоххое, ки дар воситахои наклиёт барои бо оби нушоки таъмин намудани мусофирон, хайати идоракунандаи наклиёт ва хизматрасон дар самти харакати воситахои наклиёти мусофиркаш ё таъиноти дигар чойгир карда шудаанд;

– шабакаи таъмини оби нушоки – хама намуди шабакахо (мутамарказ, гайримутамарказ, мухтор ва шабакахои таъмини оби нушоки дар воситахои наклиёт) хангоми мавчуд будани меъёрхои умуми;

– эътимоднокии шабакаи таъмини оби нушоки – хусусияти шабакахо, ки низоми муайяни (мунтазам, аз руи накша, соатбайъи) интиколи оби нушокиро ба истеъмолкунандагон мутобики меъёрхои мукарраргардидаи таъмини оби нушоки ва талаботи меъёри нисбат ба сифати оби нушоки таъмин менамояд;

– минтакахои хифзи санитарии манбаъхои таъмини оби нушоки ва шабакахои он – худудхо ва акваторияхое, ки дар онхо низоми махсуси хочагидори ва дигар фаъолият барои пешгирии бад шудани сифати об ва хифзи он мукаррар карда мешаванд;

– меъёрхои истеъмоли оби нушоки – микдори оби нушоки, ки барои конеъ гардонидани эхтиёчоти физиологи ва маишии як одам дар давоми як шабонаруз дар махалли мушаххас, объекти алохида ё воситаи наклиёт хангоми муътадил кор кардани шабакахои таъмини оби нушоки, халалдор шудани кори муътадили онхо ва дар холатхои фавкулодда зарур мебошад;

– ташкилотхои таъмини оби нушоки – шахсони хукукие, ки шабакаи мутамарказ ё гайримутамаркази таъмини оби нушокиро идора менамоянд;

– истеъмолкунандагони оби нушоки – шахсони вокеи ва хукукие,  ки оби нушокиро барои эхтиёчоти худ истифода мебаранд.

 

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи оби нушоки ва таъмини он

 

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи оби нушоки ва таъмини он ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Вазифахои Конуни мазкур

 

Вазифахои Конуни мазкур аз инхо иборатанд:

– мукаррар намудани кафолатхои хукуки ва конеъ гардонидани талаботи шахсони вокеи ва хукуки бо оби нушоки;

– мукаррар намудани асосхои хочагию иктисодии таъмини оби нушоки;

– мукаррар намудани кафолатхои давлатии эътимоднокии таъмини оби нушоки, инчунин асосхои ба чавобгари кашидан барои хукуквайронкуни оид ба таъмини оби нушоки.

Моддаи 4. Принсипхои асосии таъмини оби нушоки

 

Принсипхои асосии таъмини оби нушоки аз инхо иборат мебошанд:

– кафолатхои давлати дар навбати аввал бо оби нушоки таъмин намудани шахсони вокеи ва хукуки бо максади конеъ гардонидани талабот ва хифзи саломати;

– назорати давлати ва танзими давлатии масъалахои таъмини оби нушоки;

– хисоботдихии шахсони вокеи ва хукукии масъули таъмини оби нушоки ба макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, ки фаъолияти оид ба истифода ва хифзи обро назорат мекунанд, инчунин ба макомоти холатхои фавкулодда ва мудофиаи граждани дар доираи салохияти онхо;

– таъмини бехатари, боэътимоди ва идорашавандагии шабакахои таъмини оби нушоки бо назардошти хусусиятхои технологии онхо ва интихоби манбаи об мутобики стандарту меъёрхои ягонае, ки дар каламрави Чумхурии Точикистон амал мекунанд;

– бахисобгири дар таъмини оби нушоки;

– музднок будани таъмини оби нушоки;

– дастгирии давлатии рушди шабакахои таъмини оби нушоки, истехсолу таъмини онхо бо дастгоху маводхои зарури, аз чумла воситахои кимиёви барои тоза ва безарар гардонидани оби нушоки.

 

Моддаи 5. Салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон оид ба таъмини оби нушоки

 

Ба салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон оид ба таъмини оби нушоки дохил мешавад:

– муайян ва татбик намудани сиёсати ягонаи давлати;

– кабули барномахои давлатии рушди шабакахои таъмини оби нушоки дар Чумхурии Точикистон;

– кабули санадхои меъёрии хукуки доир ба масъалахои таъмини оби нушоки;

– муайян кардани тартиби бахисобгири ва хисоботдихи;

– муайян намудани тартиби назорати давлати;

– чудо кардани маблаг аз бучет ва дигар манбаъхо барои баркарор намудани шабакахои таъмини оби нушоки дар махалхое, ки бар асари холатхои фавкулодда зарар дидаанд;

– муайян намудани макомоти ваколатдори давлати оид ба таъмини оби нушоки;

– хамкории байналмилали оид ба масъалахои таъмини оби нушоки.

 

Моддаи 6. Салохияти макомоти ваколатдори давлати оид ба таъмини оби нушоки

 

Ба салохияти макомоти ваколатдори давлати оид ба таъмини оби нушоки дохил мешавад:

– тахия ва ташкили татбики самтхои асосии сиёсати давлати;

– амалигардонии сиёсати ягонаи давлатии илмию техники чихати таъмин кардани истеъмолкунандагон бо оби нушоки мувофики меъёрхои сифати истеъмоли об;

– хамохангсозии тадкикотхои илми доир ба таъмини оби нушоки, истехсоли мавод барои тоза ва безараргардонии оби нушоки ва таъмини маблаггузории онхо;

– ташкили меъёргузори ва бахисобгирии истеъмоли об;

– тасдик кардани барномахои максадноки минтакави ва накшахои чорабинихо барои ташкил, нигохдори ва рушди шабакахои обрасони;

– муайян намудани чорахои хифзи манбаъ ва шабакахои таъмини оби нушоки;

– ташкили санчишхои аудити технологию экологии шабакахои таъмини оби нушоки;

– ташкили таълим, бозомузии кормандон ва такмили ихтисоси онхо;

– муайян намудани тартиби сертификатсияи меъёрхои сифати оби нушоки;

– бо тартиби мукарраршуда ба Хукумати Чумхурии Точикистон пешниход кардани лоихахои санадхои меъёрии хукуки;

– тахия ва тасдики таърифхои хизмати обрасони, меъёр ва коидахои истифодабарии шабакахои таъмини оби нушоки дар мувофика бо макомоти дахлдор.

 

Моддаи 7. Салохияти макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати оид ба таъмини оби нушоки

 

Ба салохияти макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатиоид ба таъмини оби нушоки дохил мешавад:

– тасдики барномахои махаллии максаднок ва накшаи чорабинихо чихати ташкил, нигохдори ва рушди шабакахои таъмини оби нушоки;

– андешидани чорахо оид ба бехтар намудани сифати оби нушоки ва истифодаи окилонаи он, хифзи захирахо ва манбаъхои таъмини оби нушоки аз ифлосшави, олудашави ва камобшави;

– анчоми корхои ташкили чихати таъмини шахсони вокеи ва хукуки бо оби нушоки мувофики меъёрхои истеъмоли об.

 

Моддаи 8. Шаклхои моликият ба шабакахои таъмини оби нушоки

 

  1. Шабакахои таъмини оби нушоки метавонанд моликияти давлати (чумхурияви ва коммунали) ё шахсони вокеи ва хукуки бошанд.
  2. Ба дигар шахс гузаштани хукуки моликият ё тагйирдихии шакли моликияти шабакахои мутамарказ ё гайримутамаркази таъмини оби нушоки ба шарте рох дода мешаванд, ки чунин гузариш ё тагйирот кори шабакахоро халалдор накунад.
  3. Фехристи шабакахои хаётан мухими таъмини оби нушоки аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

 

Моддаи 9. Шабакахои мутамаркази таъмини оби нушоки

 

  1. Шабакахои мутамаркази таъмини оби нушоки асоси муттасил таъмин намудани истеъмолкунандагон бо оби нушоки буда, объектхои хаётан мухим дониста мешаванд.
  2. Эхтиёчоти ба тачхизот, мавод, реагентхо доштаи ташкилотхое, ки шабакахои мутамаркази таъмини оби нушокии шахрхо ва дигар махалхои ахолинишинро истифода мебаранд, ба номгуи махсулоти зарурати эхтиёчоти давлати дохил карда мешаванд.
  3. Талаботи интихоби манбаи таъмини оби нушокии шабакахои мутамарказ мутобики санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон оид ба таъмини оби нушоки мукаррар карда мешаванд.
  4. Шабакахои мутамаркази таъмини оби нушокиро макомоти ваколатдори давлати идора мекунанд.
  5. Молики шабакахои мутамаркази таъмини оби нушоки метавонад идоракунии шабакахоро мустакилона амали гардонад ё дар асоси шартнома онхоро барои истифодаи хочагидори ва ё барои идоракунии оперативи ба ихтиёри шахсони хукуки дихад.

 

Моддаи 10. Шабакахои гайримутамарказ ва мухтори таъмини оби нушоки

 

  1. Шабакахои гайримутамарказ ва мухтори таъмини оби нушоки барои бо оби нушоки таъмин намудани истеъмолкунандагон хангоми набудани шабакахои мутамаркази обтаъминкуни ташкил карда мешаванд.
  2. Талабот доир ба интихоби манбаъхои таъмини об дар шабакахои гайримутамарказ ва мухтори обтаъминкуни мутобики санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон оид ба таъмини оби нушоки мукаррар карда мешаванд.
  3. Моликони шабакахои гайримутамаркази таъмини оби нушоки ва истеъмолкунандагони оби нушоки объектхои обро ба сифати манбаъхои таъмини оби нушоки аз руи тартибе, ки конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар намудааст, истифода мебаранд.
  4. Шабакахои гайримутамаркази таъмини оби нушокиро моликони хамин шабакахо метавонанд бевосита идора кунанд, ё хукуки идоракуниро ба дигар шахсони вокеи ва хукуки диханд.

 

Моддаи 11. Шабакахои таъмини оби нушоки дар воситахои наклиёт

 

Шабакахои таъмини оби нушоки дар воситахои наклиёт чузъи таркибии ин воситахо мебошанд. Фаъолияти муътадили шабакахои таъмини оби нушоки дар воситахои наклиёт ва назорати мувофикати сифати оби нушокиро ба талаботи меъёри дар ин шабакахо моликони воситахои наклиёт таъмин менамоянд.

 

Моддаи 12. Танзими давлатии таъмини оби нушоки

 

  1. Рушди обтаъминкуни тавассути татбики барномахои давлати ва минтакавии бо оби нушоки таъмин намудани ахоли ба рох монда мешавад. Таъминот бо оби нушоки бояд хатман ба накшаи минтакавии тараккиёти ичтимоию иктисодии вохидхои маъмурию худуди дохил карда шавад.
  2. Лоихакаши, сохтмон ва азнавсозии шабакахои мутамарказ ва гайримутамаркази таъмини оби нушоки мутобики нишондихандахои ба хисоб гирифташудаи накшахои генералии рушди худудхо, меъёру коидахои меъмори, стандартхои давлати, меъёру коидахои санитари, талаботи экологи, ки бо макомоти салохиятдор мувофика шудааст, амали мегарданд. Хангоми ба накша гирифтани лоихахо ва сохтмони шабакахои мутамарказ ва гайримутамарказ талаботи таъмини эътимодияти ин шабакахо дар холати ба онхо таъсир расонидани омилхои табии ва техногени ба назар гирифта мешавад.
  3. Фаъолияти шахсоне, ки истеъмолкунандагони оби нушокиро аз шабакахои мутамарказ ва гайримутамаркази обрасони таъмин менамоянд, мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон танзим карда мешавад.

 

Моддаи 13. Маблаггузории таъмини оби нушоки

 

Манбаъхои маблаггузории таъмини оби нушоки инхо мебошанд:

– маблагхои бучети барои андешидани чорахои пешбининамудаи барномахои давлатии рушд ва бехтар намудани кори шабакахои таъмини оби нушоки;

– маблагхои истеъмолкунандагон ва истифодабарандагони оби нушоки;

– дигар манбаъхое, ки конунгузории Чумхурии Точикистон манъ накардааст.

 

Моддаи 14. Дастгириии давлатии таъмини оби нушоки

 

Имтиёзхои андозбанди, кредити ва намудхои дигари имтиёзхо барои ташкилотхои бахши таъмини оби нушоки, новобаста ба шакли моликият, инчунин барои истехсолкунандагони тачхизот ва маводхои таъминкунандаи фаъолияти шабакахо ва сармоягузорон тибки конунгузории Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

 

БОБИ 2. КАФОЛАТХОИ ТАЪМИНИ ОБИ НуШОКИ

 

Моддаи 15. Кафолатхои давлатии таъмин кардани ахоли бо оби нушоки

 

  1. Давлат таъмини хар як шахсро бо оби нушокии ба меъёрхои мукарраршудаи сифат ва микдор чавобгу кафолат медихад.
  2. Эхтиёчоти ахоли ба оби нушоки дар махалли зист бо тадбиру чорахои рушди афзалиятноки шабакахои мутамарказ ё гайримутамаркази таъмини оби нушоки, инчунин ба дастгирии давлатии обтаъминкуни конеъ гардонида мешавад.
  3. Кафолати хукуки шахрвандон ба оби нушоки дар чойхои чамъияти дар вокзалхо, фурудгоххо, богхои фарогати, муассисахои варзиши ва табобати, чойхои оббозикуни (пляжхо) ва дигар), инчунин хангоми харакат дар воситахои наклиёт аз тарафи моликони ин объектхо таъмин карда мешавад.
  4. Дар холати халал ёфтани кори шабакахои мутамарказ ва гайримутамаркази обтаъминкуни, ки боиси халалдор шудани меъёрхои мукарраргардидаи таъмини истеъмолкунандагон бо оби нушоки ва (ё) номувофикатии сифати об ба талаботи мукарраршудаи меъёри мегардад, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, моликони шабакахо ва ташкилотхои обтаъминкуни дар доираи салохияти худ вазифадоранд, ки барои таъмини истеъмолкунандагон бо оби нушоки ба микдори мукаррарнамудаи меъёрхои обтаъминкуни чорахо андешида, аз манбаъхо ва шабакахои эхтиётии таъмини оби нушоки, воситахои техникии маиши ва дастачамъии тозаю безараргардони барои истифодаи умум оби нушокиро дар зарфхо расонанд.
  5. Номгуи чорабинихое, ки дар холатхои халалдоршавии кори шабакахои мутамарказ ва гайримутамаркази таъмини оби нушоки андешида мешаванд, дар накшаи корхои таъчилии таъмин намудани истеъмолкунандагони ин ё он махал бо оби нушоки муайян мегарданд.

 

Моддаи 16. Таъмини сифати оби нушоки

 

Сифати оби нушоки, ки ба истеъмолкунандагон пешниход мешавад, бояд ба талаботи меъёрхо мутобик буда, он бо чорахои зерин таъмин карда шавад:

– интихоби манбаи таъмини оби нушоки ва технологияи мувофики тоза кардани об;

– назорати мунтазами сифати об дар шабакахои таъмини оби нушоки;

– дар шабакахои таъмини оби нушоки истифода намудани тачхизот, мавод, реагентхое, ки безарар будани онхоро сертификати дахлдор тасдик мекунад;

– мукаррар намудан ва хар 5 сол аз нав барраси кардани талаботи меъёри нисбат ба оби нушоки ва манбаъхои обтаъминкуни мутобики дастовардхои илмии муосир;

– хифзи манбаъхо ва шабакахои таъмини оби нушокии мутамарказ ва гайримутамарказ (мукаррар кардани минтакахои хифзи санитари ва дигар чорахои мухофизати оби нушоки аз ифлосшави бинобар амалхои тасодуфи ё касдона);

– тахияи барномахои намунавии истифода ва назорати сифати оби нушокии шабакахои обтаъминкунии мутамарказ ва гайримутамарказ бо назардошти шароити махал;

– мукаррар намудани чорахои катъии назорати давра ба давраи сифати оби нушоки аз чониби макомоти назорати давлатии санитарию эпидемиологи хангоми тахдиди хатар ба саломатии одамон бо сабаби бад гаштани сифати оби нушоки.

 

Моддаи 17. Назорат ва бахисобгирии давлати дар бахши таъмини оби нушоки

 

  1. Назорати давлатиро дар бахши таъмини оби нушоки макомоти назорати давлатии санитарию эпидемиологи якчоя бо макомоти ваколатдори давлати оид ба хифзи мухити зист ва макоми ваколатдори давлати оид ба истифода ва хифзи захирахои об таъмин мекунанд.
  2. Бахисобгирии манбаъхои обтаъминкуниро макомоти ваколатдори давлати оид ба истифода ва хифзи захирахои об бо иштироки макомоти обухавошиноси (обхои руизамини), макоми геология (обхои зеризамини) ва макомоти назорати давлатии санитарию эпидемиологи анчом медиханд.
  3. Макомоти назорати давлатии санитарию эпидемиологи сифати оби нушоки истеъмолшавандаро муайян месозад ва мувофикати онро ба меъёрхои мукарраргардида назорат мекунад.
  4. Микдори оби истифодашавандаи шабакахои мутамаркази таъмини оби нушоки аз тарафи моликони ин шабакахо ба хисоб гирифта мешавад.
  5. Назорати риояи талаботи стандартхои давлати оид ба оби нушоки, инчунин тарзу усулхои назоратро, ки дар таъмини оби нушоки ба ахоли истифода мешаванд, макомоти ваколатдор оид ба стандартони амали мегардонанд.
  6. Назорати давлатии риояи меъёру коидахои сохтмон хангоми лоихакаши ва сохтмони объектхои таъмини оби нушокиро макомоти ваколатдори давлати оид ба сохтмон ва меъмори амали мекунад.
  7. Назорати давлати ва бахисобгирии таъмини оби нушоки тибки тартиби мукарарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон амали карда мешавад.

 

Моддаи 18. Хифзи манбаъхо ва шабакахои таъмини оби нушоки

 

  1. Хифзи манбаъхои таъмини оби нушоки аз ифлосшави, камобу хушкшави ва хифзи шабакахои обтаъминкуни аз осебу вайроншави шарти хатмии таъмини бехатарию безарарии оби нушоки буда, он дар натичаи ичрои талаботи санитарию экологи ва тадбирхои пешгирии ифлосшави, хушку камобшавии объектхои об, инчунин мукаррар намудани минтакахои хифзи санитарии манбаъхо ва шабакахои обтаъминкуни (гайр аз шабакахои таъмини оби нушоки дар воситахои наклиёт) ва риоя намудани низоми барои ин минтакахо пешбинишуда амали мегардад.
  2. Минтакахои хифзи санитари барои тамоми манбаъхо, инчунин барои шабакахои мутамарказ ва гайримутамаркази таъмини оби нушоки новобаста ба шаклхои моликият бо максади пешгири намудани ифлосшавии тасодуфи ва баркасдонаи об мукаррар карда мешаванд.
  3. Дар худудхои якум ва дуюми минтакахои хифзи санитарии манбаъхои таъмини оби нушоки партофтани пасобхо манъ мебошад.
  4. Дар худуди сеюми минтакахои хифзи санитари партофтани пасобхои шахрхо, корхонахои саноатию кишоварзи, ки дар таркибашон моддахои ифлоскунанда ва унсурхои биологии аз меъёрхои дар хуччатхои ичозатдиханда мукарраршуда зиёд доранд, катъиян манъ аст.
  5. Ташкили минтакахои хифзи санитари, тартиби лоихакаши, истифода ва мукаррар намудани андозахо ва меъёрхои ба онхо мутобики хифзи об, муайян намудани мачмуъи тадбирхои хифзи санитари, аз чумла номгуи намудхои фаъолияти манъ ва махдудшаванда мутобики талаботи коидаву меъёрхои санитари анчом дода мешавад.
  6. Ичрои мачмуи чорабинихои хифзи санитари ва экологи ба зиммаи инхо вогузор карда мешавад:

– ташкилотхои обтаъминкуни;

– макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати;

– шахсоне, ки дар худуди ин объектхо фаъолияти хочагидориро анчом медиханд.

  1. Назорати ичрои мачмуи чорабинихо ва риояи талаботи минтакахои хифзи санитари ба зиммаи макомоти назорати давлатии санитарию эпидемиологи ва макомоти ваколатдори давлати оид ба хифзи мухити зист вогузор карда мешавад.
  2. Макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатиметавонанд барои пешгири намудани касдан ифлос намудан ва осеб расонидан ба манбаю шабакахои обтаъминкуни чорахои иловаги андешанд.

 

Моддаи 19. Сертификатсиякунони дар бахши таъмини оби нушоки

 

Дар бахши таъмини оби нушоки инхо сертификатсия мешаванд:

– оби нушокии шабакахои обтаъминкуни;

– оби нушокии ба зарфхо рехтае, ки барои истеъмолкунандагон фурухта мешаванд;

– чараёнхои технологи, тачхизот, воситахо, мавод ва моддахои кимиёви барои тоза ва безараргардонии об.

 

Моддаи 20. Кафолати бо оби нушоки таъмин намудан дар холатхои фавкулодда

 

  1. Ахоли дар холатхои фавкулодда (садамаю фалокатхо, офати табии, ки дар натичаи он манбаъхои таъмини оби нушоки ифлос мешаванд, шабакахои тозакуни, безараргардони ва таъмини оби нушоки осеб мебинанд ва ахолии ин махал бештар аз як шабонаруз бе об мемонад) аз тарафи макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, макомоти холатхои фавкулодда ва мудофиаи граждани, инчунин макомоти худидоракунии шахрак ва дехот бо оби нушоки таъмин карда мешавад.
  2. Холатхои фавкулоддаро дар бахши таъмини оби нушоки макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати якчоя бо макомоти холатхои фавкулодда ва мудофиаи граждани ва ташкилотхои обтаъминкуни пешгуи намуда, барои аз руи меъёр бо оби нушоки таъмин намудани истеъмолкунандагон ва бартараф намудани окибатхои холатхои фавкулодда чорахо меандешанд.

 

Моддаи 21. Хукук ва ухдадорихои моликони шабакахои таъмини оби нушоки ва ташкилотхои обтаъминкуни

 

  1. Моликони шабакахои таъмини оби нушоки ва ташкилотхои обтаъминкуни хукук доранд:

– мутобики шартномаи дучониба аз истеъмолкунандагони оби нушоки барои оби вокеан додашуда маблаг талаб намоянд;

– оид ба баргардонидани товони зарар аз шахсони вокеи, ки дар натичаи ифлосшави ва (ё) камобшавии манбаъхои об, инчунин вайрон намудани шабакахои таъмини об расонида шудааст, мутобики конунгузори даъво пешниход намоянд.

  1. Ташкилотхои таъминкунандаи об ва моликони шабакахои таъмини оби нушоки, ки онро бевосита истифода мебаранд, ухдадоранд:

– шартхои технологиро, ки ба талаботи меъёрхои оби нушоки чавобгу мебошанд, риоя намоянд;

– меъёри муттасил додани оби нушокиро дар навбати аввал барои конеъ гардонидани эхтиёчоти шахсони вокеи ва корхонахои саноати хуроквори ва муассисахои тибби таъмин кунанд;

– тачхизот, мавод ва моддахои кимиёвии барои истифода дар  фаъолияти обтаъминкуни ичозат додашуда ва дорои сертификати мутобикат ба талаботи мукарраргардидаро истифода баранд;

– оби нушокии истифодашударо ба хисоб гиранд;

– ба истифодаи оби нушоки барои эхтиёчоти истехсолии корхонахое, ки чараёни технологиашон истифодаи оби нушокиро талаб намекунанд, рох надиханд, ба шарте, ки бо оби нушоки таъмин намудани ахолиро бевосита халалдор намояд;

– назорати сифати оби нушокиро мутобик ва дар асоси усулхои санчидашудаи лаборатори ё стандартишуда ташкил намоянд ва истеъмолкунандагонро аз паст шудани сифати оби нушоки саривакт огох кунанд;

– макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, макомоти ваколатдори давлати оид ба хифзи мухити зист ва макомоти назорати давлатии санитарию эпидемиологиро аз сар задани фалокат ва дигар холатхои фавкулоддае, ки ба вазъи манбаъхо ва шабакахои обтаъминкуни таъсир мерасонанд, инчунин хангоми ба талаботи коидаву меъёрхои санитари мувофикат накардани сифати оби нушоки, саривакт огох намоянд;

– намояндагони макомоти назорати давлатии санитарию эпидемиологи, макомоти ваколатдори давлати оид ба истифода ва хифзи захирахои об ва хифзи мухити зистро барои санчиши объектхо ва иншооти обтаъминкуни бемамониат рох диханд;

– меъёрхои хочагидори ва дигар фаъолияти барои минтакахои хифзи санитарии манбаъхои об ва шабакахои таъмини оби нушоки мукарраргардидаро риоя намоянд;

– ба вайрон намудани хукукхои дигар истифодабарандагони об ва расонидани зиён ба мухити зист рох надиханд;

– барои таъмири чори ва асосии шабакахои таъмини оби нушоки маблаг чудо кунанд;

– манбаъхои таъмини оби нушокиро аз ифлосшави, хушку камобшави ва шабакахои обрасониро аз вайроншави мухофизат намоянд.

  1. Моликони шабакахои таъмини оби нушоки, ки хукуки идора кардани ин шабакахоро ба ташкилотхои обтаъминкуни вогузор намудаанд, мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон барои ин шабакахо чавобгар мебошанд.

 

Моддаи 22. Хукук ва ухдадорихои истеъмолкунандагони оби нушоки

 

  1. Истеъмолкунандагони оби нушоки хукук доранд:

– мутобики меъёрхои сифат ва истеъмоли оби нушоки аз шабакахои мутамарказ ва гайримутамарказ бо оби нушоки таъмин бошанд;

– назорати сифати оби нушокиро, ки аз шабакахои мутамарказ ва гайримутамарказ расонида мешавад, талаб намоянд;

– тибки тартиби пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи сифати оби нушоки ва эхтимолияти таваккуф дар обтаъминкуни саривакт ва маълумоти пурра гиранд;

– бо тартиби мукарраргардида барои гузаронидани экспертизаи санитарию эпидемиологи ва чамъиятии экологи ташаббускор бошанд ва натичаи онро ба макомоти дахлдори давлати пешниход намоянд;

– подоши зарар, ки дар натичаи таъмини оби нушокии ба талаботи меъёрхо номувофик ба онхо расидааст, талаб намоянд.

  1. Шахсони вокеи хукук доранд, ки дар навбати аввал аз шабакахои мутамарказ ва гайримутамарказ мувофик бо меъёрхои сифат ва истеъмоли бо оби нушоки таъмин карда шаванд.
  2. Истеъмолкунандагони оби нушоки ухдадоранд:

– меъёру коидахои санитари ва дигар коидахоро доир ба таъмини оби нушоки риоя намоянд, инчунин талаботи бо Конуни мазкур мукарраршударо ичро кунанд;

– ба ифлосшави ва камобшавии манбаъхои таъмини оби нушоки, инчунин осеб дидани шабакахои он рох надиханд;

– оби нушокиро дар рузгор ва истехсолот самаранок ва окилона истифода баранд;

– хакки хизмати обрасониро тибки тарифхои мукарраргардида саривакт пардохт намоянд;

– ба макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, назорати давлатии санитарию эпидемиологи, хифзи мухити зист ва ташкилотхои обтаъминкуни аз нияту амалхои шахсони вокеи ва хукуки, ки метавонанд манбаъхои обтаъминкуниро ифлос намоянд, саривакт хабар диханд;

– ба ташкилотхои обтаъминкуни дар бораи холати гайриканоатбахши шабакахои зикршуда хабар диханд.

 

Моддаи 23. Иттилоот оид ба масъалахои таъмини оби нушоки

 

  1. Иттилоот дар бораи сифати оби нушоки ба дархосткунанда ройгон мебошад. Оид ба сифати оби нушоки ба истеъмолкунандагон тавассути воситахои ахбори омма иттилоъ дода мешавад.
  2. Дар сурати номувофикатии сифати оби нушоки ба талаботи меъёрхо, ки метавонад ба саломатии одамон тахдид намояд, моликони шабакахои таъмини оби нушоки, ташкилотхои обтаъминкуни ва макомоте, ки мувофикати сифати оби нушокиро ба талаботи меъёри назорат мекунанд, вазифадоранд истеъмолкунандагони оби нушокиро дар бораи мухлати бархам додани ин номувофикати, инчунин чорахои эхтиёти (чорахои иловагии коркарди об) ё худ аз махалу вакти додани оби нушокие, ки ба талаботи меъёрхо чавобгу мебошад, бетаъхир хабардор намоянд.
  3. Иттилоъ оид ба таваккуфхои эхтимоли хангоми таъмини оби нушоки аз чониби ташкилот ва макомоти таъминкунандаи оби нушоки ба истеъмолкунандагон бо таври хатми, пешаки, тавассути воситахои ахбори омма ё дигар воситахо расонида мешавад.
  4. Ташкил ва назорати таъмин намудани истеъмолкунандагон бо иттилооти саривакти оид ба сифати оби нушоки ва номураттаб додани он ба зиммаи макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатигузошта мешавад.

 

БОБИ 3. МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

 

Моддаи 24. Чавобгари барои риоя накардани Конуни мазкур

 

Шахсони вокеи ва хукуки барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

 

Моддаи 25. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

 

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

 

Президенти

Чумхурии Точикистон                                                                                     Эмомали Рахмон

 

ш. Душанбе

29 декабри соли 2010

№670

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …