Главная / Гуногун / Неъмати бекарон

Неъмати бекарон

Порсозодаеро неъмати бекарон аз таракаи аммон ба даст афтод. Фиску фучур огоз кард ва мубаззири пеша гирифт. Филчумла, намонд аз соири маоси мункаре, ки накард ва мускире, ки нахурд.
Боре ба насихаташ гуфтам:
– Эй фарзанд, дахл оби равон асту айш осиёи гардон, яъне харчи фаровон кардан мусаллам касеро бошад, ки дахли муайян дорад.

xonaiЧу дахлат нест, харч охистатар кун,
Ки мегуянд маллохон суруде:
«Агар борон ба кухистон наборад,
Ба соле Дачла гардад хушкруде».

Аклу адаб пеш гиру лавху лаб бигзор, ки чун неъмат сипари шавад, сахти барию пушаймони хури!
Писар аз лаззатит ною нуш ин сухан дар гуш наёвард ва ба кавли ман эътироз карду гуфт:
– Рохати очил ба ташвиши мехнати очил мунаггас кардан хилофи раъи хирадмандон аст.

Худовандони кому некбахти
Чаро сахти хуранд аз бими сахти?
Бирав, шодди кун, эй ёри дилафруз,
Гами фардо нашояд хурд имруз.

Факайфа маро, ки дар садри мурувват нишастаам ва акди футувват баста ва зикри инъом дар афвохи авом афтода.

Хар ки алам шуд ба сахову карам,
Банд нашояд, ки нихад бар дарам.
Номи накуи чу бурун шуд ба куй,
Дар натавони, ки бубанди ба руй.

Дидам, ки насихат намепазирад ва дами гарми ман дар охани сарди у асаре намекунад, тарки муносихат гирифтам ва руй аз мусохибат бигардонидам ва кавли хукаморо кор бастам, ки гуфтаанд:

«Гарчи дони, ки нашнаванд, бигуй,
Хар чи дони, зи некхохию панд.
Зур бошад, ки хирасар бини,
Боду пой уфтода андар банд.
Даст бар даст мезанад, ки дарег
Нашунидаам хадиси донишманд».

То пас аз муддате он чи андешаи ман буд, аз накбати холаш ба сурат бидидам, ки пора-пора ба хам бармедухт ва лукма-лукма хаме андухт. Дилам аз заъфи холаш ба хам баромад ва мурувват надидам дар чунон холе реши дарунаш ба маломат харошидану намак пошидан.
Пас бо дили худ гуфтам:

«Харифи сифла дар поёнии масти
Наяндешад зи рузи тангдасти.
Дарахт андар бахорон бар фишонад,
Зимистон, лочарам, бебарг монад».

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …